ОДАМИ НАВ!

Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон дар дунё тақрибан 20% мардҳо ба ҳунари занҳо тақлид мекунанд. Имрӯз мо дар бораи Марде хоҳем гуфт, ки ӯ аз касбу кори худ розӣ буда, ба занҳо ҳунар меомӯзонад. Марде дар ҷануби Тоҷикистон манзили истиқоматии худро ба осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ табдил додааст. Кист ӯ ва чӣ шуғл дорад?

 

Эҳёи ҳунари аҷдодӣ

26.07.2024. Соат бо вақти Душанбе 15:20 дақиқа. Ростӣ, хонандаи азиз, мо овозаи ин марди ҳунарро шунида, дербоз ба дидораш рафтанӣ будем. Азбаски супоришҳои редаксионӣ хеле зиёд аст, мо навбатро ба ин рӯз мавқуф гузоштем. Барои пайдо кардани ин марди боҳунар ба мо мудири шӯъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати н.Қабодиён Зӯҳро Ҳақназарзода кумак намуд. Аёнамон гашт, ки дар ҳудуди ноҳия ҳунарҳои мардумӣ авҷу нумӯъ дораду қӯроқдӯз хеле зиёд аст. Вале қӯроқдӯзи асилу номдор 2 нафаранд: Яке зан дигаре мард, ки ахирӣ ба 20 шогирд ҳунар меомӯзад. Муалима Зӯҳро илова кард, ки ин мард 13 сол шуд, ки ба қӯроқдӯзӣ сарукор дорад.

 

Ӯ кист!?

Худойназар Ҷабборов, сокини ҷамоати деҳоти Эшмурод Ниёзови н. Қубодиён буда, 54 сол дорад. Аз нисф зиёди умри худро ба ҳунари қӯроқдӯзӣ бахшидааст. Қӯроқ 1 ҳунари пайвандкунии матоъҳои мухталиф бо истеъдоди нотакрорест, ки аз латтакӯҳна метавон шедевре оварид! Дар вақти суҳбат аён гашт, ки акои Худойназар дар оилае таваллуд шудааст, ки дар онҷо танҳо бо латтапораҳо сару кор мегирифтанд. Шояд дар байни онҳо ба воя расидану дар чунин муҳит тарбия ёфтан ӯро ба ин касб наздик карда бошад? Ӯ аз гузаштагонаш ёдоварӣ карда, ифтихор ҳам мекунад, ки маҳз ӯ мероси бобояшро пеш мебарад.

Ман намехоҳам ин касби авлодиям гум шавад, охир мо аз ҳисоби ин касб нон мехӯрему зиндагиямонро пеш мебарем, ном ёфтаем»

Дар муддати 13 сол акои Худойназар 8 намуди қӯроқдӯзиро ба намоиш гузоштааст.

Хона ё Осорхона?

Меҳри зиёд нисбати пешаи дӯзандагию тарроҳӣ буд, ки вай манзили истиқоматии хешро осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ намуд.

– Аз хурдӣ ба гулдӯзию бофандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шавқу рағбат доштам, ҳамин чиз сабаб шуд то 2 ҳуҷраи хонаи худро ба Осорхона мубаддал намоям. Зимнан ҳар сол дар пешорӯи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, дар манзили истиқоматии мо тибқи урфу одатҳои қадимаи ин иди ниёгон ҷашн гирифта мешуд. Саргардонии мо барои ҷамъ кардани даврию сӯзанӣ, кӯзаю дигар маҳсули дастии ҳунармандон зиёд буд. Ҳаминҷо идеяи ташкили осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ ба сарам омаду ҳар куҷое, ки маҳсули дасти ҳунармандони қадимаро дидам, харидорӣ карда, ба хона овардаму дар ҳуҷрае гузоштам, дар натиҷа шуд, осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ, – гуфт Худойназар

 

Хонаи дӯстдоштаи сайёҳон

Ба гуфтаи Худойназар, ташкили осорхонаи ҳунарҳои мардумӣ, натанҳо ба ӯ хуш омад, балки кори ноҳиядоронро низ осон кард. Зеро ҳоло ҳар ҷашну идҳо аз ашёи ҳамин осорхона масъулин фаровон истифода мебаранд. Ин мард тавонист мардуми ноҳияро ба сайёҳон ҳамчун миллати қадимаи дорои урфу одатҳои мондагор муаррифӣ кунад, ки ҳалолаш бод. Чунки дар замони кунунӣ мо кам мардонеро вомехӯрем, ки даст ба шуғлҳои занона баранд. Аслан гирем ҳунар набояд ҷинс дошта бошад. Зеро маҳсули эҷод агар писанди хотир афтод чӣ расад ба созандааш, ки мард аст ё зан?

Агар ба эҷоди ин соҳибкасб ошно шавед, мебинед, ки дасти одамизод гул асту аз матоъпораҳои нодаркоре, ки барои аксари мо нолозиманду онро ба партов мепартоем, мӯъҷизаҳо меофарад!!! Дастранҷаш муштоқони зиёдро ба ҳам меорад. Меҳмонҳои зиёд, махсусан сайёҳони хориҷие, ки ноҳия меоянд, албатта ба хонаи акаи Худойназар ташриф меоранд, то бо ҳунари ӯ шинос шаванду барои худ армуғон харидорӣ намоянд.

 

Қӯроқдӯзӣ – шуғли доимӣ

Ин марди ҳунар ба ҳамсар, келину фарзандон ҳам қӯроқ ва кӯртадӯзиро омӯзонидааст. Ҳамин аст, ки дар оилаи онҳо, ҳама ҳунарманд ба ҳисоб мераванд. Сарҷамъона, аз матоъпораҳо кӯрпаю болишт дӯхта, бо ин васила рӯзгори худро беҳ ва ҳоҷоти мизоҷонро бароварда месозанд.

Худойназар Ҷабборов, аз зумраи мардонест, ки бо ҳунари волои тароҳию қуроқдӯзии хеш, нишон дод, ки мардон ҳам метавонанд, куртаю либосҳои гуногунро аз занҳо дида хубтар дӯзанд. Ҳунармандони асил ба гунаи акои Худойназар, бо заҳмати шабонарӯзӣ, натанҳо дунёи хешро рангин месозанд, балки ҳунари қадимаи аҷдодиро зинда нигоҳ дошта, дар ороиш ёфтани хонаҳои сокинони зиёд, махсусан навхонадорон саҳм мегузоранд. Воқеан ҳам ба 1 мард 40 ҳунар кам будааст!

Мо Метавонем!!!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР

н. Қабодиён

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube