ВКД сабабаи садами Кӯлобро шарҳ дод
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби садамае, шоми 06.08.2023 дар ш.Кӯлоб ба вуқуъ пайваста, 12 кушта ва 14 маҷруҳ ба бор овард, шарҳ дод.
– Тибқи хулосаи пешакӣ садама бо мошини борбар бо иллати аз кор мондани таҷҳизоти таваққуфдиҳанда (тормоз) сар задааст. Дар Дарвоз садама накардаасту лекин мушкили вобаста ба таҷҳизоти манъкунанда пайдо шудааст. Лекин дар онҷо бартараф карданд, ҳаракат карда қариб 100 километр боз ҳаракат кардааст. Аз ҳама нишебии вазнин, ки худи Шӯрообод ва Кӯлоб аст, гузашта омадааст ва дар ҳамин ҷо ҳодиса сар задааст, – гуфт Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон.
