ЛАГЕРИ ПИОНЕРӢ

Муассисаи тарбиявию тандурустии пионерон ва талабагони 7-15 – сола дар СССР, ки дар таътили тобистона ва зимистона аз тарафи шуроҳо ва комитетҳои Иттифоқи касаба, дар якҷоягӣ бо комитетҳои комсомолӣ, ташкилотҳои хоҷагӣ, раёсати колхозҳо, маорифи халқ, нигаҳдории тандурустӣ, комитетҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва ғайра созмон дода мешуд.

Лагерҳои пионерӣ дар СССР аввали солҳои 20-уми асри гузашта дар маҳалли зист ё корхонаҳои азим таъсис ёфта буданд. Идеяи истифодаи лагерҳои пионерӣ барои истироҳат ва тандурустии мактаббачаҳо ба Раиси Ҷамъияти Салиби Сурхи Россия З.П. Соловёв тааллуқ дорад. Чунин як лагери типи нав соли 1925 бо унвони «Артек» созмон ёфт.

Лагери пионерии беруназшаҳрӣ шакли асосӣ маҳсуб ёфта он барои бачаҳои ҷисман заиф, инчунин баъзе бачаҳои дардманд, нутқашон нуқсдор созмон дода мешуд.

Барои мактаббиёне, ки дар шаҳр мемонданд, лагери пионерии шаҳрӣ созмон меёфт, ки дар он бачаҳо танҳо рӯзона истироҳат мекарданд. Лагерҳои пионерии шаҳрӣ бо мадади корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои боқувват роҳандозӣ мешуд.

Лагерҳои пионерии колхозӣ, байниколхозӣ низ амал мекарданд. Барои хонандагони мактабҳои миёна ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, лагерҳои тандурустӣ, варзишӣ, ҳарбӣ-варзишӣ, туристӣ, касбӣ, инчунин лагерҳои меҳнатӣ ва дамгирӣ низ вуҷуд доштанд.

Дар лагерҳои пионерӣ дружинаи пионерӣ амал мекард. Ҳайатҳои гуногуни ҳаваскорони санъат хотири бачаҳоро болида медоштанд. Мувофиқи қарори КМ КПСС «Дар бораи чорабиниҳои минбаъда беҳтар намудани ташкили истироҳати пионерон ва мактаббачагон (1974)» ба инкишофи муассисаҳои истироҳати мактаббачаҳо эътибори ҷиддӣ дода мешуд…

ҶБВ

Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қатъи назар аз вазъияти хавфнок Ҳукумати Советӣ ва ПК Иттифоқи Советӣ корро оид ба ташкил намудани лагерҳои пионерӣ ба боди фаромӯшӣ напартофтанд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо лагерҳои пионерӣ ҳатто дар давраи блокадаи Ленинград, дар тобистони соли 1942 амал мекарданд.

Дар оғози ҷанг лагери пионерии «Артек» ба шаҳраки Белокуриха эвокуатсия шуда, ҳайати он замон мактаббачаҳоро аз Сибир қабул карда буданд. Баъди озод гаштани нимҷазира «Артек» фаъолияти хешро тобистони соли 1944 дар Қрим ба роҳ монд.

Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон лагери пионерӣ соли 1927 дар дараи Киштути ноҳияи Панҷакент ва Шоҳдараи Помир таъсис ёфта буд. Дар Исфара 5 майи соли 1929 лагери пионерии округи Хуҷанд созмон дода шуд, ки дар он 202 нафар бачаҳо ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

Дар Тоҷикистон миқдори лагерҳои пионерӣ сол ба сол меафзуд. Соли 1938 дар Тоҷикистон 29 лагери пионерӣ мавҷуд буд. Соли 1980 дар 42 лагери пионерии беруназшаҳрӣ 32138 мактаббача истироҳат кардаанд.

Ба ҷуз ин ҳар сол аз РСС Тоҷикистон ба лагери пионерии умумииттифоқии КМ ВЛКСМ – «Артек» пионерони фаъолхонро мефиристоданд. Роҳ ёфтани нафаре ба «Артек» шарафи бузург ҳисоб мешуд…

То солҳои 90-уми асри XX лагерҳои пинерӣ аслан аз ҳисоби иттифоқҳои касаба (низоми ВЦСПС) ё аз рӯи принсипи коргоҳӣ барои кӯдакони коргарон созмон меёфт. Сатҳи таъмини лагерҳои пионерӣ аз коргоҳҳо вобастагӣ дошт.

 Артек

Лагери умумииттифоқии пионерии ба номи В.И. Ленин, дар соҳили ҷанубии Қрим, наздики Гурзуф воқеъ буд. Артекро соли 1925 КМ ВЛКСМ ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Россия асос гузоштанд ва он баъдан дар ихтиёри КМ ВЛКСМ монд.

Артек калонтарин шифохонаи бачагон дар СССР буда, тамоми сол кор мекард. Ҳудуди он 320 гектар буда, бештар аз 150 биною иншооти ҳозиразамон, аз ҷумла 40 хобгоҳ, 3 табобатхона, мактаби 8-сола, қасри пионерон, стансияи техникони ҷавон, варзишгоҳ барои 7 ҳазор нафар, 3 ҳавзи оббозӣ, музеи кишваршиносӣ, киностудияи пионерии «Артекфилм» ва ғайра дошт.

Ҳар сол дар 5 басти тобистона ва 4 сменаи зимистона зиёда аз 27 ҳазор пионеронро қабул мекард, ки аз онҳо қариб 300 нафар аз Тоҷикистон буданд. Дар Артек қариб 1000 нафар вожатийҳо, муаллимон, роҳбарони кружоку сексияҳо фаъолият мекарданд. Аз 300 нафар вожатийҳои отряд 5 нафар аз Тоҷикистон буд.

Дар роҳи тарбияи коммунистии пионерон корҳои муҳиме аз қабили форум, фестивал, гулхани пионерӣ, экскурсия, саёҳат (поход), мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегардид.

Шифохонаҳои Артек кабинету лабораторияҳои табобатию диагнозӣ, табобати шуоӣ, майдончаҳои спортӣ дошт. Воситаҳои асосии табобат аз терапияи табобат, оббозӣ, тарбияи ҷисмонӣ, туризм ва ғайра иборат буданд.

Арте маркази байналмилалии лагерҳои пионерӣ дар СССР маҳсуб меёфт ва ба ин истироҳатгоҳ ҳайатҳои расмии давлатҳои хориҷӣ даъват мешуданд.

Соли 1945 ба муносибати 20-солагиаш бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, соли 1957 барои фаъолияти пурсамар дар роҳи мустаҳкам намудани сулҳ ва дӯстӣ бо Грамотаи Совети Ҷаҳонии Сулҳ, соли 1975 ба муносибати 50-солагии рӯзи ташкилёбиаш бо ордени Дӯстии Халқҳо мукофотонда шудааст.

Лагерҳои пионерии умумииттифоқӣ

Солҳои 80-ум дар СССР доманаи 40 ҳазор лагерҳои пионерии беруназшаҳрӣ амал мекард, ки ҳамасола дар он 10 миллион бачаҳо истироҳат мекарданд. Аз ҳама бузургтаринаш инҳоянд:

– Лагери пионерии умумииттифоқии КМ ВЛКСМ «Артек» (вилояти Қрим, РСС Украина).

– Лагери пионерии умумииттифоқии КМ ВЛКСМ «Орлёнок» (кишвари Краснодар, РСФСР).

– Лагери пионерии умумииттифоқии «Космос» (кишвари Краснодар, Анапа, РСФСР), ҳозира ДСОК «Жемчужина России».

– Лагери пионерии умумииттифоқии КМ ВЛКСМ «Океан» (кишвари Приморйе, РСФСР).

– Лагери пионерии умумииттифоқии «Алые паруса» (вилояти Куйбишев, Ягодное, РСФСР).

– Лагери пионерии умумииттифоқии «Молодая гвардия» (вилояти Куйбишев, РСС Украина).

– Лагери пионерии умумииттифоқии «Зубрёнок» (вилояти Минск, РСС Белоруссия).

Лагерҳои пионерии Тоҷикистон

Шумораи зиёди лагерҳои пионерии беруназшаҳрии Тоҷикистон дар дараҳои хушманзараи Варзоб ва Ромит воқеъ буданд. Боқӣ дар ҳудуди шаҳру навоҳии нисбатан бонуфуз…

Дар ҳудуди ноҳияи Данғара то соли 1973 чунин як лагери пионерии нозанин дар болои деҳаи Паркамчӣ, дар умқи кӯҳ, дар ҷойи хушманзара мусаммо бо «Сияҳхор» арзи вуҷуд дошт, ки дар се моҳи тобистон мактаббачаҳои зиёде дар се баст истироҳат мекарданд.

Баъд ба ҳудуди деҳоти Себистон кӯчонда шуд (лагери «Сайёд»).

«БОЗСОЗӢ»

Дар давраи «бозсозӣ» (перестройка), ҳини ба сари қудрат омадани М.С. Горбачёв – Котиби генералии КМ КПСС кор дар ин бахш рӯ ба таназул ниҳод. Қисме аз лагерҳои пионерӣ ба худмаблағгузорӣ, ҳисоби хоҷагӣ ё кооперативӣ гузаштанд. Ҳамин тариқ дар истироҳати мактаббачаҳо ба оғози тиҷорат асос гузошта шуд.

Баъдтар як ҳиссаи лагерҳои пионерӣ аз ҷониби ашхоси «пулдор» харидорӣ шуд, ё аз ҷониби сохторҳои тиҷоратии самти туристидошта ба иҷора рафтанд, лагерҳои пионерии зиёде аз ҷониби муассисаҳои гуногун харидорӣ ё барҳам дода шуданд…

Баъди барҳам хӯрдани СССР самти сиёсӣ тағйир хӯрд, Ташкилоти умумииттифоқии пионерӣ ба номи В.И. Ленин барҳам дода шуд. Биноан лагерҳои пионерӣ ағлаб валангор, қисме ба манбаи даромади ашхоси маблағғундор гузашт…

 Умари ШЕРХОН

 P.S. Артекро ҳукумати феълии Россия умри дубора бахшид. Он бахусус дар даҳсолаи охир ба яке аз марказҳои шоиста ва волотарин барои мактаббачаҳо табдил ёфтааст.

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube