МО ЭРОНИЕМ Ё ТУРОНӢ?

Имрӯзҳо дар посух ба ибтикори наҷиби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати нашр ва ба ҳар хонаводаи тоҷик эҳдо гардидани “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ суҳбату ҳамоишҳо, маҳфилҳои шоҳномахонӣ, тафсиру ташреҳи ин шоҳасар аз ҷониби радиову телевизион ва дигар расонаҳои ахбори омма, инчунин олимону шахсиятҳои ҷудогона зиёд пахш мегарданд. Албатта, “Шоҳнома” мисли 1 уқёнуси беканор аст ва расидагӣ кардан ба тамоми паҳлуҳои он аз имкони зеҳниву ҷисмонии 1 донишманд берун аст. Хусусан, ҷуғрофиёи таърихии ин асар, ба вижа, даврони Пешдодиёну Каёниён, хеле мушкилу мураккаб буда, мутаассифона, то имрӯз ҳаллу фасл нагардидааст.

 

Ҷуғрофиёи Шоҳнома

Донишмандон ва пажӯҳандагони берун аз кишвари мо ҷуғрофиёи ин шоҳасарро ба 2 бахш – Эрон ва Турон ҷудо карда, ин 2 сарзаминро дар асоси таъйиноти анъанавӣ – Эрон соҳилҳои чапи руди Ому ва Турон – соҳилҳои рости ин руд мавриди баррасӣ қарор додаанд. Мо имрӯз мувофиқи анъанаи қабулшуда худ ва сарзаминҳоямонро дар шумули кишвари Турон маҳсуб медонем. Агар чунин бошад, пас мо бояд Салму Тур, Афросиёб, Пирон, Комус ва бисёр дигар шоҳону паҳлавонони турониро қаҳрамонони миллии худ дониста бошем ва Кайхусраву Рустам, Гударзу Геву Тусу Бежану Сиёвушу дигаронро бегона ҳисоб кунем. Хориҷиёне, ки моро туронӣ мешуморанд, ба ин назари мо чи гуна баҳо медиҳанд? Агар воқеан мо туронием, таърихи туронии худро, сарфи назар аз чигунияш бояд қабул дошта бошем. Аммо мо танҳо бахши эрони бостонии “Шоҳнома”-ро ҳамчун таърихи халқи худ қабул дорему аз шоҳону паҳлавонони он ифтихор дорем. Аммо дар шумори сарзаминҳои таърихии туронӣ маҳсуб шудани сарзаминҳоямон чӣ мешавад?

…Аз замони подшоҳии Каюмарс то подшоҳии Ҳумой Эрони бостон дар шарқи Осиёи Миёна арзи ҳастӣ кард. Баъди муҳоҷирати ориёиҳо Эрони бостон ба тасарруфи Турон даромад. Ва дар тайи зиёда 3 ҳазор сол сарзаминҳои Эрони бостон бо номи Турон муаррифӣ шуданд. Ин назар дар замони ҳаким Фирдавсӣ низ бисёр ҳукмраво буд, аз ин лиҳоз, дар “Шоҳнома” марзи миёни Эрони бостону Турон дарёи Ҷайҳун дониста шуд, на Сайҳун. Ва аз ин ҷост, ки ин Сайҳун ё ки Сирдарё, ки яке аз 2 руди бузурги Осиёи Миёна аст, дар “Шоҳнома” зикр нашудааст.

Баъди муҳоҷирати ориёиҳо дар замони Куруш ва Доро аксари ҷойномҳои Эрони бостон, ки дар шарқи Осиёи Миёна воқеъ буданд, дар сарзаминҳои Эрони кунунӣ ва минтақаҳои ҳамҷаворашон дубора номгузорӣ гардиданд. Аз ҳамин ҷост, ки бисёр номҳое, ки дар “Шоҳнома” зикр гардидаанд, дар 2 минтақа – дар шарқи Осиёи Миёна ва дар Эрону Афғонистон, Ироқу Озарбойҷон ва ноҳияҳои атрофашон вуҷуд доранд. Дар таърихномаҳои хитоӣ номҳои Порс, Кобул, Кашмир, Зобул, Балх ва ғайра дар шарқи Осиёи Миёна ва ғарби Хитойи кунунӣ зикр шудаанд. Инчунин дар асарҳои асримиёнагӣ номҳои Бағдод, Боб, Испана (Исфаҳон), Фаран (Варан), Нисо, Ҳомоварон, Балх, Тамеша, Ситарх-Истахр, Канобад (Конибодом), Работ (Райбад) ва ғайра вуҷуд дошта, баъзе аз он номҳо имрӯз низ боқистанд.

 

Хоразм ё Саразм?

Саразми кунунӣ ин Хоразми “Шоҳнома” ва “Авесто” аст. “Хушбахтӣ”-и боқӣ мондани Саразм (Хоразм) он аст, ки дар натиҷаи кадом фалокате таги хок мондааст. Вагарна бо чунин усули шаҳрсозии он даврон, ки аз хишти хому гилу санг сохта мешуд, дар тайи 4-5 ҳазор сол ҳеҷ осоре аз он шаҳр боқӣ намемонд. Ҳамин тариқ, аз пойтахтҳои Эрони бостон осоре боқӣ намондааст.

Албатта, ҷойи шукру сипос аст, ба ориёиҳое, ки бо сабаби муҳоҷираташон аз шарқи Осиёи Миёна ба минтақаҳои, ба истилоҳ, Эрони ғарбӣ, бисёр китобҳову таърихномаҳои даврони Пешдодиёну Каёниён, аз ҷумла “Авесто”, маҳфуз монд. Вагарна, онҳо аз ҷониби турониён нобуд карда мешуданд. Дар замони лашкаркашии Искандари Мақдунӣ сарзаминҳои кунунии Афғонистон Эрон ё Эронвиҷ номида мешуданд. Танҳо соли 1935 Эрони кунунӣ чунин номида шуд.

Дар асоси пажуҳишҳои бисёрсолаам, эълом медорам, ки он 5 пойтахти Эрони бостон инҳо буданд:

  1. Балхи нахустин, маркази давлати Пешдодиён аз Каюмарс то Ҷамшед – дар ғарби водии Фарғона, тақрибан дар он ҷое воқеъ буд, ки ҳоло баҳри Тоҷик ҷой гирифтааст.
  2. Бабар, Баври – пойтахти давлатҳои Ҷамшед ва Заҳҳок, ҳоло Боб, дар вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар водии Фарғона;
  3. Таммеша – пойтахти давлати Фаридун, ҳоло бо номи Тамоша дар вилояти Бодкени Ҷумҳурии Қирғизистон, дар водии Фарғона.
  4. Истахр, Ситарх – пойтахти давлати Кайхусрав, ҳоло деҳа бо номи Старғ, дар ноҳияи Ванҷ.
  5. Балх (Балхи дуюм, Балхи шимоли Афғонистон Балхи сеюм аст) – пойтахти давлати Гуштосп, то замони Ҳумой, набераи Исфандиёр, ҳоло низ деҳа бо номи Балх дар бисткилометрии шимоли шарқии маркази ноҳияи Лахш ҷой дорад.

 

Ҳадафи матлаб

Дар ин замони хеле мураккаби даъвогароӣ, фарҳанграбоӣ, таҳрифкории баъзе олимони кишварҳои хориҷ ин кашфиётҳои илмиямро барои миллату давлат хеле муҳим медонам ва аз ҷониби мақомоти марбутаи илмӣ, донишмандони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанашонро сидқан хоҳонам. Бояд манфиати миллату давлат дар ҷойи аввал қарор дошта бошад. Имсол низ дар кишварамон баргузории Конфронси байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома” дар назар аст. Умедворем, ки ин масъалаи хеле муҳими таърихӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

 

Муҳтарам Ҳотам

Шоири халқии Тоҷикистон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube