3 саммит дар 4 рӯз

Ҳафтаи пор дар таърихи дипломатияи Тоҷик ва давлатдории мо воқеан ҳам сермаҳсул ва ғанӣ буд. Зеро дар тули нимаи аввали он Сарвари давлати мо дар 3 саммит ширкат ва суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар мусбӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамааш аз сафар ба Россия сар шуд…

21.11.2023. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав омад.

Ҷузъиёти ин сафарро расонаҳои миллӣ гуфтанд, албатта, вале аз диди мо, муҳимтарин вежагии сафари расмӣ он шуд, ки В.В.Путин ахиран бар тамомии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон дод, ки киро дӯсти воқеӣ мешуморад ва ба кӣ бештар бовару такя дорад. Таври маълум, қабл аз ин сафарҳои расмии президентони ҳамсоякишвари мо низ ба Россия анҷом ёфтаанд. Вале ягон нафари онҳоро, бо ҳама иззату ҳурмат аз шахсияташон, ВВП ин қадар пазироӣ накард, ки сарвари давлати моро. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон 3-вумин нафаре гашт, ки дар таърихи давлатдорияш, Президенти Россия ба хонаи шахсияш дар Кремл ба меҳмонӣ хонд ва дар ошхонаи фардияш бо ӯ 1 пиёла чой гирифт. Чунин шараф, қаблан танҳо 2 нафарро насиб гаштааст:

  1. Си Зинпин-сарвари Хитой ва;
  2. Александр Лукашенко-президенти Беларус.
  3. Ва инак Эмомалӣ Раҳмон-Президенти ҶТ ба оташдони шахсии ВВП даъват шуд ва онҳо сари 1 дастархон чой нӯшиданд ва суҳбат оростанд. Шояд хонандаи ноогаҳ фарқе нагузорад, ки суҳбат дар Кремл аз суҳбат дар «кухняи президенти ФР» чӣ фарқе дорад? Дорад! Ещё как дорад!!! Ин ба маъниест, ки Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин узви 1 оилаанд! Дар ин маврид дигар ташреҳ лозим нест. Мо Метавонем.

Ҷиҳати дигари мусбии сафари мазбур ин ҳам шуд, ки ба Президенти ҶТ ордени “Барои хидмат дар назди Ватан дараҷаи III” тақдим гардид. Ин аз обрӯмандтарин ва пуршарафтарин ҷоизаи давлатист. Гуфтан ҷоиз аст, ки аз миёни сарварони кишварҳои ҳамсуд, бо ин орден, танҳо Президенти ҶТ сазовор дониста шудаасту бас. Зимнан нутқи 2 ҷонибро бо забони асл ин ҷо мекорем, ки фикр мекунам, русӣ-забони №2 дар давлати мо, барои хонандагони СССР бе тарҷума низ фаҳмост.

В.Путин:

Уважаемый Эмомали Шарипович, дорогой друг!

Сегодня Вам вручается высокая государственная награда Российской Федерации – орден «За заслуги перед Отечеством» III степени. Он является признанием Вашего огромного личного вклада в укрепление дружбы, стратегического партнёрства и союзничества между Российской Федерацией и Таджикистаном. Не будет преувеличением сказать, что самые значимые достижения в российско-таджикистанских отношениях – в политике, экономике, науке, образовании, культуре – непосредственно связаны с Вашей активной позицией, заинтересованным участием и поддержкой всех этих направлений и начинаний. За долгие годы совместной работы у нас с Вами сложились по-настоящему товарищеские, продуктивные, доверительные отношения, и это позволяет нам находить взаимовыгодные решения, сообща продвигать многоплановое сотрудничество между Россией и Таджикистаном, последовательно выстраивать их на принципах равноправия, взаимного уважения и учёта интересов друг друга.

Убеждён, что Вы и впредь будете уделять необходимое внимание развитию дружественных связей между нашими странами и народами. И хочу заверить Вас, уважаемый Эмомали Шарипович, что Вы можете рассчитывать на такой же подход с российской стороны. Ещё раз поздравляю Вас с наградой и желаю крепкого здоровья, дальнейших успехов в государственной деятельности и всего самого доброго Вам и всему Таджикистану.

Эмомали Рахмон:

Уважаемый Владимир Владимирович!

Благодарю Вас за решение наградить меня орденом «За заслуги перед Отечеством». Воспринимаю эту награду как высокую оценку моего скромного вклада в укрепление таджикско-российских взаимоотношений. Отношу её прежде всего к заслугам всего народа Таджикистана в деле неуклонного развития отношений стратегического партнёрства и союзничества с братской Россией. Мы настроены на дальнейшую тесную совместную работу по всестороннему продвижению всего комплекса взаимодействия наших двух стран.

Ещё раз благодарю Вас, уважаемый Владимир Владимирович, за высокую оценку и внимание к моей деятельности. Спасибо!

В.Путин: Поздравляю Вас!

 22.11.2023. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ба Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд. Дар ин сафар Ҷаноби Олӣ бо дӯсти деринаи худ Александр Лукашенко дидор ва гуфтугӯ кард. Таври маълум, Александр Лукашенко яке аз хирадмандтарин сарварони давлатҳои узви ИДМ ё худ СНГ мебошад. Бо маслаҳати ин пири хирад бисёр давлатҳои СНГ аз катаклизму табаддулот ҷилав гирифтаанд. Намунаи барҷастааш табаддулоти давлатии 04-05.01.2022 дар Қазоқистон аст, ки қариб Остонаи расмӣ миёншикан мегардид. Вале бо ташаббус ва дастгирии сарварони кишварҳои узви СПАД ин дасиса хомӯш шуд.

Рӯиҳамрафта, дар таърихи 24-25.06.2023, маҳз Лукашенко тавонист аз ««Марш справедливости»-и Евгений Пригожин, фармондеҳи сарвайрони ЧВК «Вагнер» ба сӯи Москва ҷилавгир шавад ва ин ошӯбро, ки метавонист ба ҷанги гражданӣ расонад, бе 1 тир, вале бо 2 даҳон гап, хомӯш созад. Ва лозим ба ёдоварист, ки Лукашенко аз ҳама сарварони давлатҳои ҳамсӯд маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон иззату ҳурмати вежа дорад, ки шахсан роқими ин сутур шоҳиди ҳол дар соли 2010, дар дохили Кремли Маскав, ҳини сарвари Россия будани Дмитрий Медведев будам, ки мавзуи суҳбати дигар аст. Мо метавонем!

24.11.2023. Соат ба вақти Боку 12:30 дақиқа. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот доир намуданд.

Пешвои миллат, дар ин дидор қайд карданд, ки мо ба муносибатҳои боэътимоди байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо баҳои баланд медиҳем.  Соли 2023, сарфи назар аз тамоюли буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле бобарор буд, ки яке аз падидаҳои муҳими он – сафари давлатии муҳтарам Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳалталаби минтақавию байналмилалӣ низ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон хоҳони ба минтақаи амну шукуфо табдил ёфтани Қафқози Ҷанубӣ мебошад.

Хотиррас мешавем, Қафқози Ҷанубӣ, баъди ба тасаллути Боку гузаштани Қарабоғи Кӯҳӣ, ноором гардид. Илҳом Алиев – Президенти Озарбойҷон дар ин гирудорҳо Иттиҳоди Аврупоро муттаҳам карда, санги маломат маҳз бар даҳони Эмануэл Макрон, президенти Фаронса куфта, гуфт:

– Порис на танҳо колония ё худ давлатғуломҳои пешинаашро дар Африқо мешӯронад, ки ҳатто ба Қафқози Ҷанубӣ низ бинӣ мехалонад» (ниг. ба СССР №46 (791).

Илҳом Алиев ба он ишора дорад, ки Иттиҳоди Аврупо баъди саргарангу ба доми бало кашидани Гурҷистону Украина, акнун ба домани Арманистону Молдова часпидааст, то вазъ дар қораи Қафқоз ва Аврупои шимолӣ, ё худ собиқ минтақаи Ғарби шуравӣ боз ҳам доғтар гардад. Ва ин дар ҳолест, ки дар тули тақрибан 2 соли ахири ҷанг дар Украина ҳазорон-ҳазор славянии дар собиқаи 30 сол пеш узви 1 давлати СССР ҳамарӯза мурдан доранд. Вазъият дар Афғонистон низ таври маълум буғранҷ боқӣ мондааст, ки таҳдид ба марзҳои ҷанубии собиқ давлати шуравист…

Воқеан ҳам дар ин гирудорҳо на ҳар кишвар тоб меорад. Зимнан бори дигар газетаи мардумии СССР аз хонандагони худ даъват мекунад, ки зиракии сиёсиро раҳо накунед, атрофи Ҳукумати марказӣ ва Сарвари хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон иттифоқи назар бубандед ва муттаҳидтар гардед. Мо Метавонем!

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube