“Вахш” “Хатлон” шуду чемпион, не…
Тибқи баргузории Низомномаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон, дар Лигаи олии кишвар 10 даста баромад намуд. Баъди ҷамъбасти қисми дуюми мусобиқа дастаҳо аз рӯи мақоми ҷойгиршавияшон ба 2 гурӯҳ “А” ва “В” тақсим шуда, 5 дастаи гурӯҳи “А” барои соҳиб шудан ба унвони қарамонӣ ва мақомҳои ифтихорӣ, 5 дастаи гурӯҳи “В” бошад барои бозмондан дар Лигаи бартари футболи мамлакат талош карданд. Вобаста ба иштироки тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ ва ширкати бошгоҳҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, бозиҳо дар гурӯҳи “А” ҳанӯз ҳам идома доранд.
Аммо дар гурӯҳи “В” бошад он аллакай ҷамъбаст шуд ва мутаассифона барои ҷомеаи футболи ватанӣ, 2 дастаи маъруф ва таърихии футболи кишвар – “Хатлон”-и Бохтар (собиқ“Вахш-и Қӯрғонтеппа”) ва “Регар-ТадАз”-и Турсунзода ҷойҳои охирро ишғол намуда, бо Лигаи Олӣ худоҳофизӣ карданд. Дастаҳои дигари ин гурӯҳ “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва КМВА-и Душанбе бошанд, бо ҷонканиҳои зиёде 1 илоҷ карда, дар лига боқӣ монданд.
Бисёр аламовар аст, ки КФ “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, бо сабабҳои тамоман номаълум ба «Хатлон» табдили ном кард. Гӯиё вожаи Вахш, ки таърихи қадима дорад, номи бегона бошад, онро ба КФ «Хатлон» иваз карданд. Ин ҳам дарди ба хайр, вале дастаи марказиву меҳварии водии Қурғонтеппа аз Лигаи Олӣ пеш аз ҳама «парид» ва тассуфовар ин аст, ки аз роҳбарони МИҲД-и шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), ки “Хатлон” дар Чемпионати Тоҷикистон маҳз ҳамин шаҳри бостонии моро намояндагӣ мекунад, миллаи касе тоб нахӯрду набзи касе наҷунбид. Муносибат ба даста ягон зарра тағйир нахӯрд. Гӯиё ҳама «садай»! Бо ин ҳол оё футболи ватанӣ рушд мекунаду мо дар сатҳи ҷаҳонӣ бозӣ карда метавонем?
Хоки думушта, гуфти Бобои Ғулом…
Агар муносибат ба ҳамин тарзе, ки ҳаст идома ёбад ва аз ҷониби МИҲД-и шаҳри Бохтар ва Ҳукумати вилояти Хатлон ба даста таваҷҷӯҳ нашавад, боварии комил дорем, ки соле ба баъд номи “Хатлон”-и Бохтарро дар чемпионати вилоят мебинем. Яъне аз Лигаи якуми Тоҷикистон ҳам “мепарад”.
“Регар-ТадАз” аз пайи “Вахш”
КФ “Регар-ТадАз” бошад, дар тӯли 30 соли истиқлолият таҳдиди рӯирост бар ҳама клубҳои кишвар буд. Ҳатто “Истиқлол”-и чемпион ва “Равшан”-и нуқрагин низ аз ин даста ҳарос доштанд…
Тибқи маълумотҳои ба мо расида сарпарасти калидии даста КВД Ширкати филизии Тоҷик (Ширкати ТАЛКО) тамоми уҳдадориҳои молии худро дар назди даста иҷро намудаст. Сарпараст аз роҳбарон, ситоди мураббиён, бозингарон ва ҳайати хизматрасони даста қарзи молиявӣ надорад. Аммо футбол кори дастҷамъона аст ва КФ “Регар-ТадАз” дар мусобиқаҳои дохиливу берунӣ, бевосита шаҳри Турсунзодаро намояндагӣ мекунад. Зимнан сарпарастро лозим аст, ки инфрасохтори дастаро иваз кунад. Мутаассуф, то имрӯз сарпарасти кулл барои замонависозии инфрасохтори бошгоҳ хасеро болои хасе нагузоштааст ва ба гумонам дар оянда низ ҳамин амали “солеҳашро” идома доданист.
Ҳоло бошад, дар паи иҷрои бечунучарои Протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2023 аз ҷониби роҳбарияти КВД “Ширкати филизии Тоҷик” гурӯҳи таъҷилии корӣ созмон дода шуда, барои рафъи камбудиҳо, махсусан бо рӯшноӣ таъмин кардани варзишгоҳ ва шабона баргузор кардани бозиҳо чораву тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати бевоситаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир қарор дорад.
Шералӣ Кабир бояд ҳамаи камбудиву норасоиҳои дар ҷаласаи болозикр баёншударо ислоҳ созад. Дар оянда ба дастаи “Регар-ТадАз” масъулин чӣ гуна бархӯрд мекунанд, мо пайгир мемонем. Мо метавонем!
“Хуҷанд” дар марзи маҳв
КФ “Хуҷанд”, маъруфтарин дастаи Тоҷикистон, албатта баъди “Истиқлол” ва “Равшан”, ки мухлисони зиёд ва таърихи ифтихории қадима дорад, имсол танҳо бо амри тасодуф ва 1 голи тасодумӣ барои “Регар-ТадАз”, аз Лигаи Олӣ напарид. Гуфта мешавад, чӣ гуна шуда, ки клуби марказии бузургтарин ва саноатитарин вилояти Тоҷикистон дар марзи фано қарор гирифт?
Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи маълумоти дар ҷаласаи болозикр пешниҳод кардаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода буҷаи “Хуҷанд” бештар аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Чӣ гуна шуда, ки “Хуҷанд” бо буҷаи ҳангуфти 5 миллиона дар поёни ҷадвали мусобиқа барои мондан даступочак мезанад ва қариб, ки аз лига берун шавад? Ё чаро клубҳо бо буҷҷаи хеле кам барои ҷойҳои пешсаф мубориза мекунанду Хуҷанди “бойбачча” барои зист дар охири ҷадвал пархош дорад? Ин ҷо чӣ сиррест? Ва ин ҳама дар ҳоле, ки гуфта мешавад, аз буҷҷаи вилоят ҳудуди 30-44 миллион сомонӣ барои рушди футбол ҷудо шудааст. Суоли матраҳ ин аст, ин пуле, ки бо он метавон ҳатто дар дилхоҳ Лигаи Аврупо бозид, оё ба буҷҷаи клубҳо расидааст ё на?
Бо 1 ҳарф дар Хуҷанд корҳое мегузаранд, ки атрофаш бояд кор бурд. Дастае, ки бо 5 млн сомонӣ барои бозмондан дар лига ҷонканӣ мекунад, маълум аст, ки иллати дигаре дорад ва бояд паи ислоҳи он шуд…
“Кӯктош”-и Рӯдакӣ
Ва ахиран мавзуи дигареро гуфтанием, ки сари он бояд раиси ноҳияи Рӯдакӣ андеша кунад. Зеро ӯ низ дар ҷаласаи изтирории роҳбари футболи мамлакат иштирок дошт ва бо гӯши худ шунид, ки МИҲД-ҳои Хуҷанду Хатлон, роҳбарони ТАЛКО ва Вазорати мудофиа барои дастаҳояшон миллионҳо сомонӣ ҷудо намуданду дастаҳошон дар ҳоли афтишу паришу ғалтишу лағжиш қарор доранд, аммо раиси муҳтарами ноҳияи Рӯдакӣ дар соли ҷорӣ ҳамагӣ барои дастаи “Кӯктош” бештар аз 300 ҳазор сомонӣ ҷудо кард, ки 60 ҳазори он барои пардохти аъзоҳақӣ сарф гашта, 240 ҳазори боқимонда ба даста расидаст.
“Кӯктош” ҳоло дар мақоми сеюми ҷадвали мусобиқа қарор дорад ва ҳолдонҳо мегӯянд, ки вобаста ба мушкилоти молӣ дар 2 бозии охир мағлуб шуд, вагарна дар мақоми нуқрагин мебуд. МИҲД–и ноҳияи Рӯдакӣ бояд барои нигаҳдошт ва пурқувват кардани даста чораву тадбирҳои амалӣ биандешад. Аммо агар ҳамин муносибатеро, ки то имрӯз ба футбол дорад, идома додан бигирад, баъди 1 сол дар ноҳия на футбол мемонаду на варзишгоҳу на дастаи “Кӯктош”…
Мавзуъро пайгирӣ мекунем. Мо Метавонем!!!
Нуралӣ Хоркашев,
хабарнигори варзишӣ, масъули ФФТ
