Такондиҳандаи ин матлаб нигоштаи адиб Зариф Ғулом буд, ки дар бораи кор накардани фаввораҳои назди вокзали роҳи оҳани пойтахт чанд шумора пеш навишт. Воқеан ҳам чаро дар фасли гармо ва рӯзҳои гармтарини сол, ки ҳарорати ҳаво аз 45 дараҷа боло мехезад, аксари фонтанҳои ш.Душанбе кор намекунанд? Дар маҷлиси охирини редаксионӣ низ ин мавзуъ матраҳ шуд ва банда муваззаф шудам, ки онро пайгирӣ кунам. Мо Метавонем!
Душанбе чанд фонтан дорад?
Тавре ба мухбири мо дар шуъбаи ободонии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, айни замон дар шаҳри Душанбе 40 мавзеъи бо фаввора фаъолият доранд. Аз он ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ – 20 адад, дар миқёси ноҳияи Шоҳмансур – 9 адад, дар ҳудуди ноҳияи Сино – 7 адад ва дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ – 4 мавзеъи фонтандор фаъоланд.
Фонтан соати корӣ дорад?
Фаъолияти ин фаввораҳо аз 6 апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, фонтанҳо тибқи реҷаи махсус кор мекунанд. Масалан, то 23 июн соати корӣ барои ҳамаи фонтанҳо чунин буд:
– аз соати 8 то 12, танаффус аз соати 12 то 16 ва идомаи фаъолият аз соати 16 то 20.
Пас аз 23 июн бо назардошти ҳарорати баланди гармӣ реҷаи фаъолияти фонтанҳо иваз карда шуд:
– аз соати 7 то 24, танаффус аз соати 12 то 16.
Яъне, ҳамин ҳоло фонтанҳои пойтахт аз соати 7-и субҳ то нисфи шаб кор карда, дар гармтарин соати рӯз танаффус мекунанд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа ин амал ба хотири тоза намудани фаввораҳо аз партову баргу хазону коғаз сурат гирифта, яке аз сабабҳои дигараш ин сарфаи қувваи барқ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани системаи фонтанҳост, ки аз таъсири ҳавои гарми шадид метавонад аз кор барояд.
Фаввораҳои давлатӣ ва хусусӣ
Нигоҳубини фаввораҳои пойтахт бар зиммаи идораву сохторҳои давлатии шаҳриянд. Масалан, фонтанҳое, ки дар боғҳои шаҳранд, зери назорати мудирияти поркҳо мебошанд. Фаввораҳои майдонҳои Дӯстӣ, Истиқлол, муҷассамаи Садриддин Айнӣ ва «Наврӯзгоҳ» бошад ба Раёсати ободонӣ ва хоҷагию коммуналии ноҳияҳои пойтахт шомиланд.
Аммо ҳастанд фонтанҳое, ки хусусӣ буда, нигоҳубини онҳо бар зиммаи ширкату ҷамъиятҳост. Фарзи мисол, нигоҳубини фаввораи назди тарабхонаи «Бурак» бар зиммаи мудирияти ин тарабхона аст, мисли оне, ки фонтанҳои тарабхонаву марказҳои савдои дигарро ҳам бояд ширкатҳое, ки вазифадор шудаанд, нигоҳубин намоянд.
Фонтанҳои “қарздор”?
Эроди дар матлаби хеш гирифтаи Зариф Ғулом дар мавриди кор накардани фаввораҳои гулгашти шафати Маркази савдои «Садбарг» дуруст аст. Силсилаи фаввораҳое, ки аз аввал то ба охири ин гулгашт бунёд шудаанд, айни замон кор намекунанд. Барои пурсидани сабаби кор накардани фаввораҳои мазкур мо ба МИҲД н.Шоҳмансур муроҷеъ шудем, аммо касе посухи аниқ надод. Гуфтанд аз роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» суол кунем, зеро нигоҳубини ин фаввораҳо бар дӯши ин корхона аст. Дар ин корхона низ вақти омадани мо касе аз масъулин пайдо нашуд, ки суҳбат кунад.
Танҳо аз 1 нафар корманди бахши ободонӣ, ки дар гулгашт аз пайи тамизкорӣ буд, фаҳмидем, ки қарзи истифодаи барқу оби ин фаввораҳо хеле зиёд буда, ба хотири ин фонтанҳо кор намекунанд.
Ва агар шумо хонандагони гиромӣ дар вақти реҷаи кории фаввораҳо дар мавзее дидед, ки онҳо кор намекунанд, пас бидонед, ки шояд сабаб дар қарздории сохтору идораи ба он муваззаф аст, на дастуру супориши шаҳрдорӣ.
Шаҳрро чӣ гуна бояд салқин кард?
Ҳафтаи пор ҳарорати гармӣ аз 45 дараҷа боло рафта, рӯзҳои истироҳати оянда низ тибқи пешгӯии обуҳавошиносон боз гармии ҳаво аз 45 дараҷа боло хоҳад рафт. Агар яке аз вазифаҳои фаъолияти фонтанҳо ин бахшидани зебоӣ ба шаҳр бошад, вазифаи дигарашон муътадил нигоҳ доштани обу ҳавои муҳит аст. Аммо танҳо бо фонтанҳо намешавад шаҳри калонро дар тобистон салқин кард.
