БИНОҲОИ ОБОД ГАШТА ХАРОБ

Ҳоҷӣ Нуров, яке аз хонандагони доимии газетаи мардумӣ, нафақахур меҳмони идора шуда, пешниҳод намуда буд, ки мухбирони газетаи СССР ба мавзуи раванди бунёди биноҳои нави истиқоматӣ дар ш.Душанбе, шарту шароити ҳамкории ширкатҳои биносозӣ бо харидорон ва онҳое, ки бар ивази тахриби манзили зисташон бояд аз биноҳои навбунёд соҳиби хонаи нав шаванд, таваҷҷуҳ намоянд. Зеро солҳои ахир шумораи биноҳои навсохте, ки қомат меафрозанд ба маротиб афзуда, аммо ҳамоно мушкили манзил вуҷуд дорад. Алалхусус, мардум аз он шиква доранд, ки домсозон замин ва манзили хубро тахриб карда, бар ивазаш 4 девори холӣ медиҳанду халос. Ба замми ин сохтмон ва ба истифода додани биноҳо низ тул кашида, баъзе аз биноҳо бо гузашти 5-6 сол аз муҳлати муайяншуда, аз комиссияи давлатӣ нагузаштаанд.

Бояд гуфт, ки 2 шумора пеш роҷеъ ба ин проблема 1 матлаби калони таҳлилӣ ба нашр расонда, дар он дар бораи ширкатҳои биносоз, домсозони бовиҷдону бевиҷдон, талаботи шаҳрсозӣ ва ба инобат гирифтани шартҳои соҳибманзилон суҳбат карда будем. Имрӯз дар идомаи ин мавзуъ, ки вокуниши хеле зиёд ба бор овард, мо дар бораи иншооти бунёдшаванда дар ш.Душанбе ва миқёси ҷумҳурӣ, талаботи нави шаҳрдорӣ ва санҷишҳои Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем гуфт.

Лозим ба ёдоварист, ки оморе, ки зимни пайгирии ин мавзуъ СССР ба даст овард, бори нахуст дар матбуоти даврӣ нашр ва истифода мешавад. Мо метавонем!

 

Душанбе: бунёди 1065 бинои баландошёна дар 7 сол

Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати иттилоотию таҳлилии МИҲД ш.Душанбе хабар доданд, шумораи манзилҳои истиқоматии наздиҳавлигӣ аз соли 2017 то соли 2024 191 ададро ташкил намуда, дар ин муддат 1065 биноҳои баландошёна сохта шудааст.

Шумораи хобгоҳҳои сохташуда – 8 адад, хонаҳои хизматӣ – 14 адад, биноҳои маъмурии вазорату идораҳо – 15 адад, дафтарҳои корӣ – 6 адад, биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 9 адад, иншооти фарҳангӣ – 3 адад, Боғи фарҳангӣ – 2 адад, толори варзишӣ – 2 адад, майдони варзишӣ – 1 адад, донишгоҳу донишкада – 3 адад, муассисаҳои таълимӣ – 27 адад, боғчаҳо – 62 адад, иншооти соҳаи тандурустӣ – 8 адад, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ – 27 адад, тарабхонаву ошхона – 7 адад, меҳмонхонаҳо – 6 адад, бинои сафоратхонаҳо – 4 адад ва корхонаҳои саноатӣ – 22 ададро ташкил медиҳанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и ш.Душанбе дар 12 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ – васлгарӣ ва дар 15 иншооти дигар корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ дар ҳаҷми 214 миллион сомонӣ иҷро гардидаанд.

Дар ин давра, дар соҳаи маориф низ корҳои азнавсозию сохтмонӣ дар 24 иншоот барои 23 450 ҷойи нишаст дар 1 баст ва дар 56 муассисаи томактабӣ барои беш аз 11 220 ҷой, ки дар зери биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва алоҳида ҷойгир мебошанд, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Шаҳрдорӣ: талабот сахттар шуд!

Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе таъкид медорад, ки бо дастуру супоришҳои вежаи Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе назорат аз рафти сохтмони иншооти нав, хоса биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ хеле сахту ҷиддӣ буда, ширкатҳо ва соҳибкорони ҷудогонае, ки даст ба қаллобӣ мезананд ва ё дар сари вақт иншооти хешро аз комиссияи давлатии қабул гузаронда наметавонанд, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

– Сокинон набояд фикр кунанд, ки шаҳрдорӣ дар ин самт тадбире намеандешад, мо ҳамарӯза аз вазъи сохтмони биноҳои баландошёна, алалхусус онҳое, ки сохтмонашон тул кашида истодааст, боздид ба амал меорем. Аксарият проблема доранд ва барои бартараф кардани онҳо дастуру супоришҳо медиҳем, вақте иншоот ба талаботи комиссияи давлатии қабул мутобиқат мекунад, қабул мешавад, – афзуд Ҷамшед Табарзода дар суҳбати хоса бо мухбири СССР.

Бояд гуфт, ки тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ва ҳамзамон раиси ММ МО ҶТ соҳибкороне, ки даст ба бунёди биноҳои баландошёна мезананд, бояд дар суратҳисоби худ на кам аз 1 млн доллари амрикоӣ дошта бошанд. Ин кафолатпулии мардум аст, ки дар сурати муфлис шудани сохтмон ва ё фирори домсозон бо пули мардум, ба харидорон ҷуброн карда шавад.

Талаботи дигари шаҳрдорӣ он аст, ки ба ширкату соҳибкороне, ки ба сохтусози биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ машғуланд, танҳо пас аз комиссияи давлатӣ гузаштани 1 бино, иҷозати сохтмон барои бинои дигар дода мешаванд, ки беҳтарин дастур аст.

 

28:00 – Маркази тамос

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ш.Душанбе ба тамомии сокинони пойтахт тавсия медиҳад, ки дар сурати пеш омадани мушкил, на танҳо коммуналӣ ва проблемаҳои обу барқу партов, балки вобаста ба сохтмон низ метавонанд бо Маркази тамоси МИҲД ш.Душанбе бо рақамҳои 28:00, ки ҳамзамон ба 4 ноҳияи пойтахт пайваст аст, дар тамос бошанд.

Арзу шикоят доред? Марҳамат занг занед!

 

629,5 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ дар 6 моҳ

Тавре дар Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири СССР хабар доданд, моҳҳои январ-июни соли 2024 дар мамлакат фондҳои асосӣ ба маблағи 4 миллиарду 783 миллиону 800 ҳазор сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1,7 баробарро ташкил медиҳад) ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 8 миллиарду 425 миллиону 100 ҳазор сомониро (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 119%) ташкил додааст. Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 81,5%-ро ташкил медиҳад) ба истифода дода шуданд.

-Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 18 миллиону 580 ҳазору 377 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расонданд, ки ин 118,7 фоизи ҳамин давраи соли 2023-ро ташкил намуд, – таъкид дошт зимни нишасти матбуотӣ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ.

 

$440 барои 1 метри квадратӣ

Коршиносони соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат бар он ақидаанд, ки барои сохтмони 1 метри квадратӣ манзили истиқоматӣ бо дарназардошти штукатуркаву рангу зардевору лӯлакашӣ ва лифту барқу равшанӣ ба ҳисоби миёна 440 доллари амрикоӣ (ҳатто бо фоида) сарф мешавад.

Яъне, арзиши 1 метри квадратӣ манзил бояд аз ин маблағ зиёд набошад, вале мо ба ин маблағ чӣ мегирем? 4 девори холӣ…

 

 4714 далели камбудӣ дар сохтмон

Мутобиқ ба талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбати сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ санҷишҳо гузаронида шуданд:

 

Шумораи шаҳру ноҳияҳо 65
Сохтмони иншоотҳое, ки зери санҷиш қарор гирифтанд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ (адад) 1147
Шумораи назорати сифати корҳои сохтмонию васлгарии гузаронидашуда 2010
Камбудӣ ошкор карда шудааст, адад 4714
Амрнома дода шудааст, адад 714
Ҷарима баста шуд, (сомонӣ) 790940

 

Рафти иҷозатномадиҳӣ барои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ:

 

Муроҷиатҳое, ки дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 барои гирифтани иҷозатнома ворид гаштааст, (адад) 348
Иҷозатнома дода шуд, (адад)

Ҷавоби рад дода шуд

Дар баррасӣ мебошад

256

29

63

Барои аз як сатҳ ба сатҳи дигар гузаронидани сатҳи масъулиятнокӣ муроҷиат ворид шуд, адад 109
Қонеъ карда шуд, адад

Ҷавоби рад дода шудааст

Дар баррасӣ мебошад

77

7

25

Аз ҳисоби ҳаққи иҷозатнома ба буҷет ворид шудааст, сомонӣ 180 216

 

Ҳолати аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳо:

 

Шумораи лоиҳаҳои сохтмоние, ки дар нимсолаи якуми  соли 2024 барои гузаронидани ташхиси давлатӣ ба Раёсати  экспертизаи давлатӣ пешниҳод шуданд 365
хулосаи мусбӣ гирифтанд 272
хулосаи манфӣ гирифтанд 3
мавриди баррасӣ қарор доранд 87
аз эътибор соқит карда шуд 3

Шумораи лоиҳаҳои сохтмон аз рӯи манбаъҳои маблағгузорӣ чунин мебошанд: аз буҷети давлатӣ – 68 адад, грант – 43 адад, худмаблағгузор – 253 адад.

Озмоишгоҳи замонавӣ барои санҷиши мехсутунҳо

Бино ба маълумоти Низом Мирзозода Кумита ҷиҳати ҷавобгӯ будани сохтмони биноҳо ба талаботи муосир ва бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда бо мақсади таъмини зилзилатобоварии бинову иншоот, барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоотҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия таъсис додааст.

-Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ, тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад. Мақсади асосии санҷиш, ин муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад, таъкид медорад раиси Кумитаи мазкур.

Яъне, мову шумо – онҳое, ки дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанду онҳое, ки аз бинои баландошёна хона харидаанд, бояд мутмаин бошанд, ки бино аз рӯи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд ёфта, ба зилзилаи то 12 бала омода аст. Умедворем!

 

Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт!

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳое, ки нияти харидани манзили нав доранд ва он нафароне, ки бар ивази тахриби манзилҳояшон қарор аст соҳиби хонаҳои нав гарданд, бояд бо хонасоз талаботу хостаҳои худро дар миён гузошта, иҷрои шартҳои худро талаб намоянд.

  • Имрӯз он замоне нест, ки биносоз ба харидор шарт гузорад, имрӯз вақти он расидааст, ки харидор бояд дар назди биносоз шарту шароити худро ба миён гузорад. Дар ин самт институтҳои зиёд кор мекунанд ва ба қавле муштарӣ дар ҳама ҳолат ҳақ аст. Аз биносоз талаб кунед то барои шумо шароити заруриро муҳайё созад, инфрасохтор бунёд намояд, тавақуфгоҳ, майдончаи бозии кӯдакон, нишастгоҳ созад. Лозим шавад хонаи шуморо таъмиру тармим кунад, зеро бояд созаду кунад, талабот ҳамин аст!, – таъкид медорад Низом Мирзозода.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

А. Собир, суратгир – оператор

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube