Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридани барфу борон дар назар аст

Аз 22 то 23-юми ноябр дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ дар натиҷаи номусоиди обу ҳаво, аз ҷумла, боришот ва паст шудани ҳарорати ҳаво аз 10 то 12 дараҷа, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо такя ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар ин бора хабар дода, шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки эҳтиёткор бошанд. Тибқи иттилои ҳавошиносон рӯзҳои 23-24-уми ноябр низ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон аз 10 то 12 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар аст. “Аз сокинони ноҳияҳои кӯҳи хоҳиш мекунем, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро ба ҳезумчинӣ, чаронидани чорво ва дигар корҳои хоҷагии қишлоқ нафиристанд”,- менависад Кумита.

«Ёр тҷ»

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube