БОХТАР СОҲИБИ АВТОБУСҲОИ НАВ ШУД

Аз гузашти солҳои Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти комили сиёсӣ зиёда аз 30 сол гузашту билохира ш.Бохтар соҳиби нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ мешавад. Муборакатон бошад бохтариҳо!

Чуноне воқифем баъди ҳодисаҳои солҳои 90-ум муасисаҳои давлатии мусофиркашонӣ пурра аз байн рафта, бинову майдонҳои онҳо хусусӣ гаштанд. Имрӯз вақте мушоҳида мекунем дар шаҳри пуродам аз одам дида, воситаҳои нақлиёти сабукраву микроавтобусҳои ба истилоҳ “Мерседес” зиёд асту ҳар кадом барои зудтар анҷом додани кор, ба хона, ҷойи кор расидан аз онҳо фаровон истифода менамоем.

Аз 39 автобус 15 адад омад…

05.08.2023. Аз 39 автобуси ба нақша гирифташуда, дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти мусофиркашони Хатлон”, 15 донааш ба маркази маъмурии вилояти Хатлон расид. Ва давоми чанд рӯзи дигар 24 автобуси дигар ворид хоҳад шуд. Аз ин 19 ададаш дар хатсайрҳои дохилӣ ва 20 адади дигар дар сайрхатҳои байнишаҳрӣ хидмат хоҳанд кард. Дар ниҳоят шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2023 дар кӯчаҳои ш.Бохтар автобусҳо мусофиронро ба ин ё он гӯшаи шаҳр мерасонанд.

Файзулло Баротзода, раиси ш.Бохтар ин рӯзро барои шаҳр ва сокинону меҳмонони он рӯзи таърихӣ номид. Зеро дар ҳақиқат ҳам автобусҳои деринтизор ҳамакнун ба роҳ мебароянд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шарикони рушд амалӣ мешавад. Раиси шаҳр дар нишасти матбуотии соли пор иброз дошта буд, ки пардохти роҳкирои автобусҳо ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Бо ин мақсад аллакай 40 ҳазор корт дастрас шудааст.

Исроил Шарифзода, сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иброз дошт, ки ҳамаи ин нақлиёт истеҳсоли ватанианд.

 Танзими истгоҳҳо ва 10 рӯзи аввали ройгон

Феълан дар шаҳри Бохтар мавзӯи тамбашавии нақлиёт яке аз мавзӯъҳои №1 боқӣ мемонад. Чунки аз сабаби тангии роҳ ва ҷойи номуносиб барои сохтани истгоҳҳо ҳам сокинон шикоят доранду ҳам ронандагон.

Тавре Исроил Шарифзода иброз дошт, «роҳҳо албатта ба талабот ҷавобгӯй нестанд!». Аммо вақте ба талабот ҷавобгӯй нест, пас автобусҳои нав роҳҳоро банд ва тангтар намесозанд? Биноҳои фарсудаи сари роҳ ва дӯкону мағозаҳое, ки боиси тангшавии роҳҳо мегарданд, аз байн бардошта мешаванд ё на?

Вақти он аст, ки Идораи роҳсозӣ ва меъмори шаҳр аз уҳдаи 4 истгоҳи дурусту беғалат, ки самти ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, алалхусус автобусҳои нав воридшударо ба танзим дароранд, барояд. Агар на пас чаро курсиро банд намудаанду ҷояшонро ба нафари дигари кордон намедиҳанд?

Хабари хуше, ки сокинони ш.Бохтар бояд донанд, ин аст, ки тибқи ваъдаи раиси шаҳр, дар 10 рӯзи аввали ҳаракат, автобусҳо ба сокинон ройгон хизмат хоҳанд расонид. Мебинем. Мо Метавонем!

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube