САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ: РАҲГУЗАР ГУНАҲГОР ВА Ё РОНАНДА?!

Аз СССР: садамаи пурқурбонӣ, ки дар Кӯлоб, дар таърихи 06.08.2023 рух дода, яке аз фоҷеаҳои мудҳиштарини сол ҳам шуд, моро таҳрик дод, ки ба омори расмии садамаҳо таваҷҷӯҳ кунем. Бовар дорем, садамаи Кӯлоб ва омори овардаи мо, сабаб мешаваду ҷони садҳо тани дигар дар сартосари роҳу ҷодаҳои мошингузари кишвар амон меёбад. Мо Метавонем!

 

161 садама, 101 фавт, 171 маҷрӯҳ…

Дар давоми 6 моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгард 161 садама ба қайд гирифта шудааст, ки сатҳи садаманокӣ нисбат ба давраи соли гузашта 31% зиёд мебошад. Дар ин бора санаи 28 июли соли ҷорӣ Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар зимни нишасти матбуотии худ хабар дод.

Қайд гардид, ки дар натиҷаи ин садамаҳо 171 нафар маҷрӯҳ ва 101 тан ба ҳалокат расидаанд. Ба таъкиди масъулин сабаби асосии рух додани чунин садамаҳо суръати баланди ҳаракат ва аз ҷониби ронандагон риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дониста мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти шуъбаи БДА иттилоъ дода шуд, давоми нимсолаи ҷорӣ танҳо дар пойтахти кишвар 125 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 20 нафар ба ҳалокат расидаву 131 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта, теъдоди садамаву захмиён зиёд буда, лек фавтидагон кам мебошанд. Зикр меравад, ки бештари ин қабил садамаҳо бо 2 омил сурат мегиранд;

  1. Ронандагон ва суръати баланди мошинронӣ;
  2. Пиёдарагардон. 65 дарсади садамаҳо бо иштироки бевоситаи пиёдагардон рух медиҳанд.

Дар шаҳри Душанбе имрӯз теъдоди зиёди чароғакҳои роҳнамо насб гардидааст, ки ба таъкиди масъулин шумораашон беш аз 171 ададро ташкил медиҳад ва зиёда аз 100 адади он тавассути шаҳри бехатар наворбардорӣ карда мешавад. Вале аз бетавааҷчӯҳӣ ба ин 171 чароғак беш аз 171 нафар захмӣ шудааст…

 

Мушкилот ҳалношуда монд

Тибқи мушоҳидаҳо дар аксари чорроҳаи шаҳр чароғакҳо дуруст кор намекунанд ва ин ҳолат бештар боиси ҳолатҳои нохуш шуда метавонад. Ин қабил чароғакҳо, чуноне мо қаблан дар ин хусус навишта будем, аксарияташон вақти дуруст надоранд.

Масалан, барои гузаштани 1 роҳи хурд аз 40 то 60 сония ва барои убури чорроҳа ҳатто 2 роҳи калони давомдор (аз 2 самт) танҳо то 30 сония вақт ҷудо шудааст, ки дар ягон ҳолат наметавон роҳро убур кард. Мо доир ба ин чароғакҳои саросема ва бафурҷа бонги изтироб зада будем, вале афсӯс мушкил то ҳол ҳалношуда боқӣ монд. Ин мушкилотро дар дилхоҳ нуктаҳои шаҳр метавон мушоҳида кард:

-фарзи мисол, аз гардиши шоҳроҳи С. Шерозӣ ҷониби фабрикаи Ширин чароғаке то 60 ва дигарӣ ҳамагӣ 20 сония гирён аст. Дигар ёбу газро зер кун ва ё пиёдагард бошӣ, чун чемпиони ҷаҳон дав…

 

Проблема дар гузаргоҳҳо

1 мушкилии дигар дар самти роҳу нақлиёт ин гузаргоҳҳост, ки дар аксарашон роҳгузарон бо мушкилот дучор омадаанд.

– Аз гузаргоҳи маркази Савдои Ёсин ҳар боре, ки мегузарам, бо мушкилот рӯ ба рӯ мешавам. Мошинҳо бо суръати тез меоянд. Бархе мошинҳо аз чароғаки сабз убур мекунанд ва ё ин ки мебинанд агар одам набошад дар чароғаки сурх ҳам гузашта мераванд. Вале ташвишовар ин аст, ки дар баъзе ҷойҳо бетартибӣ ба амал меояд. Махсусан, наздикии бозор тамбашавии мошинҳо ба амал меояд. Мо инро дар аксари ҷойҳо, чун чорроҳаи 46, назди бозори Саховат, маркази савдои Садбарг ва ғайра маконҳо метавонем дид. Ҳеҷ ин мушкилӣ роҳи ҳали худро наёфт, ки наёфт…

Тибқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (боби 15, зербанди 171) ронанда вазифадор мебошад, ба пиёдагардоне, ки қисми мошингарди роҳро аз гузаргоҳҳо убур мекунанд, роҳ диҳад. Вале чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар аксари мавридҳо ронандаҳо бо суръати баланд мошинро рондаву пиёдагардонро аҳамият ҳам намедиҳанд. Ҳолати дигари муаммоовар, ки сокинонро ба ташвиш овардааст, набудани гузаргоҳҳо дар бархе ҷойҳост.

Мо аз чанд ҷойи пойтахт дидан намудем, мутаассуф ин гуна мушкилот ба чашм мерасад. Чунончи аз истгоҳи назди бинои Сирк то бинои Шарқи Озод роҳ хело дароз аст, ҳарчанд истгоҳи дигарӣ назди Фабрикаи нассоҷии тоҷик меистад. Аммо на роҳи зеризаминие мавҷуд асту на чароғак ва на гузаргоҳе. Мардум маҷбур аз миёни мошинҳо убур мекунанд, ки ин хатар эҷод мекунад. Дар баъзе ҷойҳо чароғак болотар насб гардидаасту пиёдагардон на аз он ҷой, балки аз байни роҳ мегузаранд. Ин қабил ҳолатҳо зиёданд…

 

Гонкаҳои хавфбор

Яке аз проблемаҳое, ки вақтҳои ахир мардум зиёд шикоят мекунанд, гонкаҳои маршруткаҳост. Барои аз дигаре пеш гузаштан ва даромади зиёдтар ба даст овардан, мошинро хело сахт меронанду бехатариро риоя намекунанд, ки дар натиҷаи суръати баланду якбора таваққуф намудан, бе ягон садама низ, шахс метавонад афтад ва осебе бардорад. Бояд қайд кард, ки 1 лаҳза шитобкорӣ метавонад паёмади нохубе оварад, аз ин рӯ итминон бар он мебандем, ки масъулон, шаҳрвандони гиромӣ, ҷиҳати рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта кӯшида, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар намегузоранд!

 

Беҳрӯзи Сайфулло,

коромӯзи СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube