10.08.2024. Сар аз имрӯз реҷаи раводид байни Тоҷикистон ва Эрон бардошта мешавад ва шаҳрвандони 2 кишвар ҳуқуқ доранд аз 30 то 90 рӯз бе раводид сафар намоянд, вале танҳо тавассути масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе.
Дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 1291 мард аз хушунат ва зӯроварӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оила шикоят кардаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 11 ҳолат зиёд аст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 тавассути ташхиси фаросавтӣ аз таваллуди 612 кӯдаки маъюб пешгирӣ карда шуд.
Шумораи нафақахӯрони мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2024 дар умум 815 658 нафарро ташкил намуд, ки164 823 нафарашон маъюбанд.
Ҳайати олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14.08.2024 тавассути хатсайри Париж – Тошканд – Душанбе ба Ватан бармегардад. Дӯстдорони варзиш метавонанд ба пешвози варзишгарони тоҷик ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бароянд.
