РЕЗААХБОР

 

– Рӯзҳои 25-26 август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад.

    – Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе, сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаи нав, гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «КулмаҚаросу», сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези н.Шуғнони ВМКБ то марзи Чин ба имзо расид.

    – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили номи ҳудуди 3,5 ҳазор иншооти ҷуғрофиро дар қаламрави кишвар тасдиқ кард, ки миёни онҳо номи пиряхи калонтарини Федченко дар Помир ба Ванҷях иваз шуд.

 -Аз 01.09.2023 арзиши хидмати пулакии ҳарбӣ аз 420 то 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло бурда шуд! 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли ҷорӣ 68 сомонӣ ($6,2) муқаррар шуда, ҳамин тариқ, арзиши хизмати пулакии ҳарбӣ аз 28 ҳазору 560 сомонии қаблӣ ба 51 ҳазор сомонӣ баробар мешавад.

    – Имсол аз Тоҷикистон 3 ҳазору 580 нафар барандаи Green Card ё корти сабзи Амрико шудаанд. Ин нисбат ба соли гузашта қариб 1 ҳазору 100 нафар ва назар ба 5 соли пеш қариб 2,2 ҳазор нафар бештар мебошад.

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube