Амонатбонк дар нимсолаи аввали соли 2023 ба зиёда аз 13 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 789 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,9 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 548 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи наздики 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд.
Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2023, №7, Амонатбонк яке аз ташкилотҳои қарзии низомсоз эътироф карда шуд ва аз рӯи раддабандӣ дар ҷои аввал меистад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2023, №44 БДА ҶТ “Амонатбонк” ба КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ивази ном намуд ва Оинномаи Бонк ҳамчун корхонаи воҳиди давлатӣ тасдиқ гардид.
Дороиҳои Бонк маблағи 6,6 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 5,8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 30,9% ва 31,2% зиёд мебошад.
Пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.
Сармояи Бонк ба 783,2 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 29,1% афзоиш ёфтааст.
Фоидаи софи Бонк 57,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5% зиёд мебошад.
Бонк аз рӯи фаъолияти худ 41,7 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,8% зиёд мебошад.
Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, аз ҷумла, ҷиҳати ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, Амонатбонк ба ҳолати 30 июни соли 2023 дар маҷмуъ 855 адад чунин нуқтаҳои қабули пардохтҳоро тавассути постерминалҳо фаъол намудааст. Инфрасохтори мазкур нозиротҳои андоз ва филиалҳою марказҳои хизматрасонии бонкиро дар тамоми ҷумҳурӣ дар бар мегирад.
Илова бар ин, дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 239 адад ва дар бахши хусусӣ 609 адад постерминалҳо насб карда шудааст, ки гардиши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути онҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 26 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 31% афзоиш ёфтааст.
Ба ҳолати 30 июни соли 2023 шумораи умумии нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо QR-рамз насб шудааст, ба 1 098 адад ва барои шахсони воқеӣ 1 461 адад расида, дар ин давра шумораи амалиётҳо 8 877 адад ва гардиши онҳо 1 814 ҳазор сомониро ташкил намудааст.
Ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон, ба миқдори 167 ҳазор адад кортҳои беноми “Фарогир” интишор гардида, ба филиалҳо дастрас карда шуд. Ин иқдом барои боз ҳам зиёд шудани мизоҷони Бонк ва ҳам барои рушд ва пешбурди самарабахши раванди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ нақши муҳим гузошта истодааст.
Барномаи “Амонатмобайл” хизматрасониҳо ва маҳсулоти бонкиро, аз ҷумла пардохтҳои андоз, коммуналӣ, интиқоли маблағҳо тавассути кортҳо, пардохти қарз, идоракунии фосилавии суратҳисобҳои шахсӣ, ҳамёни электронӣ, пардохт тавассути QR-рамз ва ҳамгироиро бо иқтидорҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ таъмин менамояд. Дар ин давра шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилӣ 391 115 адад ташкил намуд.
Пайвасткунии бомароми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба хизматрасонии Интернетбонк роҳандозӣ шуда, айни ҳол 8 044 адад корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст карда шудаанд. Барнома ба сармуҳосибон ва масъулини корхонаҳою ташкилотҳо имконияти бо таври фосилавӣ (онлайн) гузаронидани супоришномаҳои пардохтӣ ва музди меҳнатро фароҳам меоварад.
Дар натиҷа, гардиши умумии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар дохили ҷумҳурӣ 94,4 млрд. сомонӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ тавассути ҳисобҳои корреспондентӣ бо ифодаи умумӣ 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, гардишҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 7,2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 23% зиёд мебошад.
Филиалҳои Бонк 1,5 млрд. сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 246 млн. сомонӣ ва ё 19,7% зиёд мебошад.
Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 34,2% афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% афзоиш ёфтааст.
Фоизҳои ба аҳолӣ пардохтнамудаи Бонк дар давраи ҳисоботӣ 39,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат намуда истодааст.
Бонк дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 26,7 ҳазор муштарӣ 993,4 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 12,2% зиёд гардидааст.
Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 28,6%, кишоварзӣ 27,6%, истеъмолӣ 19,8%, сохтмон 14,7%, тиҷорат 8,4%, нақлиёт 0,2% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 0,7% рост меояд.
Дар ин раванд, бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дастгирии занони соҳибкори кишвар, Бонк иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2023», «Автоқарз» ва «Занҳои муваффақ» роҳандозӣ намудааст.
Бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмон ва васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ, инчунин имконият барои харидории манзилҳои истиқоматӣ, “Қарзҳои ипотекӣ”-ро низ ҷорӣ намудааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 68 нафар 15,3 млн. сомонӣ пешниҳод гардидааст.
Дар Бонк меъёри фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 10 то 24 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ аз 4,5 то 10 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Сандуқи қарзии Бонк наздики 2 млрд. сомонӣ ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия 57,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми сандуқи қарзӣ 21% афзудааст.
Имрӯзҳо Амонатбонк бо 16 бонкҳои хориҷӣ бо истифода аз 48 суратҳисобҳои корреспондентӣ ҳамкорӣ дорад.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои Бонк ва дар ин замина ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар маҷмуъ роҳбарияти Бонк зиёда аз 10 маротиба бо роҳбарон, намояндагон ва масъулони шарикони рушди хориҷӣ зимни сафарҳои корӣ ва дар дастгоҳи марказии Бонк вохӯриҳо анҷом доданд.
Аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА хати қарзӣ кушода шуда, ба 39 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 15,6 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод карда шудааст.
Ҳамчунин, Амонатбонк бо ҶС «Экспортная страховая компания «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон хатти қарзи аккредитивӣ ба маблағи 15,3 млн. доллари ИМА кушод.
Амонатбонк бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 8 095 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 100 адад зиёд мебошад.
Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 757 ҳазор нафар расидааст.
Теъдоди банкоматҳои насбшуда дар Бонк ба 342 адад ва постерминалҳо ба 2 804 адад расонида шудааст.
Ҷиҳати таъмини амнияти дороиҳо ва огаҳӣ ёфтан аз ворид ва пардохт гардидани маблағ тавассути суратҳисоби бонкӣ, хизматрасонии смс-паёмакҳо ба телефони мобилии ҳамаи муштариён ба таври ройгон роҳандозӣ гардидааст.
Бонк бо мақсади дастрасии қуллай ба хизматрасониҳои бонкӣ, тайи 5 соли охир иқдоми ба ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас кӯчонидани марказҳои хизматрасонии бонкиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрӯз 262 адад ё 47,8%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд.
Фаъолияти 29 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Турсунзода, ки ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд.
Бо мақсади баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд аз он бемамоният истифода баранд.
Инчунин, дар дастгоҳи марказии Бонк маркази тамос фаъол аст, ки муштариён метавонанд бо рақами кутоҳкардашудаи “1885” барои ҳалли мушкилоти худ ба Бонк муроҷиат намоянд.
Ба ҳолати имрӯза дар Амонатбонк 1377 нафар занон фаъолият доранд, ки 47%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи аввали соли 2023 шумораи 213 нафар кормандон дар Амонатбонк ба кор қабул карда шуданд, ки 119 нафар ва ё 56%-и онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар раванди татбиқи корҳои хайру савоб, Бонк дар нимсолаи аввали соли 2023 ба “Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд”-и шаҳри Душанбе ба маблағи 104,4 ҳазор сомонӣ маводҳои хоҷагидорӣ ва хӯрока дастрас намуд.
Дар маҷмуъ кӯмакҳои расонидашуда аз ҷониби Бонк дар давраи ҳисоботӣ маблағи 159,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари фаъолияти корӣ, кормандони Амонатбонк дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва тарғиботӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки дар ноҳияи Данғара, Муассисаи давлатии таълимии литсейи №5 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Зафаробод таҷлил карда шуд, аксияи тарғиботӣ баргузор гардида, дар доираи он ба мизоҷони Бонк ва шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, Бонк дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон, намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон 2023, Форуми байналмилалии ҷавонон дар мавзӯи “Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ”, фестивали “Саводнокии молиявӣ” ва намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, оид ба қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, кортҳои бонкӣ ва ғайра ба иштирокдорон маълумот ва варақаҳои тарғиботӣ пешниҳод намуд.
Инчунин, бахшида ба ҷашни Рӯзи модар аксияи табрикотӣ-тарғиботӣ ташкил карда шуда, дар доираи он ба як қисм занону бонувон туҳфаҳои брендӣ ва хотирмон тақдим карда шуд.
Кормандони Амонатбонк тарғибгари “Варзиш гарави саломатӣ” буда, тими мунтахаби футболбозони Амонатбонк шомили Лигаи олӣ шуд.
Маълумоти муфассалро оид ба фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» метавонед дар сомонаи Бонк www.amonatbonk.tj дастрас намоед.
