МУШКИЛОТИ РОҲУ БЕНЗИНУ РОНАНДА ДАР ФАСЛИ ДАЙ

Аксари мо мушоҳида мекунем, ки бо сард шудани ҳаво нархи роҳкиро ҳам гарон мешаваду боиси эътирози бисёре аз мусофирон мегардад. Бепарда иқрор бояд шуд, ки гаронии нархи сузишворӣ ба фасли сол рабт надорад. Танҳо баъзе аз мусофирон ин нархҳоро ба фаслҳо ҷудо мекунанду нафарони зираку ҳушёр медонанд, ки боду ҳаво ба он алоқамандие надорад.

Вобаста ба амвзуъ, мо роҷеъ ба кам шудани маводи сӯзишворӣ аз қабили гази моеъ, ки хело ин шабу рӯз худро дефитсит кардааст, санҷиш гузаронида, нархи маводи сӯзишвориро дар 4 минтақаи кишвар таҳлил намудем.

 

Хатлон: газ ҳаст, вале гарон

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Хатлон нархи гази моеъ, ки қисмати зиёди ронандагон аз он ҳамчун маводи арзонтари сӯхт истифода мебаранд, то ба 8 сомонию 30 дирам дакка мехӯрад. Ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ мегӯянд, моҳе пештар 1 литр гази моеъ 4,5 сомонӣ буд. Аксарият соҳибони мошинҳо нақлиёташонро бо таксиҳо иваз мекунанд. Яъне аз хизматрасонии таксиҳо истифода мекунанд, ки ба назари онҳо арзонтару боэътимодтар аст.

Рустами Одил, 1 нафар ронанда, ки самти ҳаракаташ ҳамарӯза яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Вахш то маркази вилоят шаҳри Бохтарасту роҳ 10 км – ро дар бар мегирад, 6 сомонӣ роҳкиро меситонад. Ва ин дар ҳолест, ки ҳамин масофа соле пеш ҳамагӣ 4 сомониро дар бар мегирифт. Мусофирон низ шиква доранд, ки дар чунин шароит хеле мушкил аст, ки нархи роҳкиро 1,5 баробар гарон шудааст.

– Мо намедонем ба куҷо муроҷиат намоем. Бо муроҷиати танҳо ман намешавад. Хатсайрҳои дохили шаҳр ҳам боло рафтааст. Хизматрасонии таксиҳо ҳам дар дохили шаҳр гарон аст. Мо бояд ҳамагӣ пеши роҳи баландшавии нархро гирем, гуфт бо асабоният 1 нафар сокини ш. Бохтар, Матлуба Каримова.

 

Суғд: газ нест!!!

Нархи гарон дарди бахайре буд. Чанд рӯз аст, ки гази моеъ дар вилояти Суғд ноёфт шуд. Савдогарони нуқтаҳои сӯзишворӣ яке аз омилҳои камчинии газро ба мамлакатҳои содиркунандаи он нисбат медиҳанд.  Фароғат Раҳимова, 1 сокини ш. Хуҷанд, ки ҳафтаи равон меҳмони шаҳри Бохтар шуда буд, гуфт, ки аз Хуҷанд то ш. Бохтар бо маблағи 200 сомонӣ омадааст.

   – Соле пеш дар маъракае меҳмон будаму бо 170 сомонӣ то хонаи хешам расидам. Аммо имсол назар ба соли гузашта қиматтар шудааст. Маълум аст, ки нархҳо соат ба соат иваз мешудаанд. Нархи 1 литр бензини А- 92- 11.00, А- 95-12.00, А- 98-13.30, сомонӣ қурб доранд. Газ бошад аз 8.30 то 8.70 сомонӣ расидаст, – мегӯяд ӯ.

 

Дар Тоҷикистон чӣ гап?

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нархҳо дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ анқариб 1 баробар боло рафтаанд. Тибқи иттилои 1 манбаи муътамад, сабаби боло рафани нархи сузишворӣ ин қатъ шудани воридоти он аз Қазоқистону Россия аст:

-Давоми ҳафта газ умуман ворид нашудааст ва аз ин сабаб нархи он гарон боқӣ мондааст, гуфт манбаъ.

 

Нархи маводи сӯзишворӣ дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ:

Вилояти Суғд: 1 литр бензин – 11,40 сомонӣ, 1 литр гази моеъ – 7, 80 – 8,00 сомонӣ.

ВМКБ: нархи 1 литр бензини тамғаи А 95 – 12,70 сомонӣ, газ-?

Вилояти Хатлон: 1 литр бензин – 11,00 то 11, 80 сомонӣ, 1 литр газ 8, 30 то 8, 70 сомонӣ.

Шаҳри Душанбе: 1 литр бензин 11,40 то 11,80 сомонӣ, 1 литр газ 8, 40 сомонӣ.

Тавре масъулин мегӯянд, айни ҳол гуфтугузорҳо байни давлатҳо роҷеъ ба воридоти маводи сӯзишворӣ идома дорад ва нарххо рӯзҳои наздиктарин нисбатан арзон ва мувофиқи даромади ҷомеа поин хоҳанд рафт.

 

Нури Бохтарӣ,

вилояти Хатлон  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube