Зебоӣ дунёро наҷот мебахшад
Аз қадимулайём субҳ барои модару хоҳари тоҷик аз обпошию рӯбу чини ҳавлию саҳни беруни дарвозааш сар мешуд. “Аз “хата” – и ман дур аст!” намегуфт. Ҳар рӯз саҳари барвақт, ҳама масти хоби ширини саҳар, аз баҳри хобу истироҳат гузашта, ин корро анҷом медод, чаро ки намехост, бо гарду чанги роҳ либоси роҳгузаронро олуда созад. Аз норозигию песондани шавҳар, таънаю маломати мардуму “чалфас” лақаб гирифтанаш меандешид. Тарбияи аз хурдӣ дар зеҳнаш ниҳодаи падару модар ба ин иҷозат намедод. Мабодои дар хоб мондану фурсат наёфтан, барояш шармандагии калон ҳисоб меёфт.
Момаҳою модарони мо бе доштани одитарин шароиту имконоти рӯзгор ба ҳама кор фурсат меёфтанду шиквае надоштанд. Бо 1 тағораю 1 собуни сиёҳ тозагию ҳолати озодагии хонадону фарзандонро дар сатҳи баландаш нигоҳ медоштанд. Не шикояте буду не бечоранолӣ ва на баҳонаҷӯиҳо.
То саҳар мондани табақу косаи хӯроки шомхӯрда, убол ва кори наҳс ҳисобида мешуд. Ҳоло бошад, баръакс шудааст. То чангкашаку обгармкунакҳои барқӣ дар ихтиёр доранду корҳо ҳама дӯлоб. Аз назди биноҳои истиқоматии бисёрқабата аз дасти хошоку партовҳо гузашта намешавад. Пешгоҳи биноҳо бо доштани ин қадар кадбонуҳои каҷпаҳлу зада нишаставу кнопкаи Ғ-ро зеркарда, моҳҳо рӯи ҷорӯбу обпоширо надидаанд. Ҳол он ки фарзандони онҳо, худи онҳо он ҷо бозию гашту гузор мекунанд. На танҳо тозакорӣ, балки ғаждиҳои кардаи худу фарзандонашонро намебардоранд. Сатилҳои пури ахлоти ба дасти кӯдакон додаашон то партовгоҳ нарасида, рӯю канори роҳ, бехи буттаҳо мехобанд. Пои кас ба памперсу пучоқи тарбузу харбуза бармехӯрад. Дар бораи шишаҳои пластикии холии обнӯшӣ, қуттиҳои пасмондаи яхмосу шоколад, беҳтарин анъанаи миллӣ – ҳашар ва шанбегиҳои коммунистӣ, ку ҷои гап намемонад. Ҳамроҳ бо фаросату тозагӣ, анъанаҳои неки миллии чандинасраамонро низ аз даст додан дорем.
“Санитар” – ҳои ихтиёрӣ
Ҳамарӯза мушоҳида мекунам, ки чанд зане, баъзеҳояшон кӯдакони хурдсол ҳамроҳ, ғарами бутилҳои плостикиро ҷамъоварӣ намуда, дар баҳои музде ба нуқтаи қабул, ки шумораашон хеле кам аст, месупоранд. Бо ин корашон ин “санитарҳои ихтиёрӣ” ҳам рӯзгор пеш мебаранд, ҳам дар кори хайри ба партовгоҳи калон табдил наёфтани пойтахти кишвар саҳм мегузоранд.
Мошинҳои партовкашонӣ низ шабу рӯз дар хизматанд, ки аз ҷойҳои партовҷамъшавӣ ахлоту партовҳоро берун аз шаҳр мебаранд. Аммо онҳо наметавонанд, ки аз даруни ҳар ҷӯйбор, бехи буттаю дарахтон, дохили подъезду лифт партовҳоро ҷамъоварӣ намоянд. Истифодаю бар ҳар куҷое рост омад, партофтани ҳар гуна ашё мумкин, аммо ҷамъоварии онҳо мушкил аст. Пас чӣ бояд кард, то шаҳри мо пок шавад?
Ҷарима сангин, то ҳабси 10 рӯза шавад!
Имрӯз мардон бо 1-2 миллион сомонӣ дар биноҳои ба ном “новостройка” хона харида, евротаъмир карда, сипас занҳои чалфаси худро кашида оварда мешинонанд. Мешинонанду дигар парво надоранд, ки ин кадбону бо чӣ кор банд аст. Ин занҳо ба истилоҳ “Чати дом” ё худ гурӯҳи кадбонувонро таъсис медиҳанд, якеро сардор мемонанд, то бо поккорӣ банд шаванд. Натиҷа чи мешавад? Ин чату групчатҳо ба ҳақоратхонаи мардуми ин дом табдил меёбад. Шабу рӯз якдигариро сиёҳу бадномсозӣ. Дар чат дигаронро мазаммат карда, нигоҳ намекунанд, ки бачаҳои хурдсолшон, чун партовҷо маҳкам аст (барои бӯ накардан 100% партовпартоҳоро дар новостройкаҳо ғайриқонунӣ кардаанд!!!), ахлоту мусорро дар даҳлез, подъезд, гузаргоҳ, ошёнаҳои гуногун мерезанд. Зимнан пешниҳод дорем, органҳо ба кор дароянду мардумро барои ҷазир кардани пойтахт ҷарима ва ҳатто ҳабс кунанд. 100 занак 10 рӯзӣ нишаст, бовар кунед, Душанбе гулгулшукуфон мешавад!
Нуқтаҳои қабули зарфҳоро бештар гардонем!
Нуқтаҳои қабули зарфҳои пластикию шишагиро дар шаҳру ноҳияҳо зиёдтар кардан яке аз роҳҳои дигари ҳалли ин масъалаи доғи рӯз мебошад. Ёд дорам, ки дар кӯдакиамон замони шуравӣ шишаҳои холиро аз роҳу рӯ ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаҳои қабул месупоридему пули ҳалолӣ меҳнатӣ кор мекардем, ки садҳо маротиба аз дуздию фиреб беҳтар аст, ҳарчанд дар муқоиса бо имрӯз шишаҳо хеле кам буданд. Дар шароити камбуди ҷои корӣ дар кишвар, истифода аз ҷузъитарин имконият хеле хуб аст, зеро бо шарофати он чанд нафар соҳиби ҷои кор ва чанд оила соҳиби нон мегардаду чанд модар имкони ба фарзанди хурдсолаш харида додани ширинии дилхоҳашро пайдо мекунад. Ҳатто дар давлатҳои рушдкардаи бо иқтисодиёти қавӣ ин тадбир кайҳост, ки амалӣ мегарданд.
Заводи коркарди мусор лозим
Дар аксарияти давлатҳои рушдкарда, заводҳои коркарди партов фаъол аст. Дар мо низ замоне ба ин кор даст заданд, вале тавре 1 журналисти номдори тоҷик, ки ба гуфтаи худаш мехост «Леди Мусор» шавад, нақл кард, ба ин кор даст задаву пушаймон гардид. «Рақобат ку нест, вале лабташнаҳои даромад аз партов зиёд шуданду маҷбур тарки кишвар намудам – мегӯяд ӯ ва меафзояд- «партови моро ҳоло ба Ӯзбекистон мебаранд ва он ҷо коркард месозанд».
Чаро партовамонро худамон чун ашёи хом фурӯшем? Пахтаву пиллаву тилову нуқраву мису симобу уранро чун ашёи хом мебаранд. Наход мусорамонро ақаллан коркард кардан набитвонем? Ин суолест ба масъулини соҳаи вазорати саноат ва технологияҳои навини кишвар…
Кори имрӯз ба фардо магузор!
Мутаассифона, имрӯзҳо на танҳо дар соҳаи мазкур, балки кулли соҳаҳо аз камбудию нуқсонҳо мавҷуда чашм мепӯшанд, ки дар натиҷа онҳо болои ҳам зам шудан мегиранд ва илоҷи охиринаш дар ниҳояти кор бо харҷу масраф ва заҳмати бисёртар ҳаллу фасл мегардад. Мисоли одӣ, агар ҳамарӯза қуттиҳои партовҳоро тоза накунем, он аз лабу даҳонаш сар мезанад ва ба кӯҳ табдил меёбад. Бо таги хок кардани зарфу баклашкаву памперсҳо кор ҳалли худро намеёбад. Ташкилоту корхонаҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар пешгирӣ аз ин мушкили пешомада бояд ҷиддан фикр кунанд ва дар ҳамдастӣ бо аҳли ҷомеа ба он нуқта гузоранд. Ҳалли саривақтии проблемаи мазкур ба ҳалли чандин проблемаю мушкили доғи дигар нуқта мегузорад. Намегузорад, ки онҳо рушд кунанду дарди сари аҳли ҷомеа гарданд.
Аҷобати корро бинед, дар тақвияти матлаби мо Соиби Табрезӣ, баклашкаҷамъкуниву бутилгиродвариро гӯиё сутуда бошад, ки мегӯяд:
Ин шишапораҳо, ки дар ин боғ рехтаст,
Дар буттаи гудоз ба ҳам боз мерасанд.
Мирзо Рустамзода,
СССР,
Тел: 753320505
