Пакетҳои полиэтиленӣ зарарноканд!

Мирзо Кенҷа, олим, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба редаксия занг зада (тел: 2385556), дар бораи фурӯши баъзе аз маҳсулоти хӯрока ва таъсири баръакси он ба организми инсон фикри худро баён кард.

– Ман то расидан ба ин синну сол қариб нисфи дунёро гаштам, аммо имрӯз дар бозору мағозаҳо шоҳиди 1 ҳолат мегардаму хело нороҳат мешавам. Чаро мо дидаю дониста ба организми худ бемории бепул мехарем? Маълум аст, ки маҳсулоти хамирӣ ба монанди самбӯсаю кулчақанд ва нонҳои гармро фурӯшандаҳои мо дар халтаҳо полиэтиленӣ ба мизоҷон медиҳанд. Ин амалашон нодуруст мебошад. Дар давлатҳои пешрафта дидам, ки чунин маҳсулотро дар пакетҳои махсуси қоғазӣ мегузоранд. Халтаҳо полиэтиленӣ барои чунин маҳсулот ноқулай буда, метавонанд аксуламал нишон диҳад. Мардум ба ҷони худашон то кай ҷабр мекарда бошанд?!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube