Деваштич: мактаб надорем…

Салом СССР! Бо баробари афзудани аҳолӣ ва ба вуҷуд омадани оилаҳои нав бо участкаҳои навбунëд роҳи то мактаби ягонаи деҳа то 2,5 км дур шудааст. Махсусан хонаҳои дар шимолу шарқ ҷойгиршуда азият доранд.

3 сол боз мо 1 гурӯҳ сокинони деҳа оиди мушкилии ҷойдошта ба раиси ноҳия муроҷиат менамоем. Ӯ номаи моро ба комитети замини ноҳия равон мекунад. Ходимони он идора баҳонаҳои гуногунро пеш оварда, ба сандуқи фаромӯшӣ мепартоянд. Дар шӯъбаи маориф бошад, аз набудани маблағ барои сохтмон ҳикоя мехонанд. Барои деҳае, ки наздики 3 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳазорҳо тонна картошка ба бозор мебарорад ва деҳа наздик 50 га замини захиравии берун аз заминҳои хоҷагиҳои деҳконӣ дорад, магар сохтани 8 синфхона ба тариқи ҳашар ягон мушкилие дорад?

Оилаҳое ҳастанд, ки барои сохтмони мактабии ибтидоӣ ба кӯдакони роҳдур тайëранд то 1000 сомонӣ хайр кунанд. Мутаассифона, деҳа шахсони масъули дилсӯз надорад, ки рост истанду барои кӯдакон, ки ояндаи моянд, мактаби ибтидоӣ созанд.

Боз фасли сармо аз фарорасии хеш мушт ба сина мезанад. Боз дар сардӣ аз хунукӣ каб кабуд шуда, афтону хезон масофаи 2,5 км тай карда, ба мактаб рафтани ноболиғон пеши назарат меояду дилат ба ҳоли онҳо реш – реш мешавад. Мутаассифона, шахсони сангдили маорифи вилояти Суғд ба ин парвое надоранд. Охир мактаб макони маърифат ва пешрафти ҷомеа аст. Мо бо ин аҳвол то куҷо мерафта бошем?

Ҷумъабой Яҳëев,

собиқ омӯзгор,

н. Деваштич

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube