ФАРҲАНГИ БЕФАРҲАНГӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Баъди мустақилият ба даст овардан, Тоҷикистон фарҳангро ҳастии миллат унвон кард. Зеро мо тоҷикон аз қадим соҳиби фарҳанги бой, тамаддуни пойбарҷо ва меросбари хуби анъанаҳову расму русуми аҷдодони худ будему ҳастем. Вале имрӯз, ки сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ҳукмрон аст, бархе аз навоҳии дуртар аз марказ ба ин “ҳастии миллат”, ки муаррифгари давлати мо дар арсаи байнулмилал аст, таваҷҷуҳ кам зоҳир мекунанд.

СССР – Дом кино, Истиқлолиятхонаи маданият

Дар робита ба масъалаи надоштани бинои фарҳанг иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши фарҳанги н.Вахш Гулнора Ҷалилова иброз дошт, ки дар замони гузашта ин ҷо Хонаи кино фаъолият пеш мебурд, аммо мо 3-4 утоқи онро аз ҳисоби худ таъмир ва тармим карда, кор карда истодаем. Ногуфта намонад, ки чанд сол пеш раиси ноҳия ба аҳли фарҳанги ноҳия ваъда дода буд, ки аз ҳисоби буҷети маҳал ба аҳли кормандон бинои наву замонавӣ тақдим менамояд. Аммо дар сӯҳбат номбурда афзуд, ки барои сохтани бинои нав боз маблағҳои калон садди роҳанд.

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия қайд медорад, ки бунёди бинои фарҳанг, осорхона ва дигар иншооти фарҳангиро дар нақша доранд, аммо … то ҷашни 35 солагӣ.

 

3 бахш + 70 коргар

Мактаби санъати бачагона, китобхона ва Хонаи маданият дар маҷмӯъ дорои 73 коргар мебошанд, ки аслан мушкилоти онҳо соҳиби бинои худӣ набудан аст, арзёбӣ кард иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши фарҳанг Ҷалилова Гулнора.  Ҳар 3 ин бахш мебояд дар алоҳидагӣ соҳиби бино бошанд, лек бинобар сабаби надоштани макони аниқ онҳо маҷбуранд дар ҳамин 3 – 4 утоқи ба талаботҳои рӯз ҷавобгӯ набуда, кору пайкор намоянд. Надоштани асбобҳои мусиқӣ, мизу курсиҳо, ки 1 қисматашро нав харидорӣ кардаанд, проблемаи асосии корашон гардидааст. Толори маҷлисгоҳ бошад таъмирталаб аст.

   – Идора дар баланси КВД «Тоҷиккино» қарор дораду ҳамасола ягон маблағгузорӣ барои таъмиру тармим ҷудо намешавад. Танҳо соли 2016 қисмате аз биноро бо маблағҳои худӣ таъмир карданду то ин ҷониб дигар номи таъмирро касе нагирифтааст. Фарҳангиён иҷоранишинанд, аммо иҷоранишинҳои бемузд. Нафароне, ки асбобҳои мусиқӣ доранд, моли шахсии худашон аст ва мо онҳоро ба озмуну дигар чорабиниҳо ҷалб месозем, то аз номи ноҳия баромад кунанд, – қайд кард Г. Ҷалилова.

Тавре зимни суҳбат бо мудири бахши фарҳанг пай бурдем, лоиҳаи китобхонаи ноҳиявӣ низ тарҳрезӣ шудаасту сохтмонаш солҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд. Ин ҳам бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ.

Аммо ҳолати клубҳои ҷамоатҳо, ки 4 ададро ташкил медиҳад, 2 – тои он ба қадри имкону ба ном фаъолият доштааст. Ҳоли Китобхонаи Марказӣ ҳам, на он қадар хуб буда, дар болои шӯъбаи маориф ҷой дорад. Ва нақшаи он ҳам тарҳрезӣ шудааст. Китобхонаи бачагона бошад, дар кадом 1 бинои хусусӣ амал менамояд.

Рӯзҳои фарҳангии кироя…

Боиси зикр аст, ки ба наздикӣ ин фарҳангиён бо рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Вахш дар пойтахт қарор доштанд ва ногуфта намонад, ки бо барномаи мукаммали омоданамудаашон хуб пазиро шуданд. Ба суоли СССР доир ба надоштани асбобу аёниятҳо ва афзору таҷҳизоти соҳа, ки чи гуна метавон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуду дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия ширкат намуд,  Г. Ҷалилова қайд кард, ки мо бештар асбоби тақвияти овоз (колонкаҳо)-ро кироя мегирему асбоби мусиқӣ аз худи мутрибон, моли шахсиашон аст…

 

На «Тоҷиккино» на Фарҳанг…

Бинои мазкур аслан аз КВД «Тоҷиккино»-ст, ки дар даврони СССР бо номи Хонаи кино маъруф буду ҳама барои хариди чипта дар навбат меистоданд. Имрӯз он дар дасти фарҳангу китобхона ва хонаи маданият аст. Худи бино бузург аст, лекин бар замми бузургиаш ҳамагӣ 4 утоқаш користу боқӣ холӣ. Ин бахшҳо дар ошёнаҳои болоӣ фаъолият доранду дигар ҳуҷраҳоро кафтарону дигар паррандагон ба иҷора гирифтаанд. Девораҳои шуразадаи даромадгоҳ касро ба солҳои баъди ҷангӣ мебарад. Алафу майсаҳои хушкшудаи гирду атрофаш агар забон медоштанд бо ҳарфи калон «ОБ» мегуфтанд. Деворҳои дохили биноро бошад навиштаҷоти гуногун “оро” додааст. Наход 1 шанбегӣ гузаронида ҳамаи ин ифлосиҳоро тоза карда нашавад? Модоме, ки фарҳанг ҳастии миллат аст, пас барои буданаш арҷ гузоштану онро тоза нигоҳ доштан магар қарз нест, муҳтарам фарҳангчиён? Агар не, пас чаро бо ҳарфҳои калон болои бино шиори «Фарҳанг ҳастии миллат»-ро ҷой додед?

Имрӯз КВД «Тоҷиккино», ки бино дар баланси он қарор дорад   месазад аз ҳоли он боре огаҳ шавад. Зеро дар ошёнаҳои болоии он қисм – қисм асбобҳои кинематография ҳанӯзам ҷой дорад. Воқеан ин таҷҳизоти харобгаштаро ба осорхона додан, корест басо савоб. Чунки болояшон аллакай хонаи паррандагон асту гирду пеш пур аз ахлоти онҳо.

Иштирок дар озмун орзуи онҳост

Тайи чанд соли ахир аз ҷониби Роҳбарияти олии мамлакат озмунҳои гуногуни фарҳангӣ роҳандозӣ шудааст, ки дар он намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имкони иштирок карданро доранд. Лек бо ҳамин шароит магар метавон дар онҳо ғолиб омад, чун барои тамрин ҷойи муносиб нест? Чун шароит барои гузаронидан даст намедиҳад, танҳо даври аввали озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» инҷо гузаштаасту халос. Шариф Кӯлобиев, мудири хоҷагӣ ҳадс мезанад, ки раис ҳамроҳи маблағгузорони хориҷӣ ва ё шарикони рушд маҷмааро бо маблағи 50 ҳазор доллар таъмир хоҳанд кард. Аммо кай?-саволест матраҳшуда.

 

Меъморон чӣ назар доранд?!

Бино ба иттилои бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Вахш бунёд, сохтмон ва азнавсозии 150 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст.

   – Таъмири бинои Кохи фарҳанг дар тендери Вазорати молия иштирок  ва бо маблағи 580 ҳазор сомонӣ бояд азнавсозӣ карда шавад. То ҷое огаҳем соҳиби тендер, яъне озмун дар пайи дарёфти сохтмончиёни корист. Бо ин маблағ таъмири капиталиро метавон оғоз бахшид. Аз сабаби он ки замин замини ноҳия аст, мо ба Сарвазири мамлакат мактуб кардаем ва бо розигии тарафайн метавонем таъмирро оғоз намоем, –  афзуд дар сӯҳбат Фарҳод Тағоев, сармеъмори ноҳия.

Мактаби мусиқӣ ва ё муассисаи таълимӣ

Вазъияти мактаби мусиқӣ низ ногувор боқӣ мондааст. Худи мактаб дар муасиссаи таълимии №1- и ноҳия ҳамроҳ бо хонандагон, ки аз 1 дар медароянд, ба таълиму тадрис машғуланд. Дар ҳоли ҳозир бинои он хеле фарсуда буда, фасли сармо аз боми он об ҷорӣ мешавад. Дар 1  бино ҳам муасиса ва ҳам мактаби мусиқӣ, бо 1 дару 1 бом фаъолият намудан мумкин аст?

– Агар дар ин миён ягон соҳибкори бонангу ор пайдо шавад,  ҳамкориро ба роҳ монда, мусоидат хоҳем кард, – иброз намуд Ф. Тағоев. Тавре огаҳӣ дорем худи Раёсати фарҳанги вилоят дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар иҷора нишастаанду кормандонаш дар таҳхонаи он кору фаъолият доранд. Агар худи раёсат ҳолаш чунин асту чунон, пас чи гила аз бахшҳои он, ки дар ноҳияҳо кор мекунанду мардумро сӯи маданияту фарҳангдорӣ талқин месозанд.

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube