Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 2 298 духтур ва 575 ҳамшираи тиб намерасанд.
Тавре Ҷамолиддин Абдуллозода, афзуд, дар шаҳри Душанбе 49 табиб ва 39 ҳамшираи тиббӣ, дар вилояти Хатлон 778 табиб, дар вилояти Суғд 579 табиб ва 54 ҳамшираи тиб, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 412 табиб ва 319 ҳамшираи тиб, дар ВМКБ 23 табиб ва 6 ҳамшираи тиб, дар муассисаҳои тиббии хусусӣ 149 табиб ва 67 ҳамшираи тиб ва дар дигар вазорату идораҳо 153 табиб ва 105 ҳамшираи тиб намерасад.
74 921 кг дору нест карда шуд
Ҳамзамон, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 315 муассисаҳои фармасевтӣ зери назорат қарор дода шуда, ҳангоми санҷишҳо аз онҳо 1202 номгӯй доруҳо ва молдҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат буда, аз муомилот гирифта шуд. Дар ин муддат 74 921 кг дору, молҳои тиббӣ ва маводи ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда ва муҳлаташон гузашта несту нобуд карда шуд.
Тавре Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба журналистон иттилоъ дод, айни замон дар кишвар 57 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 560 намуд ва 320 номгӯи доруЮ, молҳои тиббӣ ва коркарду бандубасти гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 корхона, 40 намуд ва 12 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад.