Воқеан ҳам масале ҳаст, ки «ҳамсоя аз ҳамсоя панд мегираду зардолу аз зардолу ранг». Яъне таҷрубаи ҳамсоягонро омухтан зиён надорад. Ҳафтаи гузашта, бар асари гармии шадид, шаҳрдории Тошканд барои пешгирӣ аз сӯхтор ва хушкшавӣ ба дарахтони шаҳр ҳамарӯза об пошида, тамомии ҳавзҳои шиновариро боз намуд. Дар баробари оббозӣ дар ҳавзи фонтанҳо, тошкандиҳо дар ҳавзҳои умумишаҳрӣ низ барои салқин шудан оббозӣ мекарданд.
Ошхонаву тарабхонаҳои шаҳри Тошканд ҳудуди берунии худро бо чатрҳои бузург пӯшида, фонтанчаҳои хурди ҳавоӣ, ки аз боло об мепошиданд, насб намуданд. Мошинҳои обкашон беист ба гулу гиёҳ ва кӯчаву хиёбонҳо об мепошиданд, то каме ҳам салқин шавад. Чаро дар Душанбе низ аз ин таҷриба истифода набарему лоақал ба дарахтон об пошида, онҳоро аз чангу хок нашӯем!? Ҳар бегоҳ мебинам, ки мошинҳои обкашон ба гулу гиёҳу алаф дар ҳудуди Сирки давлатии Тоҷикистон об мепошанд, вале боре надидаам, ки дарахтонро дар ш.Душанбе бишӯянд.
Оби харида ташнагиро намешиканад…
Шояд хонандаи гиромӣ маро таъна занад, аммо боз мисол меорам шаҳри Тошкандро. Тамомии фавворачаҳои обнӯшии умумишаҳрӣ – «питьевые фонтанчики» фаъоланд. Шумо ёд доред чанд сол пеш дар Душанбе низ шумораи онҳо зиёд буду онҳо об доштанду дилхоҳ шахс хам шуда, об нӯшида, ташнагиро дар фасли гармо мешикаст? Муҳим оби ройгон буд!
Чунин фавворачаҳо имрӯз анқариб, ки дар шаҳр нестанд ва агар бошанд ҳам хушканд, об надоранд. Чунин фавворачаҳои обнӯшии зебои мармарӣ дар майдони Маҷмааи Истиқлол низ вуҷуд доранд, аммо боре надидам, ки аз онҳо об шорад. Оби харида – 330 грамм 5 сомонӣ магар ташнагиро мешиканад!?
Обанбор – роҳи дигари салқиншавӣ
Кӯли Варзоб ва обанбори Чорбоғ, ки дар даромадгоҳи пойтахт қарор доранд, барои муътадил нигоҳ доштани обу ҳавои пойтахт дар фасли тобистон бунёд шудаанд. Муҳандисони советӣ қариб, ки дар наздикии ҳар 1 шаҳри хурду бузурги СССР кӯлу обанбор месохтанд, ки 2 мақсад дошт:
– яке барои муътадил нигоҳ доштани обуҳаво дар фасли гармо ва дигаре захираи об дар сурати бе об мондани шаҳр.
Кӯли Варзоб имрӯз тағйир ёфтаву ба «Кӯли Душанбе» табдил ёфтааст ва мисли пешин оби казоӣ ҳам надорад. Обанбори хурди Чорбоғ низ солҳои охир камоб шуда, кӯли Ҷавонон, ки дар маркази шаҳр қарор дорад, имконияти салқин намудани тамомии шаҳррро надорад.
Зимнан шояд замоне расидааст, ки ҳамон идеяи шодравон Акбари Саттор, раиси ИЖТ-ро, ки мехост дар дарёи Душанбе 1 оазис – обанбори муосир барои тафреҳу қаиқронӣ ва оббозӣ бунёд ёбад, роҳандозӣ кунанд. Ҳамин ҳоло вақте дарёи Душанбе бозсозӣ шуда истодааст, имконият ҳаст то дар рӯбарӯи КТН «Шарқи озод» ва тарабхонаи «Яккасарой» бо пеш гирифтани об ва бунёди 1 обанбори сунъии оҳану бетонӣ, ки метавон онро бо механизми махсус болову поин кард, 1 оазис – обанбори аҷоиб сохт, боз ҳам дар соате, ки тибқи лоиҳа дар шафати дигари дарё порк бунёд мешавад. Чаро не?
Сирдарё, ки дамбаи сунъӣ зада шудааст, чӣ қадар Хуҷандшаҳрро зебо кардааст! Чаро дар Душанбе чунин дарё насозем? Шумо 1 бор тасаввур кунед, дарёи Варзобро бардоранду дар он киштиву қайиқҳо дар шино бошанд, Душанбешаҳр ба Венетсияву Санкт-Петербург табдил меёбад. 100% бовар дорем, агар лоиҳа пешкаш шавад, муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони мо, аз ин проект пуштибонии пуливу моливу ҳуқуқӣ хоҳад кард.
Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР
