Ҳафтаи гузашта ба минтақаи Кӯлоб сафар карда, мо ба ҷои гузаштан аз нақб тавассути роҳи қаблии ағбаи Чормағзак масирро убур намудем. Бояд гуфт, ки нақби «Хатлон» бо сабаби анҷом додани корҳои тармиму азнавсозӣ то 17.08.2023 барои равуои воситаҳои нақлиёт баста шуда, ронандагон ба воситаи роҳи кӯҳна рафтуомад мекарданд.
Ҳангоми ҳаракат аз роҳи пешина, ки вақти сафарро то 30 дақиқа бештар ба дарозо мекашад, мо шоҳиди фаъолияти 1 корхонаи азими сементбарорӣ гаштем. Тавре маълум шуд, корхонаи сементбарорӣ ҶДММ «Ганҷ – 2000» ном дошта, корхонаи зертобеи ширкати машҳури сохтмонӣ ва истеҳсолии «Ёқут – 2000», раисаш Абдуҳалим Қодирзода мебошад.
Фаъолияти ин корхона, ки ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ҳавои на танҳо деҳаҳои гирду атрофи маҳал, қисмати Ёвон ва Ваҳдат, балки ш.Душанберо низ олуда месозад. Вале касе парвои ин дуди сиёҳу гарду чанги сапеди сементро надорад (ниг. ба акс).
Рӯиҳамрафта, мошинҳои гаронвазне, ки ба сементкашонӣ машғуланду аз меъёр зиёд бор мебардоранд, роҳи бударо вайрону хароб кардаанд. Ин роҳ, ки ба нақди миллионҳо доллар сохта шуда буд, комилан валангор шудааст. Суоли матраҳ ин аст, ки бе ягон шакку шубҳа роҳи мазкурро, ки чанде аз назарҳо дур монда буд, маҳз дулану камазҳои ширкати сементбарории «Ганҷ-2000», зерсохтори «Ёқут-2000» валангор кардааст, пас онро ким бояд таъмир кунад? Наход ин масъулиятро низ бар дӯши Вазорати нақлиёт ва Ҳукумати Марказӣ партоянд? Тарозуҳои Вазорати нақлиёт ба куҷо менигаранду кӣ ё чиро мекашанд?
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
аз ағбаи Чормағзак
