13 ПАРВАНДА БАРОИ ҒАСБИ ЗАМИНИ МАКТАБ

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар 35 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 174 ҳолати ғайриқонунӣ додан ва ё худсарона ишғол кардани заминҳои муассисаҳои таълимиро дар майдони 21,5 гектар ошкор кардааст. Дар натиҷаи он 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, оид ба бартарафсозии ин қонунвайронкуниҳо 101 амр, 24 пешниҳод ва ба 36 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, эътирозҳои прокурорӣ оварда шуданд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

– Дар давоми 6 моҳи соли равон дар асоси амрҳои мақомоти прокуратура 12 ҳазору 406 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ дар давраи ҳисоботӣ 4 ҳазору 342 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо 2 ҳазору 481 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 38 ҳазору 893 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Давоми нимсолаи аввал ба маблағи зиёда аз 773 миллион сомонӣ зарар барқарор шудааст, ки аз ин 273,7 миллион сомонӣ ба манфиати давлат мебошад, таъкид дошт Юсуф Раҳмон.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube