– Дуруд ба СССР-и азиз! Мо сокинони бинои навбунёди №46, воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе (шафати беморхонаи Ёрии таъҷилӣ) аз дастрасӣ ба гармии мутаммарказ (отопление) маҳрумем. Бояд гуфт, ки ин биноро соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов бунёд карда, он ба блокҳои а, б, в, г, д, е тақсим мешавад. Тибқи қарордод бояд пешопеши фасли сармо ба хонаҳои мо гармӣ меомад, вале масъулон ва домсоз мегӯянд, ки то қисмати дуюми маҷмаа пурра сохта, ба истифода дода нашавад, гармӣ ба сокинон дода намешавад. Яъне, сокинони ин бино, ки теъдодашон дар умум аз 1000 нафар мегузарад, дар фасли зимистони пешомад гармӣ нахоҳанд гирифт.
Ҳамин ҳоло ба аксари биноҳои ҳамсоя, ки ҳамагӣ навбунёданд, гармӣ омада истодааст, ба ғайр аз бинои мо. Мо намефаҳмем, ки проблема дар чист: дар масъулони соҳаи гармидиҳии н.Шоҳмансур ё худи соҳибкор Маҳмудҷон Муродов?
Сокинони к.Айнӣ, бинои №46
– блокҳои а, б, в, г, д, ж ва е
