15.08.2023. Додситони кулл, Юсуф Раҳмон, зимни нишасти матбуотияш гуфт, ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, 2 рӯз пеш, яъне дар таърихи 13.08.2023 дар маҳаллаи Саразми Панҷакент дарёфт шудааст. Додситон гуфт, баъди ташхиси дандонҳои ҷасаде, ки моҳигирон дарёфтанд, муоинаи тиббӣ нишон дод, ки ин ҷасади Шуҳрат аст… Аз бузургтарин бонкири кишвар ва иқтисоддону марди дастбахайре, ки кумакаш ба садҳо тан мерасид, чизе ҷуз устухонпораҳояш намондааст. Ин марг ҳушдор ба мардуми дигар, минҷумла ману ту низ ҳаст, хонандаи ин сутур, ки зинҳор умр ба нодонӣ набарем, ки зиндагонӣ фурсате беш нест ва ба ҳар бодовардае паймони дӯстиву рафоқат набандем, ба вежа агар ишон подхалиму думвардор ва рӯбоҳбашараву занмиҷоз бошанд…
Ҳушдори дигарро академики касби рӯзноманигорӣ, устод Саъдии Маҳдӣ додааст. Ӯ дар саҳифаи интернетияш, ки он ҷо хеле фаол аст, менависад:
– Зиндагии Шуҳрат Исматуллоев барои ҳамаамон сабақ аст! Набояд ба бегонаи саги девона бовар кард. Набояд душманро дар бағал парварид. Набояд вирусро ба баданат, ба маконат роҳ дод. Хушбоварӣ хуб нест. Худиҳоро, содиқҳоро дар атрофат бояд ҷамъ кунӣ. «Ҷонта дар ҷони касе намон!» – мегуфтанд пирони деҳ, рост будааст. Марде, ки дасташ ба ҳама мерасид, хайру сахо дошт, ба ин хориву зорӣ, дар танҳоӣ, бо азобу шиканҷа аз ҷониби 2-3 золими хунхор кушта шуд. Ҳайфи Шуҳрат, 100 ҳайфи Шуҳрат. Худованд раҳмату мағфираташ кунад ва дар фирдавси барин ҷо.
Устод Саъдӣ вақте дар бораи 2-3 хоини кӯрнамаки қотил сухан мекунад, ки Прокурори №1 теъдоди ҷинояткоронро, ки дар нақша, тарҳ ва амалкарди ин ҷиноят даст доранд, 16 нафар гуфтааст:
– Дар ин ҳодиса 16 нафар даст доранд ва 13 нафар боздошт шуда, 3 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд…
Хотиррас мешавем, чанде пеш, мақомот аз Туркия 1 нафарро бо насаби Бахтовар Сафаров ба Тоҷикистон оварданд. Б. Сафаров, сокини 28-солаи ҶТ, собиқ зиндонии наркоман ва наркотрафик буда, чанде пеш аз зиндон озод шудааст. Ин (но)кас баъди қатли Шуҳрат Исматуллоев ба Туркия фирор карда буд.
Ному насаби ҳамаи 16 нафар боздоштшуда дастрас нест. Вале то ҷое медонем, ин ҷинояткорон 1 доираи бузургеро таъсис додаву чандин моҳ Исматуллоевро мепоистанд. Ба дилаш роҳ бурда, ҳампаймону ҳамдастурхонаш шудаанд. Бо ӯ аз наздик ошно гардида, ҳатто ба хонадонаш роҳ бурдаанд. Ҳамзамон сарчашмаҳои хабарии СССР аз 2 зане ном мебаранд, ки шояд дар ин ҷиноят даст дошта бошанд. Инҳо апаву хоҳарон буда, гуфта мешавад, яке маъшуқаи бонкири кушташуда ва дигаре ҳамхобаи қотили ӯ – Рустам Ашӯров будаанд. Версияе ҷо дорад, ки Рустам Ашӯров, ки дар Молдова кушта шуд, хоҳари маъшуқаи худро истифода бурда, аз Исматуллоев информатсия гирифта, ба Дилшод Саидмуродов – «главарь банды» медодааст. Гуфта мешавад, миллионҳои номбурдаро маҳз ҳамин 2 зан шояд ба ҷинояткорон ифшо кардаанд. Инҳо М. с.т. 1979 ва N. с.т. 1986 будаанд. Аксашон дар редаксия ҳаст, вале дар сурати исботи гуноҳашон, ки ҳоло танҳо чун гумонбар мегузаранд, мо ин суратҳоро нашр мекунем. Мо метавонем!
Шуҳрат далелан намедонист, ки ба макри зан гирифтор шудан осон, вале аз он баромадан қариб номумкин аст. Шоир гӯиё маҳз муроҷеъ ба ҳамин занони шаттоҳ ба мардони мард ҳушёр медиҳад:
Зан макру бадӣ ба кас намояд,
Бар гуфти занон раво нашояд.
Иблис зи макри зан гурезад,
Оби рӯи мард зан бирезад.
Зинҳор ба гуфти зан макун кор,
Гар мардиву оқиливу ҳушёр.
Эй марди карими бандапарвард,
Аз феъли занон ба вақт баргард!!!
Пролог
Хотиррас мешавем, Шуҳрат Исматуллоев, бонкири шинохташуда, муовини раиси Ориёнбонк, ҷавонмарди асил, сахӣ ва ҳомии варзишкорон, дӯсти газетаи мардумии СССР, шоми 23.06.2023, аз наздики хонааш рабуда шуд. Дар хабари расмӣ омадааст:
«23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии ш.Душанбе Саидмуродов Д.Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович (дар Молдова кушта шуд), Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович (дар ҷустуҷӯ) ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш.А.-ро зуран ба автомашинаи тамғаи «Хюндай – Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Онҳо шаҳрванд Исматуллоев Ш.А.-ро то соати 03:00 рӯзи 24 июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд. Баъдан, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва автомашинаи тамғаи «Хюндай– Соната»–ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд».
…Пас аз 50 рӯз, бо амри тасодуф, ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро 2 моҳигири панҷакентӣ дар наздикии Саразми 5000-сола ёфтанд. Танҳо ташхиси ДНК маълум кард, ки ин ҷасади ӯст… Худо раҳмату мағфират кунад, ҷавонмарди асили Тоҷикро. Дидор дар қиёмат, бародари гиром ва дӯсти азизу қадрдон. Ту танҳо 1 камбуд доштӣ: дӯстро аз душман фарқ намекардӣ. Ҳар боре дастурхоне мегустурдӣ дар ҷашну оинҳои ориёӣ, ба вежа Наврӯз, ё Соли Нави мелодӣ, журналистонро сарҷамъ мекардӣ. Ёдам ҳаст, журналист N.-ро чу намедидӣ, мегуфтӣ, N.-ро ҳатман биоред, инсони хуб ва дӯсти беҳтарин аст… Шуҳрат, ана ҳамон дӯстат дар бораи фоҷеаи сари ту омада, дар газетааш 1 сатр нанавишт…
Мо Метавонем!
