“Културни”

Зиндагӣ дигар мешаваду расму оин мемонад

Баъд аз хондани чанд мақола дар ҳафтаномаи СССР, ба вежа матлаби дар №41 аз 19 октябр чопшуда, ба хулосае омадам, ки фикру мушоҳидаҳои худамро нависам. Дар ҳақиқат, давлати мо, ки қадимтарин давлати Осиёи Миёна асту маданият ва фарҳанги худро дорад ва ҳар 1 гӯшаи кишварамон либоси хос ва тарзи либоспӯшӣоиҷ аст.

 

Кӯлоб

Масалан, мардуми Кӯлобзамин бо куртаи чакан, остинҳои дарозу кушод ва мардҳо бо ҷелак ва тоқии гулдузии гулҳояш калон духташуда ва кампиракон бо докаи 1 нима баста дар сар, маданияти хоси либоспӯшии худро доранд. Дар солҳои охир духтарони Хатлонзамин мувофиқи андозаи қаду қоматашон куртаю поҷомаро якранг мепӯшанд, ки онҳоро боз ҳам зебо нишон медиҳад.

 

Мастчоҳ

Тарзи либоспӯшии мардуми кӯҳистони Мастчоҳ низ хос ва диққатҷалбкунанда аст. Мардон яктаҳи дарози сафед, аз болояш рӯймоли якнимабаста ва  тоққии чоргул мепӯшанд. Бонувон куртаҳои дароз ва рӯймолҳои гирди сар баста доранд.

 

Бадахшон

Бонувон куртаи дарозиаш аз буҷулаки по боло, остини дарозу борик, тоқии аз матои гуногуни сурх дӯхташуда бо шерозӣ ва туппак, мардуми Вахон тоқии бисёр нафис мепӯшанд. Дар саҳна бо либоси махсуси ба худ хос баромад мекунанд.

 

Советӣ

Дар давраи шӯравӣ дар либоспӯшии мо баъзе тағйиротҳо дароварда шуданд, ки он хоси фарҳанги мо набуд. Масалан, пӯшидани поҷомаи бонувонро дар идораҳо бемаданиятӣ ҳисоб мекарданд, ин ба он оварда расонид, ки қисми зиёди бонувони дар идораҳо коркунанда бо мӯи сари бурида ва юбкаи аз зону боло мегаштагӣ шуданд.

 

Истиқлолият

Дар давраи истиқлолият дар либоспӯшии бонувон тағйироти ҷиддӣ пайдо шуда, тамоми куртаҳои духтаи онҳо тақлид бар арабҳои бадавӣ гардид. Ҳатто дар мактабҳо муаллимаҳо бо куртаҳои дарози аз буҷулаки по поён, рӯймолҳои бузурги печида, бо мӯди  “манашка” мегарданд. Вале духтарон дар саҳна бо куртаҳои бе остин суруд мехонанд. Тазодд аммо факт.

 

Либоси миллӣ ку?

Дар давраи шуравӣ дар Бадахшон яке аз олимони номдори ин диёр котиби якум таъин шуда, 1 навигариро дар тарзи либоспӯшии бонувон ҷорӣ кард: занҳое, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд бо поҷомаи кӯтоҳ биёоянд (културний шаванд). Ин революсияи мадании ҷорикардаи котиб бисёр норозигии бонувонро ба вуҷуд овард. Аммо чӣ илоҷ – зиндагӣ мушкил…

Дар бораи либоспӯшии бонувон журналисти мӯҳтарам Абдуқодири Абдуҷаббор бисёр хуб дар СССР навиштааст, ки  Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи либоспӯшии мардумаш фармон баровард. Аз ҳафтаномаи чопи рӯзи охир хондем, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ вазорати фарҳангро супориш додааст, ки аз рӯи фикру мулоҳизаҳои тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриамон ба хулосае омада, либоси миллӣ ҷорӣ кунад. Акнун чӣ мешуда бошад?

 

Шоҳмастон Абдулҳамидов,

ш. Ваҳдат

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube