20.11.2023. Бо қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мактаби №8-и пойтахт ба ифтихори рӯзи зодрӯзаш номи шоири зиндаёд Бозор Собир гузошта шуд.
Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ба донишҷӯи курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ тақдим гардид.
Вазорати маорифи Русия тасмим дорад дониши кӯдакони муҳоҷирро, ки дар мактабҳои он кишвар мехонанд, санҷад.
Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 800 адад электромобил ворид шуд.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои «ТТ Мобайл» ва «Индиго Тоҷикистон» иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии интернетро дод.
Аз 20 то 30 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аз 1,5 то 5 сола гузаронида мешаванд.
