МОЛИЯ ПУЛИ 1 СОЛАРО ДАР 3 МОҲ КУҶО КАРД?

Салом СССР! Санаи 11.04.2024 ба номи раиси шаҳр ариза навишта, аз шаҳрдорӣ барои кӯмаки молиявӣ дархост намудам. Бояд гуфт, ки банда ҷанговари башардӯст буда, бояд аз баъзе имтиёзҳо бархӯрдор бошам, вале чунин нест ва гоҳо бо сабаби танқисии рӯзгор маҷбур мешавем қалам ба даст гирифта, ариза нависему аз масъулин тақозои кӯмак кунем.

Ҷои зикр аст, ки раиси ш.Кӯлоб ҳамеша ба доди мо мерасад ва зимнан ба аризаи ман имзо гузшта, онро ба Раёсати молияи ш.Кӯлоб барои баррасӣ равон  кард. Аз раиси ш. Кӯлоб барои ин сипосгузорам!

Аммо вақте ман ба сардори Раёсати молия Ҳ.Раҳимов муроҷиат намудам, мавсуф бо дағалӣ ва бидуни пурсупос гуфт, ки маблағҳои барои кӯмак ва ё имтиёзҳои мо – ниёзмандон ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистону садамаи Чернобил ҷудошуда, аллакай дар квартали аввали соли 2024 тамом шудаанд. Яъне, пул тамом, пул нест, пуле, ки барои кӯмакпулии 1 сола ҷудо шуда буд, дар 3 моҳ тамом шудаст. Хеле аҷиб аст, пуле, ки бояд аз сол ба сол бақия монад, дар 3 моҳ тамом шудааст. Муҳтарам вазири молия, 1 бор намепурсед, ки онро ба кӣ дода бошанд? Зеро то ҷое ман медонам, ҷанговарони башардӯст онро надидаанд!

15.05.2024 ба унвонии ман аз номи Ҳ.Раҳимов, сардори Раёсати молияи ш.Кӯлоб ҷавоби расмӣ омад, ки бо сабаби номусоид будани вазъи буҷети маҳаллӣ имконияти ҷудо намудани кӯмак ва маблағҳои иловагӣ ғайриимкон аст (ниг. ба акс). Бо назардошти ин посух ва дар умум ҷавоби шифоҳии Ҳ.Раҳимов ман аз вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода пурсиданиям, чӣ гуна маблағе, ки барои кӯмакпулӣ барои 1 сол ҷудо мешавад, дар 3 моҳ ба охир мерасад? Мабодо 3 моҳ пас мо касал шавем, яъне бояд бимирему дигар кумакпулии дорувор нагирем?

Алихон Шарипов,

ш. Кӯлоб,

Тел: 940600008

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube