РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: НИҲОЛ ХАР!

23.11.2023. Соат ба вақти Бохтар 09:35 дақиқа. Инак супориши навбатии идорӣ аз бозор харидани ниҳол то шинонидани он буд. Ростӣ ин дафъа супориш назар ба пешинҳо осонтар менамуд. То он вақте, ки ба бозор рафтаму аз нархи ниҳолҳо пурсон шуда, харидаму оварда дар замини наздиҳавлигӣ шинондам. Ва умед дорам, ки дастам “сабз” асту ниҳоли шинонидани ман солҳои баъдӣ баргу шохҳои бисёр бароварда, мева хоҳад дод! Албатта агар сармо ба он асар нагузорад!

Қоил хоҳам шуд, ки то харидани ниҳол дар бораи тарзи шинонидан, нигоҳубин ва пайванд кардани ниҳол тасаввурот надоштам. Лекин бо шарофати супориши навбатӣ аз ин паҳлуи корҳои хоҷагӣ ҳам огаҳ ёфтам. Ва бовар дорам, ки бояд ин роҳро ҳар як мард донад ва агар надонад бояд омӯзад. Мисли ман, ки навомузу навшогирд ҳастам!

 

1 фурӯшанда ва «кифоят»-и деҳқон

Соат ба вақти Бохтар 11:10 дақиқа. Аз растаи ниҳолфурӯшони бозори номдори Ҳоҷӣ Шариф, ки дар минтақаи Хатлон яке аз марказҳои бузурги савдо маҳсуб меёбад, дидан мекунам. Ҳамасола дар моҳи декабр ин ҷой макони хариду фурӯши ниҳолҳои гуногун мешаваду мардум ва меҳмонони ҷумҳурӣ аз ниҳолу рустаниҳои дилхоҳашон харидорӣ менамоянд. Аммо чун вориди ҳамин раста гардидам ҳамагӣ 1 нафарро дидем, ки ниҳолу дарахтонашро ба фурӯш гузошта буду халос. Шод аз он будем, ки бо ӯ вохӯрдем ва метавонем аз он барои иҷрои супориши редаксия ниҳол харида, ҳам аз роҳҳои шинониданашро меомӯзам.

Фурӯшанда Исроил худро муаррифӣ карда, гуфт, ки бо пешаи деҳқонӣ нони ҳалол меёбад. 15- 20 сол мешавад, ки ба парвариши ниҳолҳо машғул аст. Аз дасти ӯ дилхоҳ дарахт ва анвои гуногуни гулу ниҳолҳои сояафкани мевадиҳандаро ёфтан мункин аст. Бинобар ба гуфтаи ӯ, ҳоло барои баровардани кучат камтар вақт лозим то ниҳолҳо пурра барои шинонидани омода шаванд. Боз ақидае ҳам миёни омма роиҷ аст, ки гуё ниҳолҳоро худи деҳқонон бо “кифоят” намефурӯшанд. Балки умри баъдинаи дарахтон ва парваришу нигаҳбонии он дар дасти харидор аст.

Ба гуфти ҳамсӯҳбати мо Исроил, марди деҳқон асосан маҳсулоти худро дар моҳҳои январ ба фурӯши пурра мебарорад. Вақти шинонидани дарахтон дар ин моҳ қуллайтар аст назар ба оне, ки дар моҳҳои баъди нишонда мешавад.

– Айни ҳол решаҳо дар ҳолати карахтианду аз аввали баҳор ба сабзиш шурӯъ мекунанд, иброз дошт Исроил, ки таҷрибаи беши ниҳолпарварӣ дорад.

Мушоҳида шуд, ки нархи ниҳолҳо ба намуди мева, ғафсӣ ва борикии танаи ниҳол вобаст буда, ниҳоли шафтолу, бодом, олу ва олуча харидорони зиёд доштааст.

 

Мавсими ниҳолшинонӣ – аз ноябр то март

24.11.2023. Соат ба вақти Бохтар 09:45 дақиқа. Барои амиқан ошно шудан бо тарзу усулҳои ниҳолпарварию ниҳолшинонӣ ба ноҳияи Ҷ. Балхӣ рафта, бо кишоварзону боғдорони номии ин ноҳияи аграрии минтақаи содиротӣ, ки ҳамасола номгӯйи зиёди дарахтон ва гулу ниҳолҳои ороишию мевадиҳандаашро чи ба дохил ва хориҷа содирот менамоянд, сӯҳбат анҷом додем.

Сараввал ба Сарраёсати кишоварзии ноҳия ворид гашта, хостем аз нафарони соҳибтаҷриба маълумот ба даст орем. Хушбахтона сардори ин раёсат Ҷамолиддин Ғуломовро пайдо карда, иттилоъ ёфтем, ки дар ҳудуди ноҳия 1236 га боғ бунёд карда шудааст, ки ҳосили ҳамаи онҳо содиротӣ мебошанд.

Ҳамчунин итиллоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ Истгоҳи таҷрибавии ниҳолпарварӣ аз тарафи Академияи илмҳои ҶТ таъсис ёфтааст, ки асосан ба парвариши ниҳолҳо машғул мебошад. Дар ин қитъа дар маҷмӯъ 13 ҳазор ниҳол шинонда, барои тақсим кардан ба ҳамаи ҷамоатҳо мусоидат мекунад.

Чун мутахассисон иброз доштанд ин ҷо ниҳоли шафтолу хуб нашъунамо карда, назар ба дигар ниҳолон мевааш хуштаъм аст. Тасмим гирифтам, ки якчанд ниҳоли ин дарахтро харидорӣ намоям. Аммо боз андешаи соҳибкасб онро то охир хостам гӯш намуда, боз якчанд маслиҳати дигар гирам. Ба гуфтаи Ҷ. Ғуломов ҳамасола тибқи дурнамои тасдиқгардида бояд 25 ҳазор бех дарахтону гулу ниҳол омода карда шаванд. Албатта барои таъмини бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат. Ҳамасола ин деҳқонони номдор аз моҳи авохири моҳи ноябр ба мавсими ниҳолшинонӣ оғоз менамоянд, ки охири ин маърака моҳи мартро дар бар бар мегирад.

 

Сирри ниҳолшинонӣ дар чист?

Тавре маълумот пайдо кардем дар ин ноҳия 2 хоҷагии ниҳолпарварӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар баробари парвариши ниҳол онҳо ҳамзамон ба хушкшавии дарахтон диққат дода, барои барқарор намуданашон маслиҳатҳои судманди коршиносони соҳаи боғдориро низ ба инобат мегирифтаанд.

Ман ҳам барои хариди дарахти шафтолу шитоб накарда, ниҳоли аз ҳама беҳтаринро интихоб кардам. Аммо барои тарзи шинонидани онҳо боз ба кӯмаки боғдорон ниёз дорам. Ва бовар кардам, ки ин хоҷагидорон бароям дасти мадад дароз мекунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд!

Яке аз сабабҳои хушкшавии ниҳолу дарахтони шафати роҳҳо ва гулгаштҳоро ин мутахассис дар барвақт кандани он, муддати тулонӣ нигоҳ доштани дарахт дар берун арзёбӣ кард. Вақте ки ниҳолро аз замин мекананд, онро бо селофанҳои махсус печонда, баъдан онро шинондан лозим. Баъдан чизи дигаре, ки барои сабзиши хуб кумак мекардааст ин бо пору шинондани он будааст. Ана сирри ниҳолшинонӣ дар чи будааст!!! Дар як га то 300 -310 дарахтро ғунҷонидан имкон доштааст.

 

Раисони дарахтбурррр…

Чаро роҳбароне, ки нав сари вазифа меоянд, ба буридани дарахтони пешин рӯ меоранд?? Барои фарзи мисол раиси кунунии шаҳри Бохтар Ф. Баротзода асное, ки сари мансаб омад аввалин коре, ки кард ин қисмати зиёди дарахтони пешинаро бурида, ба ҷояш дарахтони нав шинонд. Шояд мӯҳлати дарахтон гузаштаасту дигар канори роҳҳоро зеб намедиҳанд?! Ва ё дарахти нав нав аст гуфта, ба намудҳои дигар таваҷҷуҳ кардаанд! Ё симои шаҳрро ба таври дигар дидан мехостан ва ё мо намедонем…

 

Фоида пас аз 2 сол

Арзиши 1 ниҳол вобаста ба намудҳош аз 8 то 20 сомонӣ қиммат дорад. Боз ҳастанд шаҳрвандоне, ки 4-5 ҳазор ниҳол омода мекунанду тавассути реклама онро ба фурӯш мебароранд. Ва барои руйпуш намудани хароҷоти кардаи марди боғбон 2 сол кифоят аст, то он даромад ба даст орад!

Аз 1236 га замини боғоти ноҳияи Ҷ. Балхӣ 400 гектарашро боғи шафтолу ташкил медиҳад, ки аз 1 га боғдорон то 100,000 даромади соф ба даст меоранд, ки офаринашон бод! Маълум шуд, ки соҳаи боғпарварӣ ҳам яке аз соҳаҳои сердаромад буда, барои таъмини хароҷоти оила беҳтарин пеша аст. Агар роҳу равиши соҳаро хуб донем!!!!

 

Фиреби бозор ё боғпарвар?

Аксаран шаҳрвандони имрӯз аз он шикоят доранд, ки ниҳолҳои аз бозор харидаашон дар як мавсим ё хушк мешавад ё ба кадом касалие гирифтор мегардад. Барои посухи ин суол мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки ниҳолу дарахтонро танҳо аз ярмаркаҳои, ки дар муддати кӯтоҳ мегузаранд харидорӣ намоянд ва ё метавонанд аз шаҳрвандоне, ки ба парвариши гулу дарахтон дар муҳити хона даст доранд дастрасӣ кунанд. Ин яке аз роҳҳои беҳтарини кафолати парвариши ниҳоли хуб аст.

Хулоса, баъди таҳлили соҳаи боғпарварӣ аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо мутахасисони соҳа 5 дарахти шафтолуи хушсифат харидаму бо риояи меъёрҳои ниҳолшинонӣ онро дар замини наздиҳавлигиамон шинондам. Насиб соли оянда агар дарахтонам ҳосил банданд шафтолуҳои беҳтаринро бо ҳамкорон хоҳем хурд!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube