Ҳасани аробакаш қаҳрамони асари устод Турсунзода аст, ки дар авоили ҳукумати СССР ба cap бурдаву то ахир намехост тағйири касби пуршарафи аробакашӣ кунад. Ҳасанҳои муосир аз касби худ шарм медоранд, вале барои дарёфти қути лоямут дастаи аробаро аз даст раҳо карданӣ нестанд. Чаро? Барои посух ба ин суол ва ошноӣ бо зиндагонии ҳамсолони аробакаши худ мо вориди бозори Шоҳмансури пойтахт шудем.
Дар нуқтае, ки истгоҳи аробаҳост, ҷавонони зиёде ҷамъ омадаанд. Аксарияти аробакашҳо гуфтанд, ки аз «касби барои Ҳасан пуршараф» шарм медоранд. Aммo зиндагонӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки партаи мактабу Донишгоҳро ба дастаи ароба бадал кунанд. Саид ном ҷавоне гуфт, ки «акнун шумо менависеду мо аз ҳамин ҷои кор низ маҳрум мешавем». Саид аслан бовар надошт, ки барои онҳо ҳукумат ҷои кор таҳия кунад. Ӯ бовар танҳо ба «клиент», чархи ароба ва зӯри бозӯ дораду бас. Насим, аробакаши дигар изҳор дошт, ки танҳо бо нияти ҷамъ овардани пули билети ҳавопаймо кор мекунад, то ба Русия ба муздурӣ равад. Дар ин маврид, яке аз ҷавонон ба шарикон гуфт, ки «гап назанен, ки ҳамата хизмат мебаран!»
Маълум шуд, ки ҳамаи мусоҳибони ман нияти тағйири касб доранд. Суоле матраҳ аст, ки чаро ишон аз касбе, ки онҳоро мехӯронаду мепӯшонад ор доранд? Шояд ин ҳавову ҳаваси ҷавонист ва ё онҳо дарк кардаанд, ки ин касб ба онҳо равшание дар пеш нахоҳад афрухт?
Байни ишон ҷавонони донишмандро низ дучор метавон шуд. Ба гунаи мисол Манучеҳр Шарипов, сокини ноҳияи Восеъ 2 сол дар Донишгоҳи исломии пойтахт таҳсил кардааст. Бо сабаби сангинии рӯзгор донишгоҳро тарк кардаву аробакаш шудааст. Манучеҳр умед дорад, ки боз донишҷӯ шавад. Ҳадафи нави аробакаши ҷавон Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистон аст. Нафари дигар, ки номашро нахост бигӯяд, афзуд, сабаби усулии тарки Донишгоҳ кардану аробакаш шудани ӯ устодони ришвагир будаанд. Ин нафар гуфт, устодон аз ӯ ришва талаб кардаанд ва чун пул надошт «аз донишгоҳ хориҷ шудааст». Ӯ мегӯяд, «галстукҳои фасонро устодон аз ҳисоби пули мо мебанданд» …
Воқеан ҳам ҳини суҳбат бо аробакашҳо ва дар муҳити ишон будан ҳис менамоӣ, ки ҳар яке аз ин ҷавонон умеде, орзуе дар дил доранд, ки дар бисёри маврид аз ифшои он худдорӣ мекунанд. Ва аммо дақиқан ягон нафари онҳо орзӯи идомаи касби пуршарафи Ҳасани Турсунзодаро надошт. Пас чи орзуе доранд, Ҳасанҳои муосир??? Сиррест, ки мо натавонистем онро бикшоем. Аммо дилсардие амиқ ва ноумедие қавӣ дар ҳар сухани ишон ба гӯш мерасид, ки рӯи қоғаз овардани он барои мо гаронӣ дорад.
ФАРЗОНАИ ШАЪБОН, «СССР»
№6 Панҷшанбе 16 октябри соли 2008 СССР
