Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Русия шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия, як ба як дидор мекунад. Ба дунбол мулоқоти васеи ҳайатҳои ду кишвар баргузор хоҳад шуд. Пас аз анҷоми музокирот имзои як бастаи ҳуҷҷатҳо дар назар аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз Маскав ба Минск меравад ва дар он ҷо дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 23 ноябр баргузор мешавад, ширкат мекунад.

«Азия плюс»

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube