РӮЙХАТИ «СИЁҲ» -И «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Насиба Ҷӯрабоева, сокини деҳаи Суҷинаи ш.Панҷакент бо идора тамос гирифта (тел: 904386252), гуфт, ки кормандони бонки «Имон интернешнл» ӯро барқасдона ба рӯйхати «сиёҳ»-и қарзгирандагон ворид намуда, барои рушди соҳибкории хурд дигар аз ягон бонк маблағ гирифта наметавонад.

– Ман модари танҳоям ва бо 1 писарча дар ба дар шудаам. Пештар рӯзам бо майдафурӯшӣ дар бозор мегузашт, ҳоло бошад барои рушди тиҷорат сармоя надорам. Аз соли 2004 ин тараф ба соҳибкории хурд машғул шуда, тӯли тамомии солҳои баъдӣ ҳар боре, ки қарз гирифтаам, пеш аз муҳлат пардохт кардаам. Кредити гирифтаам аз 1000 то 5000 сомониро ташкил медод ва ман ҳамеша бо фоизҳо пеш аз вақти тасдиқшуда бармегардондам. Асосан аз филиали бонки «Имон интернешнл» дар ш.Панҷакент кредит мегирифтам. Бори ахир, вақте, ки 5000 сомонӣ гирифтам, эҳсос кардам, ки мутахассисони ин бонк маро фиреб дода, фоизи моҳонаро дер пардохт мекардаанд, яъне моҳи августро дар сентябр, сентябрро дар ноябр. Вақте ман ин корашонро ошкор кардам, маро коршиноси бонк Хисрав Азизмуродов ба рӯйхати «сиёҳ»-и бонк шомил намуд.

Пас аз ин ба ш.Душанбе ва ш.Хуҷанд рафта, ба масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ва Баҳромов ном масъуле дар дафтари марказии «Имон интернешнл» дар ш.Хуҷанд муроҷиат кардам. Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода маро хеле хуб қабул карда, супориш дод, ки бонки «Имон интернешнл» ба ин проблема расидагӣ кунад. Аммо Баҳромов дар «Имон интернешнл» дар ш.Хуҷанд бошад умуман маро гӯш накард, дағалона гуфт: «Ман ба Шумо гап надорам!».

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube