ДАР ЛИТСЕЙИ ОҒОХОН ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ НАМЕХОНДАНД!

Вазорати маориф ва илми кишвар сабаби давлатӣ шудани Литсейи Оғохонро дар ш.Хоруғ шарҳ дод. Тавре Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, сабаби асосии давлатӣ кардани Литсейи Оғохон дар ш.Хоруғ – ин берун аз нақшаҳои таълимӣ амал кардани мудирияти мактаб ва муаллимони он аст.

Раҳим Саидзода афзуд, ки низоми таълим дар кишварро Стандарти давлатии таҳсилот муайян ва муқаррар мекунад, вале он аз ҷониби муаллимони Литсейи Оғохон дар ш.Хоруғ сарфи назар шудааст. Аз он ҷумла, дар ин литсей забони давлатӣ камтар омӯзонида мешуд ва ба забонҳои хориҷӣ афзалият медоданд.

Ин муассисаи таълимии зертобеи Шабакаи Оғохон, минбаъд ҳамчун “Литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат” ва зери назари Вазорати маориф ва илм кор мекунад.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube