2 НИШОНИ ТИЛЛОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК АЗ ҚАҲРАМОНИИ ҶУДОИ ОСИЁ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки 16-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон оғоз гардид, аллакай ба гирифтани ду медали тиллои мусобиқа мушарраф гардиданд.

Соҳибони нишони заррини мусобиқа Лоиқ Қудбиддинов дар вазни 55 кг ва Ёсин Бобокалонов дар вазни 60 кг маҳсуб меёбанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқот 353 варзишгар (181 наврас ва 172 ҷавон) аз 15 кишвари Осиё номнавис шудааст.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи наврасон 10 нафар миёни писарон ва 1 нафар миёни духтарон намояндагӣ мекунанд.

«Ҷавонони Тоҷикистон»

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube