МАКТАБ БЕ ТАЛАБА МЕМОНАД…

Бародарам 40 сол боз омӯзгори фанни забони олмонист ва дар мушкилтарин рӯзҳо низ ба касби худ содиқ монда, ҳоло ҳам дар мактаби қишлоқи Деҳмиёна дарс мегӯяд.

– Баробари ба нафақа рафтанам мактаби ман ҳам, ба фикрам, баста мешавад, – мегӯяд муаллим бо алам. Ин мактаб 8-сола буд. Нисфи зиёди аҳолии деҳа ба Россия ва дигар ҷойҳо кӯчиду дар мактаб дар ҳар синф аз 1 то 4 талаба боқӣ монд. Шумораи муаллимон аз талабаҳо зиёданд.

Ба назарам, имсол ҳамин чанд нафар ҳам деҳаро тарк мекунанду мо на танҳо бе талаба, балки бе мактаб мемонем.

Мутаассифона, ҳоли деҳоти дигари атроф ҳам аз ин беҳтар нест. Мисол, аз як қишлоқи Вуж, ки ҳамагӣ 80 хона дорад, 20 соҳибхона дарҳояшонро қуфл карда, ба Россия ва дигар давлатҳои хориҷӣ кӯчидаанд. Аз 530 нафар аҳолӣ ҳоло дар деҳа ҳамагӣ 230 нафар мондаанд…

Оре, ҳамин аст вазъи воқеӣ…

Намедонӣ бигирйӣ ё бихандӣ!

Ато Мирхоҷа,

шоир

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube