IMEI ҳатмист!

Нури Бохтарӣ, мухбири минтақавии газетаи СССР дар вилояти Хатлон ба идора занг зада (тел: 933876565), дар бораи нарху навои бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани симкортҳои мобилӣ андешаронӣ намуд.

– Ман ба наздикӣ шоҳиди ҳодисае гаштам, ки гумонам барои нафаре бетаъсир нахоҳад буд. Вориди 1 ширкати мобилӣ шудаму чашмам ба муйсафеде афтод, ки дар даст телефони арзишаш 80 сомонӣ дошт. Аз пирамард барои барасмиятдарории телефон 180 сомонӣ маблағ талаб мекарданд. Пирамард афсурдаҳолона мегуфт, ки ман ин қадар маблағ барои ин кор надорам. Хоҳед ҳамин миқдор, нахоҳед ихтиёратон гуфтаву мӯйсафед ноумед аз дар берун шуд.

Хело ғамгин шудаму барои пурра омӯхтани вазъият вақт имконам надод, саросема будам. Пурсидан мехостам, ки барои барасмиятдарорӣ оё ягон нархномаи махсус вуҷуд дорад ё на? Ва ё кормандони ширкатҳо аз даҳонашон чанде барояд онро ба мизоҷ пешниҳод менамоянд?!

Аз идора: Бояд гуфт, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вориднамоии рамзҳои IMEI ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ идома дорад. Рамзҳои IMEI-и ҳамаи таҷҳизотҳои мобилӣ, аз он ҷумла телефонҳои мобилӣ, ки слоти симкорт доранд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид карда шаванд. Дар сурати ба система ворид нашудани рамзи IMEI, хизматрасонии операторҳои алоқаи мобилӣ метавонад қатъ карда шавад. Маблағи барасмиятдарорӣ аз рӯи нархи телефони мобилӣ ҳисоб карда мешавад. Дар тамомии кишварҳои олам ин система роҳандозӣ шудааст.

Мақоми таҷҳизоти мобилиро шаҳрвандон метавонанд бо рақамчинии фармоиши USSD *3366# ва ё дар сомонаи imei.tj муайян намоянд.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube