ҚАРИБ 90 ҲАЗОР ЗАН РАФТ…

Дар нимсолаи якуми соли равон 89 ҳазору 493 нафар занон кишварро тарк намудаанд. Бино ба иттилои Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти онҳо аз интизории шавҳаронашон аз Россия хаста шуда, муҳоҷирати кориро ихтиёр намуданд.

Тавре Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ афзуд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ки он замон 57 ҳазору 451 нафар занон ба муҳоҷират рафта буданд, тавре ки мебинем, ин нишондиҳанда хеле зиёд шудааст. Ҷудошавии тӯлонии оила ба занҳо фишори равонӣ ва иҷтимоӣ оварда, онҳо ҳарчи бештар тасмим мегиранд, ки дар ҳаёти иқтисодӣ фаъолона иштирок намоянд ва ҳамроҳи шавҳаронашон дар хориҷа ҷойи кор пайдо кунанд ё дертар ба назди онҳо раванд, – гуфт раиси Кумита.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube