Аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024 3324 (3221) ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 ҷиноят ё 3,2% зиёд буда,1185 (1215) ҷиноят ошкор карда шудааст.
Тавре Авазҷон Назарзода, прокурори вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ дод, кушодашавии ҷиноятҳо 83,89 фоизро ташкил дода, содиршавии ҷиноятҳои терроризм 100%, ғоратгарӣ – 50 %, авбошӣ 57 – %, муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар – 19 %, дуздӣ – 5 %, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ – 7 % афзоиш ёфтааст.
Аз ҷониби прокуророн дар 6 моҳи аввали соли 2024 ҷамъан 214 ҷиноятҳои аз қайд пинҳонмонда ошкор ва ба қайд гузошта шудааст, ки аз он 67 парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст. Бо натиҷаи баррасии пешниҳодҳои прокуророн 165 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
СССР
