123 сол пеш аз ин…

Вабо дар Ғозималикро ёд доред?

Абдуллоҳи Раҳнамо, 1 тан аз чеҳраҳои саршинос ва ворастаи миллати Тоҷик аст, ки ҳамеша дар такопӯст ва шояд ягона нафар бошад, ки таърихи 100- 150 соли ахири давлатдории моро меомӯзад. Ҳар навиштааш факт, ҳар овардааш далел ва ҳар талошаш марҳамест бар бадани таърихи миллати мо. Шукр аз буданаш!

Имрӯз Абдуллоҳи Раҳнамо бисёр 1 факти нозукро ифшо мекунад: таърихи давлатдории то инқлиоби Октябр. Далеле, ки собит месозад, ба фарқ аз колонизаторони англису фаронсавиву испониву немисӣ, русҳо сар аз воридшавӣ  ба Осиёи Марказӣ талош мекраданд, ба мардум хизмат расонанд ва бо бемориҳои вогир мубориза мекарданд. Хонед ва хулоса кунед.

Мо Метавонем!

Тобистони соли 1902 дар мавзеи Ғозималики бекигарии Ҳисор аз хуруҷи 1 бемории вогир («от чумы или холеры») одамони зиёде ба ҳалокат расида будаанд.

Матни гузориши № 476/10635 мақомоти низомии Туркистони Русия аз 18-уми июли соли 1902, ки то имрӯз маҳфуз мондааст, нишон медиҳад, ки ба сабаби паҳншавии ин беморӣ, Русия сафари шаҳрвандони худ ба бекигарии Ҳисори аморати Бухоро ва хусусан, аз бозори Қаратоғ гӯсфанд харидани савдогарони Ӯротеппа ва Ургутро муваққатан манъ карда будааст.

 Аз сабабе, ки дар нимаи дуюуми асри XIX қаламрави Русияи подшоҳӣ то ноҳияҳои болооби дарёи Зарафшон паҳн шуда буд, бекигарии Ҳисор аз тариқи дараҳои Ромит ва Варзоб, бо он ҳамсарҳад ҳисоб мешуд. Аз ин рӯ, хабар ба роҳбари Туркистони рус аз тариқи гузориши ҳокимони низомии Масчо ва Панҷакент расидааст.

 Санади дигар нишон медиҳад, ки тибқи дастури Генерал-губернатори Туркистон, ҷониби Русия барои ташхису пешгирии ин беморӣ ба Аморати Бухоро табибони худро фиристода будааст.

Хушбахтона, матни ҳуҷҷат, бо русӣ, қобили хондан ва дарк буда, ниёз ба бозгардонии он нест. Он танҳо аҳаммияти илмӣ, сарчашмавӣ ва кишврашиносӣ дорад.

Абдуллоҳи Раҳнамо,

Муҳаққиқ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube