Таври маълум, газетаи мардумии СССР ягона расонаест, ки дар Маскав, дар Кремл, бо имзои Сергей Лавров-вазири хориҷаи ФР ва Мария Захарова-сардори департаменти матбуоти ин вазоратхона расман номнавис шудаву фаол аст. Тӯли беш аз 10 сол мешавад, ки мо талош дорем, риштаҳои дӯстӣ миёни 2 кишвари дӯст, бародар ва шарикони стротегӣ мустаҳкамтар гардад. Мо Метавонем!
Зимнан хабарнигори мо Шамсиддини Муқим дар аксари чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва форумҳои иқтисодӣ ширкат мекунад ва аз манофеи кишвари хеш дифоъ. Агар ёдатон бошад, 7 сол пеш маҳз ӯ бо Жириновский, дар маркази матуботии “Комсомолская Правда” баҳс кардаву ахририро бо далелҳо маҷбур кард, аз таҳқири муҳоҷирони кори тоҷик садд гузорад ва минбаъд онҳоро гастербайтер-шикамқарор ном набарад. Баъдан Владимир Жириновский борҳо сари ин мавзуъ суҳбат карда, Тоҷиконро “бародарони худ” хонд ва ҳатто иддао намуд, ки “бобои модарияш кӯлобӣ” будаву аз “военкомати вилояти Кӯлоб ба ҶБВ рафтааст”…
Чаро ин ҳамаро ин ҷо мекорем? Чунки хонанда бояд донаду огаҳ бошад, ки мо ҳамеша дар хизмати миллат, ватан ва давлати Тоҷикон қарор дорем. Мо Метавонем!
Сипосномаи вежа ба СССР
Тӯли ин 10 сол мо Сипосномаҳо бисёр гирифтаем. Ва аммо ин сипосномае, ки ҳамин ҳоло мехонӣ (ниг.ба акс), вежа аст. Онро ба мо директори генералии АНО «Фестиваль Плюс»-и Федератсияи Россия равон кардааст. Мо сарафрозем, ки хидматҳои хабаргузории моро дар соҳаи фарҳанг русҳо дидаву тавассути Президенти кишвар ба мо сипос мегӯянд.
Қарзи фарзандӣ ва ватандории ҳар яки мост, ки дар кори мӯътадил нигоҳ доштани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, ба вежа абарқудратони давр, бо сухани боандеша, созанда кореро ба анҷом расонем. Ҳамин аст гумон мекунем, касбият, масъулияти баланди ватандорӣ ва дастгирии амалӣ аз кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Сарвари мамлакат дар кори мустаҳам гардондаи вазъи дохилии ҷумҳурӣ, таҳкими ҳамкорию субот бо ҳамсояҳои дуру наздик, ки ҳар шаҳрванди одии кишвар бояд аз он истиқбол гирад ва паҳлуи Пешвои миллат бошад. На ин ки чун баъзе бо ном коршиносону рӯзноманигорони моҷароҷӯю ҳангоматалаб бо навиштаҳои бесару нӯг ва эҳсосӣ ба раванди ҳаётан муҳим зарар расонад.
Шароити кунунии иқтисодӣ дар алоқамандӣ бо буҳрони молии ҷаҳонӣ аз ҷумла, дар ҷумҳурии мо низ ба ҳама маълум мебошад. Дар натиҷа, бисёре аз ҳамкасбони соҳибқалами мо маҷбур шуданд, ки аз ҷиҳати надоштани имконияти иқтисодӣ нашрияҳои худро бубанданд, ки албатта боиси таассуф аст, зеро дар майдони мубориза бо рафтани онҳо аз саф 1 муборизи Ватан кам мешавад. Масъулини соҳа бояд дарк кунанд, ки аз 1001 афсару аскар барои давлатдории мо дар ин шабу рӯз 1 газета муҳимтар аст! Газетаҳоро набояд баст. Рӯиҳамрафта бояд дастгирии молӣ кард, то муфлис нашаванд. Зеро ҷои ин газетаҳоро шабакаҳои моҷароҷӯй мегиранд.
Ҳафтаномаи “СССР” аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар сарҳади манфиатҳои миллию давлатӣ мавқеъ гирифтааст. Ҳар ҳарфу ҳиҷо ва сатри навиштаи мо ба хотири пойдории сулҳу субот, рушди кишвар ва боз ҳам беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагии мардум равона мебошад. Манфиати миллату Ватан дар сархати фаъолияти СССР – чиён қарор дорад.
Шиори нашрияи СССР:
Сутун бар Боми Миллат қомати мост,
Ва медонӣ чаро? Мо Метавонем!
ҳам маънои хусусӣ надошта, тавону ғурури миллии мо, тоҷиконро дар худ таҷассум намудааст. Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдоштаи иқтисодӣ дар шароити ногувори пешомада, ки ҳосили даргириҳо ва беэътидолиҳо дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мебошад, фаъолияти худро қатъ накардаем. Бо умеди рӯзҳои нек, ба ҳама мушкилию сахтиҳо таҳаммул карда, хизмати ночизи худро дар назди миллату Ватан иҷро кардан дорем. Иҷрои ин корҳоро барои худ ҳам қарз ҳам фарзу суннату шараф меҳисобем. Ҳар коре, ки мекунем, сирф беғаразона ба хотири обрӯи миллату Ватан аст. Ба қавли шоир:
“Тоҷикистон, аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст!”
Доштани намоянда дар симои Шамсуддин Муқим, хабарнигори махсуси СССР дар Федератсияи Россия, шарики стратегиамон дар чунин 1 шароити нобоби иқтисодӣ низ хеле кор аст. Хушнуд аз он ҳастем, ки номаи мазкур бори дигар собит сохт, ки дар замони интернетизатсия моҳияти сухани чопӣ устувор ҳасту устувор хоҳад монд.
Зикр гардидани ном ва саҳми хоксоронаи Директори генералии Агентиии хабарии «ХАТЛОН-ПРЕСС», Шамсуддини Муқим – хабарнигори махсуси СССР дар ш. Москва, пойтахти Федератсияи Россия дар инъикоси ҷараёни фестивал ва даъват ба “Фестивали IX-уми филмҳои байналмилалии Майкоп» дар рӯзҳои 18 – 20 – уми июли соли 2025 дар шаҳри Майкопи Ҷумҳурии Эдигей, ки дар Мактуби сипосгузорона унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15.07.2025 омадааст, боиси ифтихору сарбаландиамон мебошад. Ҳамзамон, ин сипоснома дар фаъолияти минбаъда илҳомбахши аҳли эҷоди СССР дар кори боз ҳама баландтар бардоштани обрӯ, мавқеи Миллату Давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ мегардад. Мо Метавонем!
Ш. Муқимов,
Маскав, махсус барои СССР
