Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар бораи ба Суди Олии кишвар ирсол шудани парвандаи ҷиноятии пурсарусадои соли 2023 нисбати Дилшод Саидмуродов (“Дилшоди “Красавчик” ё Дилшоди “СБ”) бо 13 гумонбари дигар, ки дар дуздӣ ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” айбдор мешаванд, хабар дод.
Дилшод Саидмуродовро, ки ҳамчун “роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” ном бурда мешавад, дастгир гардида, пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Д.Ҳ. санаи 18.11.2023 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.
Дар робита ба дуздӣ ва марги Шуҳрат Исматуллоев то ба имрӯз наздики 50 нафар боздошту мавриди бозпурсӣ қарор дошта, Дилшоди СБ фармоишгар ва иштирокчиёни ин ҷинояти гуношунидро дар Тоҷикистон ҳоло дар Суд ифшо месозад.
Дар пайи ин СССР тасмим гирифт бори дигар аз ин ҷинояти гӯшношунид ва дастандаркорони он ёдовар шуда, дар бораи он нафароне, ки дар фармоиш, одамрабоӣ ва куштори бераҳмонаи Шуҳрат Исматуллоев даст доранд, бигӯяд.
Дилшоди СБ кист?
Бодя гуфт, ки Дилшод Саидмуродов ё худ Дилшоди СБ, ки яке аз чеҳраҳои калидӣ дар амалиёти дуздӣ ва куштори бераҳмонаи Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси бонки «Ориёнбонк» ба шумор меравад, 7 октябр ба Душанбе истирдод шуд. Мавсуф дар 1 суҳбати аҷибе, ки рузҳои аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, мегӯяд, ки аз раҳбари дастаи ҷиноияш фармон гирифта буд, ки Шералӣ Кабир – вазири саноатро террор кунанд. Вале бо сабаби «саховатманд будани Кабиров», ҷинояткорон рӯзи 23.06.2023 Ш.Исматуллоевро рабуда, бо азоби алим кушта, ҷасадашро ба дарёи Зарафшон партофтанд. Аҷобати кор ин аст, ки ҳам Шуҳрат ва ҳам Шералӣ аз шогирдон, дӯстони наздик ва дастпарварони Ҳасан Асадуллозода, раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» ба шумор мераванд.
Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович, санаи таваллудаш 04.06.1984, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, к.А.Навоӣ, бинои 5/8, ҳуҷраи 1, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 1 фарзанд.
Номбурда соли 2001 МТМУ №8 н.И.Сомонии ш.Душанберо хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш.Санкт-Петербург дохил шуда, соли 2006 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ муддати 1 сол бо сабаби пайдо намудани ҷойи кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсия Россия дар ш.Санкт-Петербург истиқомат намудааст.
Соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ шомил шудааст. Аз моҳи октябри соли 2007 то соли 2008 дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони РМЗҶМ (УБОП) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.
Солҳои 2008 вазифаи ишғолнамудаашро иваз намуда, аз РМЗҶМ ба РОҶ (раёсати оперативӣ ҷустуҷӯӣ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи ваколатдори оперативӣ ба кор рафтааст. Худи ҳамон сол боз аз РОҶ ба РАД (Раёсати амнияти дохилӣ ё Служба Безопасности-аз ҳамин ҷо лақаби Дилшоди СБ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар вазифаи нозир то соли 2010 кору фаъолият намудааст.
Соли 2010 аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуда, 4 сол ба баъд, яъне дар соли 2014 дар мақомоти прокуратура ба кор даромада, 1 муддати кӯтоҳ дар вазифаи мутахассис – кибернетики Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар он ҷо низ аз сафи мақомот озод карда шудааст.
Баъди озод гардидан аз сафи мақомоти прокуратура дар соли 2016 ба сафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дохил шуда, 1 муддати кӯтоҳ дар он ҷо кору фаъолият намудааст, рутбаи ҳарбиаш капитани адлия мебошад.
Яъне ин шахс дар 3 вазорати калидии кишвар – ВКД, Генпрокуратура ва Агентии коррупсия кору фаъолият мекард! Чунинҳоро «оборотень в погонах» меноманд…
Пас аз содир намудани ҷиноят дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ санаи 25.06.2023, соати 16:00 тавассути фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, аз толори СИП, бо хатсайри Душанбе – Москва ба Федератсияи Россия фирор намудааст. Аз рӯи баъзе маълумот, ӯ тавассути ВИП ва СИП зали фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд зиёд парвоз карда, ӯро ҳамчун мусофири дастбахайр ва хеле ҳам дилёб мешинохтаанд. Дар тарабхонаҳои шики пойтахт низ ӯро хуб медонистанд…
Қамар Азизов – заказчик?
1 навори дигари суҳбати Дилшод Саидмуродов бо муфаттишони парванда ба дасти мо низ расид. Дар он дида мешавад, ки Дилшод «Красавчик» риш дошта, хеле ором ба суолҳо посух мегӯяд. Дилшод тавре ба назар мерасад, дасти росташ бо занҷира ба дастаи печи бухорӣ ё худ батарея банд аст. Зеро танҳо дасти росташро ҳини суҳбат бо муфаттишон болову поин мекунад. Чунин дастбандӣ барои ҷинояткорони махсусан хатарнок ҷоиз аст.
Ӯ дар ин сабтҳо эътироф мекунад, ки рабудани Шуҳрат Исматуллоевро аз онҳо Қамар Азизов ном 1 соҳибкори сокини пойтахт, бародари овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” фармоиш додааст. Ҳар чизе, ки ин ҷинояткор мегӯяд, танҳо шоҳидии ҳамин нафар аст. Ҳақиқатро танҳо пас аз содири ҳукми суд ва шиносоӣ бо парванда хоҳем гирифт. Вале ҳоло фактҳои ин қотилро ин ҷо мекорем. Мо Метавонем!
Дар ин сӯҳбат, “Дилшоди Красавчик” мегуяд, гӯё Қамар Азизов, ки бо Исматуллоев тиҷорати муштараки хонасозӣ дошт, аз вай 2,5 ё 3 (тибқи баъзе овозаҳои дигар то 5-ред.) миллион доллар қарздор шудааст ва “ (Қамар) ба мо гуфт, ки намешавад, ки Шуҳратро аз байн бардорем?”
Мавсуф таъкид медорад, ки Қамар ба онҳо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва менеҷери собиқи ширкати алюминсозии ТАЛКО – ро низ “наводка” дода буд, ки “аз Шуҳрат дида, Шералӣ пули бисёртар дорад».
«- Вале мо қабул накардем, чунки Шералӣ ба ҳама ёрдам мекунад, дасти кушод дорад”, – меафзояд дар ин навор Дилшод Саидмуродов.
…Ин ҷо 1 «нестиковка фактов» ё худ тарошаи аз бом ҷой дорад:
– Агар Қамар аз Шуҳрат қарздор асту ӯро фармоиши қатл медиҳад, пас чаро ӯ Шералӣ Кабирро, ки бо ахирӣ ягон бизнеси муштарак надошт, фармоиш додааст? Сари ин муаммо тафтишот бояд кор кунад!
$50000 аванси қатл
“Дилшоди Красавчик” ҳамчунин дар баёноташ эътироф кард, ки ҳамчун пешпардохт “аз Қамар 50 ҳазор доллар гирифта, «ба 1 шогирдам додам, ки барои иҷрои нақша мошин бихарад ва ягон манзилро иҷора бигирад…”
Ин ҳамон мошини Хундайи сиёҳест, ки баъдан бо он Шуҳрат Исматуллоев-бонкири маъруф ва шахсияти шинохташудаву дастбасахоро рабудаанд.
Хотиррас мешавем, ки 23.06.2023 дар кӯчаи Закариёи Розии н.И.Сомонии ш.Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, муовини аввали раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи “Хюндай-Соната”, рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша (наповал) маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – Майдони сарҳадчиён – маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.
Дарёфти ҷасад ва ҷанозаи Шуҳрат
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон рӯзи 15.08.2023 дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш расман эълон намуд, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев аз дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳоти Саразми ш.Панҷакент пайдо гашта, пас аз гузаронидани экспертиза ва тасдиқи шахсияташ, ба хок супорида мешавад.
Ва ҳарчанд экспертизаи дохилӣ аз рӯи ДНК ва дандонҳо муайян намуд, ки ин ҷасади бонкири маъруф аст, вале бародарони Шуҳрат аз Маскав мутахассис даъват намуданд, то ин ки тикаҳои ҷасадро ташхиси дақиқ намоянд. Танҳо баъди далели экспертизаи мутахассисони хориҷӣ ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев дар ҳамон мазори Сари Осиё, ки ҷасади қотилаш кайҳо мехуспид, ба дасти хок рафт. Ҷояш ҷаннат, заб марди хубе буду аҷаб ҷавони саховатманду маҳфилоро ва доиман лабдартабассум…
М.Аминзода, СССР
