Ёвон: роҳҳои вайрон – фоидаи хитоиён

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки замин, об, сарватҳои зеризаминӣ моликияти давлат мебошад ва ин ифодаи он аст, ки ҳамаи шаҳрвандон аз ин сарватҳои табиӣ имконияти истифода бурданро доранд.

Давлатҳои хориҷӣ ҳамроҳи соҳибкорони ватанӣ дар сохтани иншоотҳои бузург ба кишвари мо дасти мадад дароз кардаанд. Фарзи мисол соҳибкорони хитоӣ бештар пешқадаманд. Мутахассисони хитоӣ дар н. Ёвон фаъол буда, бо дастгирии онҳою коргарони маҳаллӣ заводҳои сементбарории “Ғаюр-семент”,”Моҳир-семент” заводи криолит сохта шуданд. Маҳсулоти ин корхонаҳо ба мамлакатҳои ҳамсоякишвар содирот шуда, дар дохили кишвар низ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Аз даромади ин заводҳо бештар соҳибкорони хитоӣ фоида дида, коргарони хитоӣ низ нисбати коргарони ватанӣ маоши зиёд мегиранд.

Дулану мошинҳои гуногуни боркаш, ки маҳсулотро ба ҷойҳои даркорӣ мекашонанд, бештар роҳҳои автомобилгардро вайрон ва барои мошинҳои сабукрав душворҳаракат мекунанд. Масалан, роҳи байни заводи сементи “Ғаюр-Семент”аз деҳаи Челонзор то гарданаи деҳаи Ғешӣ, ки 8-9 километрро ташкил медиҳад, харобу валангор шудааст. Вақте, ки хитоиҳо ва соҳибкори ватанӣ Акбар Ғулом аз хоку сангу оби ватан истифода мебаранд, чаро дар обод кардану ҳамвор намудани роҳе, ки бори онҳо семент кашонда мешавад, чорае намеандешанд? Дар зимистон аз роҳи байни Ёвону Норак мошинҳои гаронвазни боркаш ҳаракат карда наметавонанд, чаро ки асфалти даври советӣ порча-порча шуда, хоки замин баромадааст. Магар намешавад роҳи вайроншудаи нақлиётгардро хитоиҳо ва соҳибкори ватанӣ А.Ғуломов асфалтпӯш ё бетонпӯш намоянд, чаро ки бори онҳо ба фуруш меравад, хазинаи онҳо бой мегардад…

З. Ҳусейнов,

н. Ёвон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube