21 616 ТАБИБУ 62 485 ҲАМШИРА

То 01.07.2024 дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 21 616 нафар табиб ва 62 485 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 2,1 ва 1,8% зиёд аст. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 1167 нафар табибон ва 2347 нафар кормандони миёнаи тиббӣ аз аттестатсия гузаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мутаносибан табибон 180 нафар зиёд ва кормандони миёнаи тиббӣ 1029 нафар кам мебошанд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube