ФЕЛИКСИ ОҲАНИН ЧЕКИСТИ №1-И СССР

  1. Давлат бе сиёсат намешавад

Баъди пош хӯрдани яке аз давлатҳои муқтадири олам – Иттифоқи Советӣ ба душманони дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ба қавли пирони кӯҳистон Худо дод. Ҳай гуфтанду ҷор заданд, ахир давлатро тика-тика карданд. Аз яккаҳукмронӣ рӯ тофта, ба ғорати дастаҷамъии давлат ҷадал намуданд. Хариду фурӯши корхонаву муассиса, заводу фабрикаҳо авҷ ёфт. Аз сотсиализм бозгашт ба капитализм, чизи наве ихтироъ накарданд. Ҳама хушҳолу хушнуд аз озодӣ, аз демократия, дарҳои тамоми муассисаҳову корхонаҷотро воз монданд. Ғорату дуздӣ, хариду фурӯш ба авҷи аъло расид. Аз ин тарзи кор мамолики абарқудрати Ғарб табли шодӣ заданд ва ба ҳама таҳу тарақи собиқ шуравӣ ҷосусон тор таниданд. Ончуноне шуд, ки ба қавли мардум саг соҳибашро намеёфт.

Таърих такрор шуд, мисли солҳои 20-30-юми садаи 20-ум. Ҳукумати Советӣ пас аз Инқилоби Октябр дар соли 1917, айнан ба чунин хараҷу мараҷ рӯ ба рӯ зад. Доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленин дар аввал ба ҳамсафони худ озодӣ, баробарӣ дод. Демократия аз лаби табақ мерехт, ҳар кас чи гапе мехост мегуфт, бо идеяҳои худ часпу талоши ҳукумат мекарданд. Инқилобчиёни чапу рост, коммунистону эссерҳо ё хайр дар ҷаласаву анҷуманҳо озод мегуфтанду якдигарро танқид мекарданд, ки ҳисобаш гум буд. Аммо низом аз даст раҳо хӯрд…

Ҳамсафони радаи аввали инқилобиён, дӯстони Ленин, ҳама хоҳони давлатдор шудан мекарданд. Бар асари инқилоб, ҷангу ҷидол, пархошҳо, гуруснагӣ, бенизомиву бетартибӣ ҳама ҷоро фаро гирифт. Наздик ба он буд, ки давлати нав соҳибшударо аз даст раҳо кунанд…

Акнун нафаре даркор буд, ки зимоми давлатдориро бар дӯш бигирад. Ва чунин нафарон дар он миён буданд: Феликс Дзержинский ва Иосиф Сталин…

Ин маротиб бо дархости хонандаи доимии рӯзномаи мардумии «СССР» дар бораи «Феликси оҳанин» – Комиссари халқии корҳои дохилии Иттифоқи Шуравӣ Дзержинский хоҳем гуфт.

 

  1. Феликс

Дзержинский Феликс Эдмундович (30.8.1877, уезди Ошмянск, губернияи Виленск – 20.7.1926, Москва), ходими давлатӣ ва ҳизбии советӣ, иштирокдори фаъоли ҳаракати инқилобӣ дар Полша ва Россия. Яке аз асосгузорони мақомоти амниятӣ ва иктишофии СССР.

 

Болшевик

Иштирокдори фаъоли маҳфилҳои марксистӣ дар Вилнюс (аз 1894), узви ташкилоти сотсиал – демократии Литва (1895), яке аз муассисони Ҳизби сотсиал-демократии Литва (1896), узви фаъоли ҲСД-и шоҳии Полша ва Литва (ҲСДШП ва Л.; 1900), роҳбари чапи он.

Соли 1897 бо ташаббуси Дзержинский дар Каунас (Ковна) барои даъвати коргарон ба инқилоб нашри рӯзномаи махфии «Коргарони Ковен» оғоз гардид, ки ин амал баъдан боиси ҳабс ва бадарға шудани ӯ ба губернияи Вятка шуд. Баъди фирор аз бадарға (1899) боз ба ҳаракатҳои инқилобӣ ҳамроҳ шуда, дар Инқилоби якуми рус (1905-1907) ширкат варзид.

Намояндаи ҲСДШП ва Л. дар Кумитаи марказии Ҳизби сотсиал-демократии коргарии Россия (1906) ва аз соли 1907 узви ин ҳизб.

Пас аз инқилоби февралӣ (1917) узви Кумитаи Марказӣ ва котиботи он (августи соли 1917), узви Кумитаи ҳарбӣ-инқилобии Петроград (октябри соли 1917), роҳбари амалиёти ишғоли маркази почта ва телеграф, узви ҳайати мушовараи Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (аз ноябри соли 1917), сардори Комиссияи фавқулодаи умумироссиягӣ (КФУ, аз 7.12.1917) буд.

Дзержинский дар мубориза бо ҳаркати аксулинқилобӣ аз тамоми усулҳо (куштори оммавӣ, ҳабскунӣ, нобудкунии асирон ва ғайра) истифода бурда, шабакаи кормандони махфии хабаррасонро дар ҳар корхона, муассиса ва қисми ҳарбӣ таъсис дода буд.

Комиссари халқии корҳои дохилӣ (КХКД, 1919-1923), ҳамзамон сардори шуъбаи комиссияи фавқулодаи умумироссиягӣ оид ба мубориза ба муқобили аксулинқилоб ва коршиканӣ (аз августи соли 1919), сардори шуъбаи хадамоти марзбонӣ (аз ноябри соли 1920), сардори Шурои ҳарбии қӯшунҳои муҳофизи ҳарбигардонида (аз октябри соли 1919), сардори қӯшунҳои хадамоти дохилӣ (аз ноябри соли 1920).

Дзержинкский яке аз ташаббускорони бадарғакунии ходимони намоёни илму фарҳанг ва руҳониён ба хориҷа буд. Аз соли 1919 сардори Идораи давлатии назди КХКД, ҳамзамон комиссари халқии роҳҳои алоқа (1921-1924), баъдан сардори идораи муттаҳидаи сиёсии давлатии назди Шурои Комиссарони Халқии (ШКХ) (аз сентябри соли 1923) ва ҳамзамон сардори идораи Шурои Олии хоҷагии СССР (аз феврали соли 1924).

Бо ордени Байрақи Сурх сарфароз гардидааст. Дар анҷумани Ҳизби коммунистии умумииттифоқӣ аз бемории сактаи дил фавтид ва дар назди девори Кремли шаҳри Москва дафн шудааст.

 

  1. Хонавода

Феликс аз хонаводаи дворянини майдамулки вилояти Мински Беларус аст. Кундаи оилаи онҳо аз Шляхтичҳои литвонӣ (амалдорони хурд дар Полшаи собиқ) мебошад. Бобои модариаш Игнатий Янушевский профессори Институти муҳандисии роҳҳои алоқаи Петербург буд.

Падараш Университети Санкт-Петербургро хатм карда, дар гимназияҳои мардона ва занонаи Таганрог аз фанни физика ва математика дарс мегуфт. Падараш аз бемории сил соли 1882 вафот кард. Феликс фарзанди 6-уми оила (аз байни 8 нафар) буд.

 

  1. «Яцек»

Гимназисти гимназияи Виленск Дзержинский соли 1894 ба кружоки сотсиал-демократӣ пайваст. Соли 1895 ба ҳизби «Сотсиал-демократии давлатии подшоҳии Полша ва Литва» дохил шуд. Байни шогирдони косибию фабрикӣ кружок мебурд. Шогирдон ҳамин давра ба ӯ унвони «Яцек»-ро лоиқ донистанд. Феликс дар ин давра ба омӯзиши марксизм рӯ овард. Соли 1896 аз курси охирини гимназия хонданро тарк гуфта, ба корҳои ҳизбӣ дода шуд.

 

  1. Ҳаракатҳои инқилобӣ, ҳабс, бадарға…

Феликс соли 1897 дар Ковно (ҳозира Каунаси Литва) корҳои револютсионӣ мебурд. Бо забони лаҳистонӣ газетаи ғайриқонунии «Коргари Ковен»-ро мебаровард. Моҳи июли ҳамон сол Феликсро ҳабс карда, моҳи августи соли 1898 ба муҳлати се сол ба губернияи Вятка бадарға намуданд. Як сол пас гурехта дар Варшава, дар барқарорсозии ташкилоти сотсиал-демократӣ, ки политсия торумор карда буд, кӯшиш ба харҷ дод.

Моҳи январи соли 1900 ӯро ҳабс карда, дар январи соли 1902 ба муҳлати 5 сол ба Вилюйск ба бадарға ҳукм карданд, аммо бо сабаби беморӣ дар Верхоленск монд. Моҳи июни соли 1902 гурехта ба Варшава баргашт.

Моҳи июли соли 1903 дар Берлин, дар съезди 4-уми Сотсиал-демократии давлатии подшоҳии Полша ва Литва узви правления (идора)-и асосӣ интихоб шуд. Феликс дар инқилоби якуми рус (1905-1907) фаъолона иштирок дошт…

 

  1. Ошноӣ бо Ленин

Соли 1906 вакили съезди 4-уми РСДРП буд. Дзержинский дар ҳамин ҷо бо В.И. Ленин вохӯрда, ҳамчун намояндаи ҲДШП ва Л ба ҳайати КМ РСДРП дохил шуд.

Тули солҳои 1906-1917 Дзержинскийро чандин маротиба ҳабс карданд. Вай дар умум 11 сол маҳбасӣ буду ба бемории сил гирифтор шуд. Се маротиба дар бадарға буд.

Моҳи феврали соли 1917 аз ҳабс озод гашта, ба ҳайати комитети Москвагии РСДРП (б) пайваст. Тобистони соли 1917 дар табобат буд. Ӯро ғоибона аъзои ВЦИК интихоб намуданд. Дар давраи Револютсияи Октябр, соли 1917 Дзержинский аъзои Маркази ҳизби ҳарбӣ-револютсионӣ ва Комитети Петроградии ҳарбӣ – револютсионӣ буд…

 

  1. Феликси оҳанин

Бо роҳбарии Феликс Эдмундович Дзержинский инқилобиён 7 ноябри соли 1917 (бо солшумории куҳан 25 октябр) Почтамти марказӣ ва телеграфро ишғол карданд. Дар торумор кардани Пётр Краснов иштирок дошт. Сардори отрядҳои муҳофизини Смолний буд. Аъзои Президиуми ВЦИК. Аз моҳи декабри соли 1917 то феврали соли 1922 Сардори Комиссияи умумироссиягии фавқулода оид ба мубориза бо контрреволютсия, коршикании (ВЧК), ГПУ ва ОГПУ буд.

Дзержинский яке аз созмондиҳандагони «Террори сурх» маҳсуб меёфт. Барои характери сахт (устувор) доштанаш, ки ба сангдилӣ (қатъият) мебурд, ӯро «Феликси оҳанин» унвон доданд…

 

Умар Алӣ

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube