АЗ БАҲОРИ АРАБ ТО ЗИМИСТОНИ СНГ

 Баҳори соли гузашта ташаннуҷи авзо дар кишварҳои араб, ки то ба имрӯз идома дорад, ҳамаро дар ҳайрат андохт, баъди 9 моҳ ба кишварҳои Осиёи Миёна кӯч баст. Аввал дар Қазоқистон, баъд Қирғизистону Узбакистон ва Русия ҳам “баҳор” даррасид. Бубинед, ки аз 4 гӯша баҳори хунолуди араб Тоҷикистонро иҳота кардааст. Саҳл шуморидани ин ташаннуҷ камоли хирад нест. Зеро сулҳи бо хуни дил бадастомадаи кишвари мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ беш аз ҳар вақти дигар зери хатар қарор дорад. Агар сулҳ зери хатар аст, пас истиқлолият ва ба думбол давлату давлатдорӣ ва миллату низоми рӯзгори мо пурра зери хатар қарор доштааст. Ҳаракати баҳори хунолуди арабро як қатор омилҳо ба андешаи мо метозонад. Аз онҳо ёдовар мешавем, то миллат дар сурати зарурӣ ҳис кунад, ки аз кадом самт худро бояд дифоъ кард.

 

Дар заминаи эътиқод

Дар ин вазъияти ҳассос тафриқаи мазҳабии муфтиву Тӯраҷонзодаҳо собит сохт, ки то ҳанӯз бадхоҳони миллат ба ҳайси олоти тафриқа метавонанд осонакак эътиқоди мардумро истифода баранд. Дар эътиқод бошад нуқтаи заъф ҳамоно мазҳабгароист. Ҳамакнун бархурди 2 мазҳаб – шиа ва суннӣ рӯйи даст аст. Вале чаро мазҳаб? Бо баъзе аз бузургтарин уламои исломи ҷумҳурӣ амдан во хурда, дарк кардам, ки бисёрашон аз тарси мардуми авом, ки манбаи даромади масоҷид маҳз онҳо маҳсуб мешаванд, пойбанди кашмакаши мазоҳибанд ва дар ин гирудор танҳо такя ба фоидаи маъош зиндагонӣ доранду бас. Яъне, уламои гиромӣ хело беҳтар аз мо дарк мекардаанд, ки муҳтавои асосии исломдорӣ мазҳабдорӣ нест. Вале думболаи нафс мераванд! Авом низ, ки шаттаи ҷанги муллоҳоро хӯрдаан, гумон аст ба ин наздик ва ба ин тундӣ думболаи ишон бархезанд. Яъне, мазҳаб наметавонад калиди иғво гардад.

 

Дивизияи 201 – ангезаи тафриқа

Охири моҳи ноябр ҳукумати Русия дархост дар мавриди тамдиди мӯҳлати будубоши дивизияи 201 рус ба ҳукумати кишвари мо ирсол дошт. Русия сахт мехоҳад пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон ақаллан то ним асри дигар бимонад.

Дар навбати худ, кӯчонидан ва чобаҷогузории он дар қаламрави Русия аз лиҳози иқтисодӣ ниҳоят амали сангин ва ҳатто номумкин аст. Худ тасаввур кунед, 1 танки вазнини ин дивизия то Русия чӣ миқдор сӯзишворӣ масраф мекунад. Ҳудуди 10.000 литр керосин.Тавассути қатора низ кашонидани лавозимоти ҷангӣ ва анҷоми дигари дивизия амри муҳол аст. Яъне, кучонидани ин дивизия барои Русияи кунунӣ тамоман номумкин аст. Аз ин лиҳоз, ҳукумати кишвари мо набояд дар қабули қарор дар мавриди тамдиди муҳлати будубоши пойгоҳи низомии рус шитобкорӣ кунад.

 

Тамдид ва ё таҳқири 49 сола?

Тамдиди мӯҳлат ба муддати 49 сола худ таҳқир аст. Амрико ҳам дар ин минтақа манофеи худро ҷуёст. Муддати 11 сол аст, ки Бин Лондани набударо дар Афғонистон кофта, билохира гӯё пайдо карда, кушт ва нобуд сохт! Бин Лодан капут шуду ӯро касе надид, ки надид; моҷарои Уссомаи набуда ҳамоно моҷарои бомбаҳои атомии набудаи Ироқро ба хотир меоранду бас.

Баргардем сари Дивизияи 201. Агар лоиҳаи тамдиди пойгоҳи низомии Русияро напазирем, Маскав чӣ иқдомро алайҳи кишвари мо рӯйи даст гирифта метавонад?

Аввалин ва шояд ягона зараре, ки Русия ба Тоҷикистон расонда метавонад, ин ҳамон иқдоми классикӣ – яъне роҳандозии инқилоб (Қирғизистон) ва ҳуҷуми барқосои низомӣ (Гурҷистон соли 2008) аст. Барои ин сабаб ҳам ёфтааст; 2 моҳ пеш қазияи 1 халабони урусро ба кор даровард, чун самар дод, ин бор “генотсиди рус дар Тоҷикистон”- ро роҳандозӣ мекунад. Ин ҳамаро шӯхӣ напиндоред. Гурҷистони соли 2008 аз ёдатон рафт?

 

Депутати Девонахӯ ва журналисти иғвогар

Ахиран, ҳафтаи гузашта таввасути телевизионии НТВ–шабакаи зертобеи Алишер Усмонови ӯзбак, дар намоиши “Честный понедельник” депутати девонахӯ Владимир Жириновский ҳамроҳ бо 1 журналисти иғвогари рус – Егор Холмогоров моро бо он гунаҳкор карданд, ки гӯё дар солҳои 90 – и асри пор, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қатли оми русҳои маскуни Тоҷикистон сурат гирифта аст. Сафсатта будани инро на танҳо ману ту, хонандаи арҷманд, хуб медонем, балки аҳолии русзабони мо низ медонанд. Аммо ин маънии онро надорад, ки кор саҳл аст. Тасаввур кунед, агар аз зумраи русзабонони фироркарда аз ватани мо чанд нафарашон ба хотири дарёфти боз ҳам обрӯйи арзон ва бечораю бенаво қаламдод кардани худ ба Жириновский ва Холмогоров барин русиёҳон забон 1 кунанду бар алайҳи тоҷикон шоҳидӣ диҳанд, медонед чӣ мешавад? Дар ин сурат мо забокӯтоҳ шуда, на танҳо муҳлати будубоши дивизияи хунхорро ба 49 соли дигар тамдид мекунем, балки ҳоҷатхонаҳои онро низ баҳри минбаъд дар харитаи ҷаҳон боқӣ мондан ме-шӯ-ем.

 

Узри батар аз гуноҳ

Баъди иғвогарии 2 “дебил” мақомоти расмии Тоҷикистон чунон раддияе пахш кард, ки гумон мекунӣ дар ҳақиқат қатли оми русҳо дар кишвари мо ҷой доштааст.

Таҳқирро бо таҳқир ҷавоб гуфтан лозим, ҷанобон, бас аст подхалимӣ дар дохил ва дар хориҷи мамлакат барои золимон! Суханро ба дарозо накашида, пешниҳод дорем, ки ҳукумати Тоҷикистон расман аз Маскав дархост кунад, ки ба ҷойи ҳамин депутати девонахуй ва журналисти ҳарзагӯяш бахшиш пурсад.  Дар сурати акс, Қӯшуни 201 оҷилан аз Тоҷикистон ронда шавад!

 

Тоҷикистон интизори баҳори сабз аст

Тоҷикистон феълан дар интизори баҳори сабз аст, на чуноне, ки бадхоҳон мехоҳанд баҳори сурх. Нигаронии мо аз фарорасии баҳор ҳамон ҳақиқатест, ки аз таҷриба ҳосил шудааст. Ба хотир биёред ташаннуҷҳои солҳои 90 – и асри порро. Анқариб ҳамагӣ баҳорон сар заданд. Тобистон ва зимистон, танҳо идома ёфтанд. Баҳманмоҳи соли 1990, арафаи баҳор буд. Гирдиҳамоиҳои майдонҳои арғувонии пойтахт ва навоҳӣ низ, одатан дар баҳор авҷ мегирифтанд, ки билохира ба хунрезӣ барои тамоми сол оварда расониданд. Аксиомаест, ки ҳар қадар зимистони кишвар хунук омада бошад, баҳораш то ҳамон андоза гарм мешавад. Яъне, гумон меравад кишварро ҳамин баҳор бадбахтиҳои зиёде интизоранд. Аммо дар гумон аст, ки ин бор миллат сахтиҳои ба сараш омадаро таҳаммул карда тавонад. Миллат баъди шикастҳои ҳазорсола дар даврони ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон, ба қадри кофӣ рӯйи “таъмир”- ро надидааст, гарчанде таъмир ва ё эҳёшавӣ бо суръати баланд роҳандозӣ шуда буд. Таърих гувоҳ аст, ки 20 ё ҳатто 50 сол барои эҳёи 1 миллати шикаста мӯҳлати ниҳоят кам аст.

Аз ин рӯ, моро ҳушёрии сиёсӣ лозим асту ҳукуматро реформаи ҷиддӣ, яъне солхӯрдагонро бояд ба истироҳати меҳнатӣ роҳӣ карду зимомро ба ҷавононе бубояд дод, ки ақалан вобастагии андешавӣ бо Маскав надоранду коре карда метавонанд…

Аҳмади Иброҳим,

ш. Кӯлоб,

махсус барои СССР

09.02.2012

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube