ВАХШ: ТО КАЙ БЕҲУРМАТӢ БА МАЪЮБ?

10.02.2024. Соат ба вақти Душанбе 14:23 дақиқа. Саъдулло Ҳасанов, маъюб, сокини ҷамоати Мискинободи ноҳияи Вахш ба редаксия занг зада (тел: 903000697), дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия изҳори назар кард.  

– Ман маъюби гурӯҳи 1-умам ва дар аробаи маъюбӣ дастгириҳои Ҳукумати мамлакатро пайваста эҳсос менамоям. Аммо 1 чиз маро мудом нороҳат мекунад, ки чаро табибон нисбати мо ғамхор нестанд. Корашон танҳо навиштани руйхати доруворист, ки оё ҳамон фоида дорад ё не? Чанде пеш фарзандамро дар беморхонаи Қарияи Боло муоинаи сарироҳӣ кардаму барои ҷарроҳӣ аз мо нархи гарон талаб намуданд. Ҳарчанд гуфтам, ман варақаи камбизоатӣ дораму ҳамагӣ 1000 сомонӣ нафақа мегирам, лекин бо 1 ҷанҷол ҳамон пули нафақаамро кашида гирифтанд. Ба ҷое, ки муроҷиат накунам, фоида надорад. Ман ёд надорам, ки кай мани маъюбро дар хона омада, ташхису табобат карда бошанд. Ин қадар беҳурматӣ нисбати мо маъюбон дар ноҳия то кай идома дошта бошад?

Аз СССР: Воқеан ҳам раиси н. Вахш дар раддаи аввали он масъулинест, ки ба Фармони №622, ки зери он имзои мубораки Президенти ҶТ истодааст, аҳамият намедиҳад ва ба матолиби танқидӣ посух наменависад. Мо умедворем, дар датсгоҳи Раиси вилояти Хатлон дар нисбат ба чунин бесалоҳиятҳо чораандешӣ хоҳанд кард. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube