Шаби Ялдо – ба ҷойи Соли нав

Шаби Ялдо дарозтарин шаби зимистон аст, ки он ба 22 декабр рост меояд. Азбаски шаби дароз аст, шоирон онро ба 2 зулфи ёр – маҳбуба ташбеҳ додаанд.

Аз он ҷумла, Убайди Зоконӣ мегӯяд:

Ба зулфи ту қиссаест маро мушкил,

Ҳамчун шаби Ялдо бо дарозӣ мешҳур.

Дар қадим гузаштагони мо, бахусус мардон ба он шаб тайёрӣ медидаанд. Дар ин шаб хурсандӣ карда, аксарият либосҳои нав пӯшида, гирди ҳам меомадаанд. Аз бозёфти худ (ё ҳарифона) дастархон ороста, якдигарро бо соли нави Ялдо (22 декабр) табрик ва шоирон ин шабро васф карда, шеърхонӣ менамуданд. Нависандагон мардумро ба босабру таҳамул будан ҳидоят мекардаанд, то ки фасли зимистонро бо дилгармӣ гузаронанду дастгири ҳамдигар бошанд ва соли нави омада зимистон хубу хотирмон бимонад. Кишоварзон аз барфи борида, ба таги дарахтон ва чуқуриҳои кофтаашон барфро партофта, баҳри ҳосили хуби (аз намии он) оянда аз офаридгор мадад мехостанд.

Бинобар ин таклиф менамоям, ки тибқи кору амали гузаштагон, чун мероси ниёгон аст, ба ҷойи Соли нави масеҳӣ, шаби Ялдо – Соли нави шарқӣ дар Тоҷикистон бошукӯҳ қайд карда шавад.

Одина Ҷумъазод,

ш. Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube