Салом СССР! Шаҳри мо Истаравшан шаҳри транзитӣ буда, пойтахтро бо ш.Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мепайвандад. Ҳамарӯза 100-ҳо меҳмон аз шаҳри мо мегузаранд, аммо муттаассуф шаҳри мо ифлос асту аз ин шарми кас меояд.
Аҷоиботи тобеияти бахши коммуналиро бинед: КЖКП-и ш.Истаравшан мустақиман аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и вилоят идора карда мешудааст. Ин дар ҳолест, ки КЖКП-ҳои шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва н.Б.Ғафуров дар назди МИҲД-и ин шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд. Аммо 15 шаҳру ноҳияҳои «ӯгай» барои чунин идоракунии «босамару оҷилӣ» соле аз даромади худ 8% ба ташкилоти болоӣ ирсол мекардаанд. Ин маънои онро дорад, ки 1 ҳиссаи муайяни маблағи партову хокрӯбаи оилаи Махсумовҳо то маркази вилояту ҷумҳурӣ мерафтааст!
Даркор шавад 100% гиред, аммо хизматрасонии коммуналиро дар сатҳи аъло ба роҳ монед, охир!
Бояд гуфт, ки танҳо 2 раиси собиқ ба маънои томаш масъулияти баланд ва рисолати таърихии шаҳрдориро дарку эҳсос карда, ба қавле 24 соат ба манфиати ҷомеа фаъолияти самаранок доштанд. Инҳо Қурбон Тӯраев ва Баҳром Иноятзода буданд.
Ҳоло замони нави рақобат, рушди бошиддати илму техникаю саноат аст. Бояд технократҳои стротег, боҷуръат, қарорқабулкунанда, раисони шаҳру ноҳия таъин карданд: ҷойи файласуфу суханвар, ҷангалшиносу филолог дигар кабинетҳои МИҲД аст, на кабинети №1…
Мо метавонем!
Маннон Махсумов,
ш.Истаравшан,
Тел:988097194
