Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 бинобар бадқасдона саркашӣ намудан аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 398 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, 568 тан барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зист аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Барно Саидвализода, сардори Хадамоти мазкур хабар дод.
Илова бар ин соли гузашта ба Хадамот 10912 ариза оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 33 млн 300 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст. Бояд гуфт, ки дар шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот барои напардохтани маблағҳои қарзӣ, 1573 шахси воқеӣ ва 54 шахси ҳуқуқӣ ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид шуда, нисбат ба 4378 нафар қарздор маҳдудият гузошта шудааст. Ин амал натиҷаҳои мусбат дода, 1809 нафар қарздорон сарҳадҳои мамлакатро убур карда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъйингардидаро дар ҳаҷми 17 млн 900 ҳазор сомонӣ пардохт намуданд.
