Бино ба итиллои Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 дар макотиби кишвар норасоии 2670 омӯзгор ба қайд гирифта шуд.
– Бояд гуфт, ки омори норасоии омӯзгорон пас аз анҷоми соли хониши сипаришуда ҳисоб гашта, баъди оғози соли хониши оянда метавонад тағйир ёбад. Бо мақсади бартараф намудани норасоии омӯгорон 2 ҳазору 170 нафар донишҷӯ дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳамаи онҳо ба ҷойи кори муваққатӣ ҳозир шудаанд, – қайд намуд Раҳим Саидзода.
Тавре вазир афзуд, соли ҷорӣ зиёда аз 13 ҳазор нафар самти омӯзгориро хатм кардаанд. Аз ин теъдод, тахминан 9 ҳазору 300 нафар ба таври буҷавӣ ва 620 нафари дигар тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд.
