Ҳар рӯз дар Ғазза Армияи Исроил 255 нафар одами мулкӣ мекушад. Ҳар рӯз Армияи мудофиаи Исроил, маъруфтар бо аббревиатураи ЦАХАЛ (иврит צְבָא הַהֲגָנָה לְיִשְׂרָאֵל — Цва хагана ле–исраэль) беш аз 105 кӯдаки мусалмонро ба қатл мерасонад. Дар ҷамъ, то шуруъи рӯзи 44-уми ҷанги фавқ, то соате, ки матлаби мо навишта мешуд, беш аз 11240 нафар, бо шумули 4630 тифл фавт ёфт. Ба фарзияи мо ин ҷанг 66 рӯз бояд давом кунад…
Армияи Исроил низ талаф мебинад. Расман 1200 яҳудӣ сар аз рӯзи террори 7 октябр дар ин сарзамин кушта шудаанд. Аз шуруъи ғасби Ғазза гуфта мешавад, 55 афсари ЦАХАЛ фавт ёфт. Вале сарчашмаҳои низомии русӣ шумораи кушташудагони Артиши яҳудро беш аз 120 нафар, бо шумули 60 танку тӯп, мебинанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, тиру мушакҳои исроилӣ дар ҳолати коҳишанд ва дар сурати дастгирии низомӣ наёфтан аз сӯи Амрико, Армияи мудофиаи Исроил метавонад дучори буҳрони ҷангӣ гардад. Воқеан ҳам чун дар Украина, Пентагон сахт аз Тел Авив пуштибонӣ мекунад. Вале ба ин фарқ, ки шарикони Вашингтон то ҳанӯз ба ин қатли омми фаластиниҳо қӯш нашудаанд. Ҳарчанд хомӯшии Иттиҳоди Аврупо ва Англияву Канадаву Ҷопону Австралия гувоҳанд, ки онҳо аз хокбез шудани Ғазза ва генотсиди фаластиниҳо пуштигирӣ мекунанд. Қатъномаи СММ-ро қатъан қабул накардани абарқудратон низ аз ҳамин гувоҳӣ медиҳад.
Вале мамлакатҳои пешрафтаи арабӣ низ дар баробари ин куштори оммавии ҳамдинону ҳамзабонони худ хомӯшӣ баргузиданд. Ба вежа Арабистони Саудӣ, ки бо такя бар 3 кишвари сарватманди арабии дигар – Баҳрайн, Аморат ва Марокаш, ҳафтаи гузашта, дар саммити Лигаи Арабҳо пушт бар Фаластин карданд. Дар пасманзари ин амалкард Ар Риёз нақши худро чун меҳвари ислом аз даст дод!
Ҷои муқаддас холӣ намемонад. Зимнан Анқара «ҷомаи пуштибони ислом»-ро бар қадди худ чену чоқ мекунад. Раҷаб Тайип Эрдуғон, президенти харизматики Туркия, ҳафтаи пор, давлати яҳудро ба генотсид муттаҳам карда, Исролро «Давлати террористӣ» хонд! Коре, ки ягон араб накардааст ва нахоҳад кард. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, худи Эрдуғонро диктатор хонда, ӯро ба бомбаборони курдҳои давлаташ муттаҳам намуд.
Эрон, ки интизор мерафт, ҳатман ба ҷанги Исроил медарояд, зеро охундҳо 1 умр бо ҳамин шиор сари қудратанд, худро аз набарди ошкоро бо Тел Авив, хоса баъди ба халиҷи Форс ворид шудани киштии зериобии атомии Амрикоӣ -USS Rhode Island, ки ҳомили 24 ракетаи байниқитъавии Trident II буда, дарозии парвози 18000 км бо суръати 23000 км/соат дорад, хап шуд. Теҳронро метавон фаҳмид: онҳо ҳанӯз бомби атомӣ надоранд.
Вале депутатҳои парлумони Покистон ба ҷумбиш омаданд. Сарват Фотима ба Исроил ва Амрико таҳдид кард, ки «Исломобод бомбаи атомӣ дорад ва қатли омми аҳолии Ғаззаро қатъ кунед». Дар зимн «бомбаҳои дастии НАТО», ки дар марзи Покистону Афғонистон гузошта шудаанд, ба кор даромаданд. Беш аз 2 млн гурезаи паштунтабори Афғонистон, ки дар Покистон «хобанд» ба ҷумбиш даромаданд… ва дами апаи Фотима гирифт!
Ҳамакнун ба 1 падида таваҷҷуҳ кун хонанда: чаро Толибон, ки гӯиё бар Амрико ва НАТО пирӯз омадаву соҳиби қудрат дар Кобул гаштаанд, дар баробари қатлу кушти фаластиниҳо ҳарфе намегӯянд? Ба пиндори сирф фардии мо, ки метавонад ғалат ҳам бошад, ин ҷо 2 сирр ниҳон аст:
- Толибон дастнишондиҳандаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупоянд, ки барои онҳо НАТО Армияи муҷаҳҳаз бо 86 млрд доллар техникаи ҷангиро гузошта «фирор» кард, то олами ислом абадан дар таҳлука ва катаклизмаҳо боқӣ бимонад;
- Толибон худро аз қавми…яҳуд мегиранд! Оре, хато нахондӣ, хонандаи азиз. Паштунҳои толиб иддао доштанду доранд, ки онҳо яҳудиянд. Толибон худро аз қавме мехонанд, ки ба Мӯсо содиқ мондаанд ва зимнан онҳоро гӯиё аз Замини қудсӣ – Фаластини имрӯза ҳазорон сол пеш, қавми гӯсолаи тилло парасти яҳуд рондаанд. Яъне 2 шохаи 1 қавми яҳудӣ ҳам дар Афғонистон мусалмон мекушанду ҳам дар Фаластин…
Вале дар ҳоле, ки Туркия, Покистон ва Эрону кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштигири Фаластинанду ба оташбас даъват мекунанд, чаро кишварҳои арабӣ, бо шумули Мисру Сурияи Араб, ҳамсояи наздиктарини онҳо, пуштибони Ғазза нестанд?
“Да очень просто!” – гуфти бобои Ғулом. Зеро ҲАМОС қаноти Ихвон ал Муслимин аст. Ихвоне, ки чанде пеш Мисрро, бо таблиғу ташвиқи Марк Суккерберги яҳудитабори соҳиби Фейсбук ба хоку хун кашида, ҳукуматро ғасб кард. Инқилоби ба ном “Баҳори Араб” чандин кишварҳоро ба хоку хун яксон намуда, пешрафтатарин кишварҳои арабиро хунсо намуд. Ёд оред, Муаммар Қаззофиро бо Китоби Сабзу Хаймаи бодиянишину Либиёи сарвандмандтарин давлати арабияш.

01.09.1969. Генерали ҷавон Муаммар кишварашро аз колонияи Италия озод карда, сатҳи зиндагониро ба ҳадде боло бурд, ки навхонадорон 60 ҳазор ва атфоли таваллудшуда то 30.000 доллар кумаки якдафъаина мегирифтанд. Ба сатҳи зиндагонии либиёиҳо ҳатто аврупоиҳо ҳасад доштанд.
20.10.2011. “Инқилоби Араб”, ки дар садраш Сукерберги яҳуд меистод, ин кишварро ба хоку хун ҳамсон кард. Дар ин рӯз худи Қаддофии “падари миллати араб”-ро худи арабҳои тардоман таҷовуз ва сипас қатл карданд. Ҳоло аҳолии ин кишвари сарватманд дар ҳоли табоҳтарин қарор дораду дар Аврупо гадоӣ…

25.01.-11.02.2011. Ихвон ал муслимин дар Мисри Араб табаддулоти давлатӣ карда, Ҳуснӣ Муборакро, ки 30 сол президенти кшвар буд (1981-2011), сарнагун ва террористи гузаро Муҳаммад Мурсиро сари қудрат овард! Бар асари ин кудато 846 нафар кушта, 6467 кас маҷруҳ, 1000 тан зиндонӣ гардид. Мурсӣ чун дастнишондиҳандаи Ғарб ҳамагӣ 1 сол ҳукмронӣ кард (30.06.2012 —03.07.2013) Баъдан сарнагун, ҳабс ва ҳини хондани ҳукмаш дар таърихи 17.06.2019 аз сактаи қалб, дар толори суд, фавтид. Ва медонад ба чӣ ӯро гумонзад мекарданд? Донистан хуб аст: – Ба шпионаж бар нафъи давлатҳои хориҷа…

Муносибати Сурия низ бо ҲАМОС, ки қаноти Ихвон ал муслимин аст, хуб нест. Таври маълум, Давлати Исломӣ, ки низ парвардаи тафаккури Ғарб ва зодаи Ивхониҳост, дар давлати Башор Асад даст ба ҷиноёте зад, ки то ҳанӯз олам аз он дар тарсу таҳлука аст. Зимнан Асад хеле бе ақл бояд бошад, то душмани ҷонии давлаташро дастгирӣ кунад…
1 муаммои дигар ин ҳам ҳаст, ки Ихвониҳоро тибқи иттилои сарчашмаҳои ҷосусии кишварҳои хориҷӣ, ба вежа Русия, ки ҳамакнун дар пархош бо олами Ғарб қарор дорад, маҳз Исроил ва Амрико ҷонибдорӣ сари кор овардааст. Таври маълум. ҲАМОС чун алтернативаи ФАТҲ дар Фаластин таъсис ёфт. ФАТҲ-ҷумбиши озодихоҳии Фаластин аст, ки бо сарварии Ясир Арафот солҳо бо таҷовузи Исроил муқовимати сангшапаг мекард. Зимнан Исроил наметавонист, зидди сангу кулӯх бо ракетаву тонку тӯп барояд. Ин аст, ки ҳаркати муқовимати алтернативӣ дар симои ҲАМОС пайдо шуд.

- ҲАМАС (Ҳаракат ал муқовима ал Ислом) ташкил ёфта, соли 2006 дар интихоботи алтернативӣ пирӯз шуда, соли 2007 бо ФАТҲ ҷангида, ахириро аз Ғазза ронд!
07.10.2023. ҲАМОС Ба таври бесобиқа, ба таври ваҳшонӣ, ба террриторияи Исроил дарафтод (аҷиб нест, ки КАСЕ аз ин террор хабар наёфт?), 1200 касро кушт ва 224 нафарро гаравгон бурд. Ин террори “мудҳиш ва гӯшношунид” дастҳои Бенямин (исми дӯстдоштаи фанатҳои имрӯзаи тоҷик, ки фарзандонро чунин номгузорӣ мекунанд)-ро кушод ва ЦАХАЛ ба орзуи деринаи худ расида, Ғаззаро ба замин ҳамсон кард, аҳолиро кушт, боқимондаро ронд, то ба терроризм, дар асл, мавҷудияти давлати нохонда, ки ба томмияти Исроил мушкил эҷод мекард, хотима гузорад. Ва агар шумо миллион бор дар масҷиду мадрасаҳоятон дуои баде дар ҳаққи қавми яҳуд ҳам бикунед, 1 чиро тағйир дода наметавонед:
– Исроил Фаластинро барҳам зад!!!
Ин ҳақиқати талхест, ки бояд ба он бовар кард…Митингу тазоҳуроту дареғу додҳои евро-амрикоӣ саҳначаҳои ҳаҷвии а ля Лаҳзаҳои Гуворо давом дорад, чизе беш нестанд. Мо метавонем!
